logo

сиёсат

ЭКОЛОГИЯ. БИЁЕД САРЗАМИНИ ХУДРО ЭҲТИЁТ КУНЕМ

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 сол муқаддам гуфта буданд, ки Тоҷикистон - кишвари ҳамаи мову шумо якто ва беҳамтост, он Ватани гузаштагон, имрӯзиён ва ояндагони мост. Биёед сарзамини худро эҳтиёт кунем, ҳар дарахт, ҳар гиёҳу бутта ва ҳар ваҷаб хоки он бояд барои мо азиз бошад.

22 сентябри соли 2010 Президенти мамлакат дар шаҳри Ню - Йорки ИМА дар машварати сатҳи баланди Маҷмааи умумии СММ оид ба соли байналмилалии гуногунии биологӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки кӯҳистони Тоҷикистон дорои ганҷинаи бойи генофонди гуногуннавъи биологӣ мебошад. Дар асоси ин захираю имконот навъҳои нави селексионӣ ва зотҳои навро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Дар бисёр марказҳои ҷаҳонии коллексионии захираҳои генетикӣ намунаҳои навъҳои генетикие маҳфузанд, ки дар кишвари мо ёфт шудаанд. Сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурди Тоҷикистон олами ҳайвонот ва набототи он тақрибан ду дарсади захираҳои ҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон санадҳои бунёдӣ - Стратегияи миллӣ ва Нақши амалиёти марбут ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ, ҳуҷҷати сиғавии миллӣ оид ба бехатарии биологӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ» таҳия ва қабул гардиданд. Ҳоло дар кишвар Маркази миллии нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ фаъолият дошта, он якҷо бо дигар ниҳодҳои дахлдор ба ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба татбиқи амалии Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амалиёт мусоидат менамояд. Бо саъю талошҳои Пешвои миллат, ки ба беҳдошти вазъи экологии мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшаванда, нигоҳдории захираҳои генетикӣ ва умуман гуногуннавъии биологӣ равона гардидаанд, имкон фароҳам омад, ки талафоти гуногуннавъии биологӣ пешгирӣ ва саршумори навъҳои нодири ҳайвонот, назири оҳуи қашқа, ҷайрон ва бабри барфӣ барқарор гардад.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфтани даъвату ташаббусҳои Президенти кишвар обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт. Моҳи октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 56-уми СММ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2003 - Соли байналмилалии оби тоза якдилона дастгирӣ ёфт. 18 - уми марти соли 2003 дар шаҳри Киотои Япония анҷумани сеюми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об ва захираҳои обӣ барпо гардид. Президенти мамлакат дар он иштирок ва суханронӣ намуд. Аз 28-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба мушкилоти оби тоза баргузор гардид. Дар он ҳайати намояндагии 53 давлат, 91 созмони байналмилалӣ, 11 муассисаи махсуси СММ, коршиносон ва олимон иштирок доштанд. Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки аз соли 2005 то соли 2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад. Иштирокчиёни анҷуман ин пешниҳодро якдилона пазируфтанд.
8 - 10 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе доир гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» бо ҳузури намояндагони 192 давлати ҷаҳон, 60 созмони байналмилалӣ ва коршиносон аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Баъдан, 20 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор шуд. Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси мазкур доир ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об андешаҳои ҷолиб баён намуд.
Мувофиқи маълумоти дастрас ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 7 миллион нафар ба оби тозаи нӯшиданӣ ва 2,5 миллиард ба шароити кофии беҳдоштӣ дастрасӣ надорад ва тақрибан 1 миллиарду 300 миллион бо неруи барқ таъмин нестанд. Офатҳои табиии марбута ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаи зиндагии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион нафар таҳдид мекунад. Шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 ба зиёда аз 9 миллиард нафар расида, ба афзудани истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки бар асари таъсири тағйири иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии сайёра ба мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ гардад. Чунин вазъи экологиро ба назар гирифта, Пешвои миллати Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи форуми 7 - уми ҷаҳонии об ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нави Тоҷикистонро дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон намуд. Пешниҳод кард, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад. Дар робита ба масоили ҳалталаби обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд».
Дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйири иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйири иқлим бо дар назар гирифтани имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ саҳми назарраси худро хоҳад гузошт.

 Акобир КАРИМОВ,
декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
дотсент,
Мирзомурод САИДОВ,
сардори Маркази илмӣ - тадқиқотӣ
ва маърифати экологии ДМТ,
дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 615

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед