logo

ҳуқуқ

ПУРСИШУ ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо Айналишоев, муовини сардори   Раёсати адлияи ВМКБ, Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ҷавоб доданд.
 Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Агар меросгузор васиятнома  нагузошта бошад, мерос ба кӣ мерасад?
Гулхотун Мамадпаноева,
 сокини ноҳияи Шуғнон

-   Дар ҳоле ки меросгузор васиятнома намегузорад, пас  мерос мутобиқи қонун қабул карда мешавад. Кодекси  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  моддаҳои 1166 - 1168 навбати ворисонро муқаррар намудааст. Ворисони навбати аввал  амволи шахси  вафоткардаро ба ҳиссаи баробар ба мерос қабул менамоянд.  Ворисони навбати дуюм ва сеюм  ё  танҳо дуюм он вақт  ба қабули мерос  ҷалб карда мешаванд, ки агар   ягон вориси  навбати аввал  вуҷуд надошта бошад.

 

- Манзили истиқоматии аз модарам меросмондаро келинамон бо роҳи ба гумроҳӣ бурдани мақомоти дахлдор ба номи худаш ба расмият даровардааст. Барои барқарор кардани ҳуқуқҳои вайронгардида ба суд бо даъво муроҷиат намудам. Рафторҳои судяро дида, ба беғаразиаш шубҳа карда истодаам. Оё ҳуқуқ дорам, ки ба дигар судя муроҷиат намоям?
 Шарофат,
 сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Судя мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта, барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи далелҳо, муқаррар кардани ҳолатҳои воқеӣ шароит фароҳам меорад. Вале агар судя шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошад ё дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии ӯро зери шубҳа мегузоранд, ин асос барои рад кардани судя ва дур кардани ӯ аз баррасии парванда шуда метавонад.  Барои рад кардани судя то оғози моҳиятан баррасӣ намудани парванда аризаи асоснок пешниҳод кардан мумкин аст. Баъди оғози моҳиятан баррасӣ кардани парванда низ пешниҳоди раддия иҷозат дода мешавад.

 

- Дар ширкате фаъолияти меҳнатӣ дорам.  Роҳбари корхона, ҳарчанд медонад, ки кӯдакам ҳанӯз яксола нашудааст,  мехоҳад маро дар қатори дигар кормандони шуъба ба сафари хизматии 3-рӯза фиристад. Оё инро қонунгузор иҷозат медиҳад?
Рухшона аз шаҳри Хуҷанд

- Қонунгузории амалкунандаи меҳнат ба сафари хизматӣ фиристодани занҳои ҳомила ва ё заноне, ки тифли то сесола доранд, иҷозат намедиҳад.  Аз ин рӯ, роҳбари корхона ҳуқуқ надорад, ки шуморо ба сафари хизматӣ фиристад.

Шуъбаи ҳуқуқи
рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 642
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед