logo

сиёсат

ҶАЛБИ САРМОЯИ БЕШТАР ТАЪСИРИ БУҲРОНРО КАМ МЕКУНАД

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури кам кардани таъсири буҳрони молиявӣ барномаи вижаеро рӯи даст гирифтааст, ки он дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ-бонкҳои ҷаҳонӣ дарёфти қарзҳои камфоиз ва ҷалби сармояи бештар ба иқтисоди кишварро пешбинӣ кардааст.
Ин матлабро Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ баён намуда, изҳор дошт, ки дар пайи буҳрони молиявии соли 2008 низ ин таҷриба истифода шуда, таъсири манфии он пешгирӣ гардида буд. Дар шароити феълӣ, барои кам кардани таъсири мониторӣ ба бонкҳои ҷумҳурӣ имзои созишномаи «СВОП» байни Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин низ муҳим арзёбӣ шуд. Зеро тавассути татбиқи ин созишнома соҳибкорони тоҷик бо табодули сомонӣ ба юан аз Чин мол ворид мекунанд, ки он метавонад қимати доллари ИМА  дар бозори асъори кишварро муътадил нигоҳ дорад.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ соли 2015 шаш тадқиқоти сотсиологӣ анҷом дода, бо марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро идома додааст.
Зимнан, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар посух ба пурсиши хабарнигорон даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон дар  Конфронси «Ваҳдати исломӣ» аз сӯи Эронро рафтори хасмона хонд. Худобердӣ Холиқназар гуфт, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои бозаш бо тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон муносиботи ҳасана дорад, вале чунин бархӯрд аз тарафи як кишвари дӯсту ҳамзабон қобили қабул нест.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 312

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед