logo

фарҳанг

АЗ ОСТОНАИ САҲНА ТО БА АРШИ СИНАМО

Ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов нақшҳои дар синамо офаридааш шуҳрати зиёд овардаанд. Дар ин нақшҳо, ки барои аксари мардуми кӯҳсори кишварамон тавассути телевизион ва дастгоҳҳои сайёри кино дастрастар буданд, ҳунару маҳорати касбии ӯ бештар инъикос ёфтааст.
Нахустин филми дар он нақш офаридаи Ҳ. Абдураззоқов «Одам пӯсташро иваз мекунад» мебошад. Филм соли 1959 ба навор гирифта шудааст. Ӯ дар ин давра дар Донишгоҳи санъати театрии шаҳри Москва – ГИТИС таҳсили илм менамуд. Дар филм ӯ нақши коммунисти матиниродаро иҷро менамояд. Лаҳзаи мушкилоти бо Саид Ӯртабоев рухдода огаҳӣ пайдо намуданаш ва шахсан ба дифои рафиқаш бархостанаш хеле табиӣ ва аз лиҳози ҳирфавӣ хуб баромадааст. Дар ин лаҳза ӯ худро ором нигоҳ дошта, бо далелу бурҳон сухан меронад. Андешаҳои худро ошкоро баён мекунад, ба муқобили рақибони Ӯртабоев бо қатъият ва оромӣ истодагарӣ менамояд. Аз тарзи суханронӣ, ҳаракот ва нигоҳҳояш маълум мегардад, ки ӯ дорои таҷрибаи комили ҳаётӣ ва роҳбарӣ мебошад. Ин аст, ки дастгирии ӯ барои кушодани бисёр чигилҳои сарбастаи тақдири Саид кумак мерасонад.    
Яке аз нақшҳои машҳури Ҳ. Абдураззоқов дар синамо образи Бадриддин аз филми «Марги судхӯр» - и  И. Луковский ва Т. Собиров (аз рӯйи асари С. Айнӣ) мебошад.
Маҳз муваффақияти филми «Марги судхӯр» ҳусни таваҷҷуҳи синамогаронро ба  Ҳабибулло Абдураззоқов ҷалб намуд. Режиссёр Тоҳир Собиров соли 1967 ҳунарварро барои иҷрои нақши Асад Махсум дар филми «Хиёнат» даъват намуд. Дар филм рӯзҳои нахустини инқилобӣ инъикос ёфтаанд.
Қумандони дастаи инқилобчиёни сурх Асад Махсум дар ҷабҳаҳои инқилобӣ  мардонавор ҷангида, бо шуҷоату далериаш миёни аскарон шуҳрат пайдо менамояд.
Филми «Хиёнат» дар рӯзҳои даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав намоиш дода шуд. Тамошобинони кинотеатри «Русия» барои беҳтарин ҳунарманди синамо интихоб шудани Ҳ. Абдураззоқов дар соли 1976 овоз доданд. Ҳамон сол ҳунарманд барои офаридани нақши Асад Махсум дар Кинофестивали Киев беҳтарин иҷрокунандаи нақши мард ҳисобида шуд.
Образи Баҳроми Чӯбина дар филми «Достони Сиёвуш» офаридаи Абдураззоқов аз самимияти эҳсосоти инсонӣ гарм буда, бо шеърияти волояш касро мафтун месозад.
Ҳар нақш ба худ муносибати ҷудогонаро талаб менамояд. Як нақш ба осонӣ даст диҳад, барои иҷрои дигаре ҷустуҷӯ ва такопӯи зиёди эҷодӣ лозим меояд. Иброҳимбек аз қабили ҳамин гуна нақшҳо мебошад. Филми «Муҳосира» - и Марат Орифов бо нигоҳи нав ба воқеоти инқилобии оғози садаи бист диққати мухлисони синаморо ба худ кашид. Муваффақияти асар аз бисёр ҷиҳат ба иҷрокунандаи нақши Иброҳимбек – Ҳабибулло Абдураззоқов вобаста аст. «Ба иҷрои нақши Иброҳимбек ман хеле ҷиддӣ ва тӯлонӣ тайёрӣ дидам, - иброз медорад ҳунарманд. – Дар бештари асарҳои адабӣ ва филмҳо ӯ хеле якранг, чун инсони ҷоҳил ва бешафқат нишон дода шудааст. Ман кӯшиш намудам, ки дар табиати ӯ хислатҳои накуро дарёфт намуда, сабаби ваҳшонияти ба одамон раводидааш ва ҳисси бадбиниашро нисбат ба ҳокимияти нав дониста гирам. Ҳамин тавр, ба хулосае омадам, ки Иброҳимбек инсони бомаърифату донишманд аст ва бояд ӯро ҳамин гуна: душмани доно ва пухтакор бозӣ кард».  Иброҳимбек ҳамин сон рӯи навор омада, ҳамин тавр дар хотири тамошобинон нақш баст.
Барои ҳунарманд ба навор гирифтани филми телевизионии «Чор нафар аз Чорсанг» зинаи камолот ва мактаби ҷудогонаи маҳорат гашт. Дар филми мазкур Ҳабибулло Абдураззоқов (Ҳайдар) дар қатори К. Юлдошев (Наим), Ғолиб Исломов (Давлат) ва Гулсара Абдуллоева (Гулшан) ҳунарнамоӣ намуд. Ҳар кадоми ин ҳунармандон барои ифшои хислати табиати қаҳрамони хеш обурангҳои ба онҳо хосро дарёфт намудаанд. Онҳо  аз ҳаёти чор нафар ҳикоят намуда, дар мисоли тақдири хеш зинаҳои гуногуни тараққии ҷомеаро зери таҳлили ҷиддӣ қарор медиҳанд. Дар ду қисм тамошобинон шоҳиди он мегарданд, ки чӣ тавр қаҳрамонон ҳамвора бо дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварашон дигаргун шуда, аз ҷиҳати равонӣ обутоб меёбанд. 
Нақшҳои дар синамо офаридаи ҳунарманд ба ӯ аз як ҷиҳат маҳбубияти мардумро арзонӣ дошта бошад, аз ҷиҳати дигар маҳорати касбиашро сайқал дод. Бо ҳунармандону коргардонҳои гуногун кору фаъолият намуда аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхт. Синамо ба Ҳабибулло Абдураззоқов имкони амалӣ намудани орзую омоли зиёди бозигариашро, ки дар театр надошт, дод.

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 417

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед