logo

сиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

11 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба тозагӣ таъйиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, Расулзода Дилшод Ҷабборӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъйин гардид.
Арбобзода Қодир Нодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод таъйин шуд.
Нозирӣ Зариф Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъйин гардида, Маннонзода Абдусамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуд.
Салимзода Комил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъйин шуда, Ҳакимзода Сангимуроди Дӯстмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод гашт.
Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин гардид ва Таваккалзода Абдуҷон Шариф бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод шуд.
Раҷабзода Салоҳиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон таъйин шуда, Хуҷамурод Фазлиддин бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод гардид.
Зарифзода Почохон Ҳабибулло иҷро-кунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таъйин гардида, Икромзода Амирхон аз ин вазифа бо сабаби расидан ба синни нафақа озод шуд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ амалӣ шуд.
Розиқзода  Хуршед раиси суди ноҳияи Рашт, Усмонзода Шоғуфрон муовини якуми раиси суди ВМКБ, Бурҳониён Маъруфҷон муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Садриддинзода Насрулло муовини раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Олимзода Улфат Розиқ судяи суди вилояти Хатлон, Одинаев Ҳусайн Нуруллоевич судяи суди иқтисодии ВМКБ, Холиқзода Абдуҳаким Абдуваҳоб судяи суди ноҳияи Рашт ва Бадалзода Маҳмуд Муҳаммадалӣ судяи суди ноҳияи Ҷиргатол таъйин гардиданд.
Наботов Ҷумъахон, ки то ин вақт сар-муҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» буд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратчии калон - сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гашт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Назирӣ Латофат Қаҳор муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои навсозии роҳҳо таъйин шуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра тағйироти дигари кадрӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти прокуратураю корҳои дохилӣ ба амал баромад.
Асозода  Дороб Абдусалом прокурори ВМКБ, Додоҷонов Умедҷон Муидинович сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Аваззода Шараф Тавар сардори раёсати амнияти дохилии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардида, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Зафарободи вилояти Суғд ва Фархори вилояти Хатлон иваз карда шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 1084

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед