logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ҶОЙГОҲИ Ӯ ДАР ОЛАМИ ИСЛОМ

Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Арабистони Саудӣ, ки дар оғози соли нави мелодӣ иттифоқ афтод, бисёр судманду пурбаракат ва фоли нек аст. Мо, тавассути шабакаҳои телевизионӣ дидем, ки мардуми ин сарзамин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва ҳайати ҳамроҳонашро бо самимияти хос истиқбол карданд.

Лаҳзаи тамошои гузоришҳои телевизионӣ аз ҷараёни ин сафар маро ҳисси баланди ифтихор фаро гирифт. Ифтихор аз он доштам, ки ҷаҳони ислом дар мисоли ин кишвари бонуфузи арабӣ ба Пешвои миллати тоҷик ҷойгоҳи шоистаеро қоил аст. Зеро обрӯву нуфузи ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори башардӯст, на танҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба як шахс, балки ба Тоҷикистону миллати тоҷик низ хоҳад буд. Ҷойи баҳс нест, ки эътибори Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ, бахусус, олами ислом дар пайи хидматҳои таърихии Пешвои миллат шинохта шудааст.
Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар шароити ҳассос, бо пуштибони аз дини мубини Ислом садо баланд карда, исломситезиро маҳкум ва терроризму экстремизмро ба он бегона хондааст. Ин аст, ки ӯ ду маротиба ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузи олам шомил гардид, ки боиси сарфарозии тоҷикони рӯи олам аст. Президенти маҳбуби мо, ҳанӯз чанд сол қабл бо мақсади огоҳии комили мардум аз исломи ҳақиқӣ ва шинохти аҳкоми ин дини инсонгаро ба тарҷума, таҳия ва нашри "Қуръон" - и карим бо забони тоҷикӣ иқдом кард, басо судманд буд. Инак, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат сохтмони бузургтарин масҷид дар дили Тоҷикистони азиз, шаҳри Душанбе, ки дар кишварҳои минтақа беназир аст, идома дорад.
Ташрифи ӯро ба шаҳрҳои Маккаву Мадина бо рағбати зиёд пайгирӣ намудем. Ба Каъбатуллоҳ ворид гаштан, адои ду ракъат намоз ва дуо дар ҳаққи кулли мардуми тоҷик аз ҷониби Сарвари давлат маро дар ҳолати хоси равонӣ қарор дода, ба ваҷд овард. Хушҳол шудам ва худро лаҳзае ҳамсафари Ҷаноби Олӣ пиндоштам. Зиёрати оромгоҳи Пайғамбар Муҳаммад (с) саҳнаи дигари имону эътиқод буд.
Дар маҷмӯъ, иҷрои маносики ҳаҷи умра ва зиёрати оромгоҳи Паёмбари ислом, ки аз ҷониби Пешвои миллат анҷом шуд, инчунин дидору мулоқоти судманд бо мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ ва имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки ба рушди муносиботи ҳасанаи ду кишвар такони нав хоҳад бахшид, фоли нек аст.
 Шарофи АКОБИР, нафақахӯр,
сокини ноҳияи Файзобод 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 562

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед