logo

фарҳанг

ПОЁНИ ШАБИ ЯЛДО

Шаби Ялдо шаби вопасин ва дарозтарини моҳи Озар (шаби 30-юми он ва рӯзи якуми моҳи дай буда, тақрибан ба шаби 22 – субҳи 23 -юми декабри солшумории милодӣ рост меояд, ки онро ниёгони мо чун шаби милоди Меҳр (Митра) басо бошукӯҳу тантана истиқбол мегирифтанд. Мо порае аз романи таърихии “Камбуҷия” - и Бароти Абдураҳмонро пешкаши хонандагони арҷманд менамоем.

Нимашаб Атусо ҳаросида бедор шуд ва манзараи хоби дидааш чун саргузашти рӯъёие то дергоҳ аз пеши назараш дур намерафт. Хобе дид даҳшатноку рамуздор ва асроре дар ниҳодаш нуҳуфта. Гӯё падараш бо пероҳани оҳарӣ, андоми нуронии ошуфта, мӯи анбӯҳи парешону риши  начандон кӯтоҳи ҷингила аз дахмааш берун омада, хавотиромез ба гирду гӯшаи оромгоҳаш менигаристу шояд каси барояш азизеро меҷуст. Нигоҳи изтироболудааш  ба пайкари дуртар аз оромгоҳ дар саҳни сутунҳои кохи баланд хобидае дармонду Куруш аз пеши Атусо сабуку дартоз гузашта, худро ба болои ҷасади орамида расонид. Ӯ ба рӯи ҷасад хам шуда сару рӯяшро палмосиду фиғони талху ҷонгудозе аз гулӯяш раҳида, Атусои бе ин ҳам парешонро ҳайрону ошуфтатар  кард.
Атусо беихтиёр пеш рафта ҷасади беҷони бародараш Камбуҷияро шинохт, ки манаҳаш овезону чашмони сарду берӯҳаш кушода буданд. Куруш тани якқаду карахтгаштаи фарзандашро бардошта, осемасар аз пешорӯи Атусо гузашту сӯи оромгоҳаш раҳсипор гашт. Нигоҳи бегонавори моломоли ҳузну андуҳаш ба рӯи духтараш лаҳзае дармонд ва сипас сӯи тахти холиву бесоҳиби миёни кохи фароху барҳаво ҳасратомез нигариста, пайкари Камбуҷия болои дастон бе ягон ҳарфу сухан дар оғӯши оромгоҳаш нопадид гашт...     
Атусо дар ин шаби дарозу ҳузнангези ялдо аз асари хоби ногувори рӯъйӣ андаруни бистараш аз паҳлу ба паҳлу мегашту дилаш аз фикру андешаҳои азиятовари бемории узлатнишинӣ ва лашкаркашии нобасомону бебарори Камбуҷия танг мешуд. Ҳавои берун сарду абролуд буда, аз равзанаи нимторик боридани якмароми барф метофт ва фиғони шамоли сарди зимистон ба гӯшаш чун нулаи гурги гуруснае мерасид. Овозаҳои нохуши канораҷӯиву узлатнишинӣ ва одамгурезии Камбуҷия, ки  борҳо аз кӯчаву бозор бо обу ранги аҷиб мешунид, моҳҳои охир сабру қарорашро рабуда, намедонист ба ростии онҳо бовар кунад ё на.
Ӯ ним сол пеш, лаҳзае, ки аз дастёри саркоҳин овозаи кишваркушоии пурфоҷиаву бебарори Камбуҷияро шунид, дарҳол пироҳани нимдоштеро пӯшидаву рӯймоли калонеро ба сар афканда, роҳи бозору растаи савдогаронро пеш гирифт. Атусо чун харидор дар миёни растаҳои бозори Пасаргод  шитоб накарда чарх мезаду мехост аз воқеияти ин рози шунидааш огоҳ гардад. Дар кӯчаву бозор нигоҳҳои эҳтиёткорона ва рамуздор афзуда, мардуми авому косибпеша аз хушлибосону ҳомиёни доду ситад канораҷӯӣ менамуданд ва дар лаҳзаҳои муносиб миёни ҳамдигар розеро гӯшакӣ мекарданд.
Он рӯз Атусо ҳангоми бозгашт аз растаи ҳунармандон мегузашт, ки ғавғое бо гирифтани номи шоҳаншоҳ ва сипаҳсолораш Ариадн ба гӯшаш расид ва худро ба пушти дастаи ҳангомаҷӯён расонида, ҳушу ёдашро ба нидои моломоли дарду ҳасрати оҳангари пир дод.
- Дар ин дунё адолату ростӣ намондааст! - путкашро болои сар афшонда бо хашму ситез сӯи саррофи судхӯр ва солори бозори шаҳр таҳдид мекард оҳангар. - Охир ман ҳунарманди озодам ва гарави дукону андози солонаамро ба кишвардори шоҳаншоҳу намояндаи Ариадни соҳибмаснад пурра супоридаам.
- Ман ба Ариадни гирифтори зиндони шоҳаншоҳ коре надорам! - худро ба пушти бозорсолор кашида густохона дӯғ мезад саррофи судхӯр. - Ба ту чанд бор фаҳмонам, ки ин дукон ба ҷои воми соҳибаш шаш моҳ боз дороии ман шудааст. Агар воми гарави дуконро дода натавонӣ, писари хурдиатро ба ҷояш мегираму  растаи бандафурӯшон мебарам.            
Писараки наврас, ки бо дами оҳангарӣ лахчаҳои нимсӯхтаро бод медод, аз ин суханон барошуфта ба паҳлуи падараш омад. Нигоҳи писарак моломоли кинаву ғазаб буд ва ангуштони дудахӯрдаву кафи дастони обиладораш беихтиёр меларзиданд. 
- Ман ҳеҷ куҷо намеравам! - кафи дастонашро ба пешдомани чармини ҷо-ҷо сӯхтаву сӯрох пок карда, довталабона гоме ба пеш ниҳод писарак. - Мо аз касе вомдор нестем! Бирав вомҳоятро аз соҳиби пешинаи дукон Ариадн биситон! 
- Ту, писарак, густоху тундсухан  метобӣ! - бо заҳрханди судҷӯёна саропои писаракро палмосид сарроф ва аз бағалаш лавҳаи навиштаҷоти чарминеро берун овард. - Мана ин фармони кишвардору додгустари шаҳр аст. Дукони шумо чун гарави воми бознагашта дороии  ман шуд.    
- Моро чи суд, ки  дукон моли шумост ё Ариадн, - ҳама неруи ниҳодашро ғундошта хашмашро фурӯ нишондан мехост писарак.  – Пас аз Наврӯзу фарорасии Соли нав биёву андози сарона ва гарави дуконатро биситон!       
- Э-ҳа, то Наврӯз кӣ зиндаву кӣ мурда! - чин ба ҷабин афканда  дилпурона бонг зад сарроф. - Баҳонаҷӯӣ накарда дуконро тиҳӣ кунеду воми маро пардозед! Вагарна ба ҷои вом туро баста ба бозори бандафурӯшӣ мебарам!
- Ростиву дурустӣ куҷо шуд, ай мардум?! - путкашро такон дода фиғон мекашид оҳангар. - Ду писари калонамро бо дастури шоҳаншоҳ ба набарди Миср бурданд. Акнун ин саррофи худоношинос писари хурдиамро гирифта, ба бозори бандафурӯшон мефиристад... Охир, ман дар ин дукон бист сол боз оҳангарам! Барои сипоҳи Курушу Камбуҷия садҳо шамшеру сипару найзаҳои ройгон сохтаам!.
Сафи ҳангомаҷӯён дар саҳни дукони оҳангарӣ меафзуд. Дили Атусо ба ҳоли оҳангари пир месӯхт, аммо дар пешорӯи саррофи судхӯру бозорсолори шаҳр худро нотавон медид. Бо имои бозорсолор посбонон путкро аз дасти оҳангар гирифтанд ва ӯро аз даҳлези дуконаш тела дода берун оварданд. Писараки хашмзада ба посбони таҳамтане дарафтод, аммо ҳамсафонаш дасти навраси бебокро тоб дода,  бо тасмаи чармине бастанд ва кашолакунон азми бурдан намуданд.
Баногоҳ аз миёни мардум  ҷавонмарди хушлибоси мисрие берун омада, посбононро боздошт ва саррофро ба гӯшае бурда,  ҳамёнашро кушод. Чашмони обрави сарроф аз дидани зари даруни ҳамён нур гирифт ва лабханди итоаткоронае дар симояш падид омада, сӯи соҳиби он оҷизона сар фуруд овард. Ҷавонмард баъди пардохтани қарз калиди дуконро аз дасти посбонон гирифта, ба оҳангар доду тарафи судхӯр хитоб намуд:
- Гарави дусолаи дуконатро пардохтам. Нахуст Яздони поку сипас мардуми бозор гувоҳ аст! Бираву то ду соли дигар поятро ба ин дукон магузор!                     
- Сипосгузорам, Бузургворо! Вом гаравмондаи  Офаридгор аст, агар бубахшӣ ё гузашт кунӣ, хонавайрон мешавӣ! Бигузор оҳангару писараш чун пештара кор кунанду рӯзу рӯзгорашонро бубаранд!..
Саррофи судхӯр бо ризоияту мамнунӣ сиккаҳои тиллоро ба бағал андохту якеашро ба кафи бозорсолор ниҳода аз миёни мардум берун рафт. Посбонон низ ночор дасти писараки ошуфтаҳолро кушоданд. Ӯ дар пеши пои ҷавонмарди мисрӣ ба зону зада, дастонашро мебӯсиду аз чашмонаш беихтиёр ашк шорида, рухсораҳои ғуборандудаашро мешуст. Оҳангари пир низ лолу ҳайрон монда, намедонист эҳсоси сипосгузориашро ба ин ҷавони хайрхоҳ чӣ гуна баён намояд. Дертар маълум гардид, ки яке аз писарони оҳангар ҷони ин савдогари мисриро дар Мемфис наҷот дода, ҳангоми сафараш ба Пасаргод барои падари оҳангараш каме сарвату паёми шодбош фиристодааст.
Чанд тан дукондори ҳамсоя аз зери оринҷи оҳангари пир дошта, ӯро ба дуконаш дароварданд. Атусо оҳи сабуке кашида, бо ҷавонмард ҳамсуҳбат шуд. Савдогари мисрӣ аз пурсишҳои рамуздору густохонаи роҳибаи бебок ҳаросида, серкориашро баҳона оварду аз назди ӯ бошитоб дур шуд. Атусо ночор сарбанди роҳибиашро хавотиромез пеш кашида, сӯи бошишгоҳи наваш, ки дар гӯшаи боғ ҷойгир буд, раҳсипор гашт. Ӯ ҳангомаи аз пуштибонии савдогари мисрӣ раҳидани оҳангару писарашро ба чандин коҳини ошно ҳикоят карда, чашмдор буд, ки гапи тозаеро аз боби лашкаркашии бебарори Камбуҷия шунавад. Аммо коҳинони оташкада низ камҳарфу дамдузд шуда намехостанд, ки аз забонашон ҳарфи норавое берун ояд. Атусо ҳатто аз суҳбатҳои эҳтиёткоронаву нигоҳи орому зоҳиран бериёи саркоҳини маъбад, ки ӯро чун духтараш дӯст медошт, асрореро дарнаёфта ҷасорати пурсидани фарҷоми лашкаркашии Камбуҷияро намекард.         
Шаби тӯлонии ялдо аз чӣ бошад ҳангомаҳои гузаштаро пас аз хоби  рӯъёии ногувор дар ёди Атусо зинда мекарду ғубори тираи субҳи козиб ноаён аз равзана метаровид. Атусо аз ғояти андешаҳои парешону бехобӣ ночор бархеста пероҳани ибодаташро пӯшиду рӯймоли калони пашминашро ба китф афканда, дар нимторикии субҳ азми ба оташкада рафтан намуд.
Ҳавои берун ҳамоно сарду осмон тира буд ва резабарф беист меборид. Рӯи боми хонаҳо ва кӯчаҳои сангфаршро қабати ғафси барф пӯшонида, нафаси сарди зимистон ба тани Атусо ларзаи ногуворе мефиканд. Аз кӯчаҳои сангфарши Пасаргод садои тақартуқури гардунаҳо ба гӯш расида, одамони саҳархез ягон-ягон сӯи бозору корвонсаройҳо мешитофтанд. Шаҳри хуфта дар ин сапедадами шаби тӯлонии ялдо бедор мешуду бонги савдогарону нидои мардикорон ва нолиши ҳасратомези гадоёни остони корвонсаройҳо бо навои чархи гардунаҳо омехта  як оҳанги дурушту ҳангомахези зиндагиро менавохт.                  
Оташкадаи шафати дахмаи Куруш дар ин субҳи бармаҳал ҳанӯз холию беодам буд. Атусо аз пешгоҳи оташкада  сӯи чортоқи ибодат раҳсипор гашта, омодаи ниёиш мешуд, ки пирамардеро дид пушт ба такяи сутун дода, дар партави оташи муқаддас оҷизона нолиш мекунад. Атусо пиндошт, ки атарвони дахма мисли ӯ бехобӣ кашида, аз азияти шабзиндадорӣ шиква дорад. Ӯ пештар рафта, дар рӯшании оташ пирамарди нимаҷонеро дид, ки  мӯйҳои сафеди ҷӯлидааш огандаи хуни шахшуда ва рухсораи кафидаву варамаш чирку рим оварда буд.
Пирамард ҳоли ғарибе дошт: пойҳояш урёну сармозада, пойҷомаи кӯтоҳ ва пероҳани тунукаш аз чанд ҷой даридаву чок ва ба нимпӯстинаш доғҳои хуну лой часпида буданд. Атусо гулӯ афшонда китфи ӯро эҳтиёткорона такон дод. Пирамарди ғанабрафта  бо азобе  сар бардошта пилкҳои чашмонашро беҳолона кушоду хавотиромез ба тарҳи рӯи дӯшизаи ниёишгар зеҳн монда, хаёле ӯро шинохт. Атусо дар нигоҳи бемадору меҳрандуда  ва симои азиятолуди пирамард нишони барояш ошноеро дарёфта, намедонист ӯро дар куҷо вохӯрда бошад.
- Чӣ шуд  бобо? - китфони хамидаи пирамардро беозор ба такяи сутун кашид Атусо. - Чаро сару рӯят кафидаву пурхун аст?              
- Ҷонакам, Атусо, маро нашинохтӣ? - аз шунидани овози ӯ дар симои пирамард лабханди нарму навозишомезе дамид. - Ман боғбони падарат, Ориёфар…
- Ориёфар?! Маро бубахш, дар торикӣ нашинохтам, бобо, - дили Атусо аз ҳоли шигифтовари пирамарди нимаҷон моломоли ғаму андуҳ гашт. - Кӣ туро ба ин ҳол афканд?
- Ту напурсу ман дардамро нагӯям, ҷонакам, - оҳи пурсӯзе кашид пирамард ва ашк аз дидагонаш ҷорӣ гашт. - Ҳамон як пора заминеро, ки падарат дар Экбатана бароям подош дода буд, бар ивази андози хушксолӣ ситониданд. Ба додхоҳӣ рафтаму ба ҷои пуштибонӣ дидан гирифтори зиндон гаштам. Аз зиндон пас аз чанд моҳ бо пораву пайсаҳои вомгирифтаи ҳамсарам раҳидам. Рафта бинам, судхӯри палиде аз хонадони Эгиби ба ҷои воми ночизе хонаамро ситонида духтарамро ба канизӣ фурӯхтааст. Фурсат поида ба судхӯри худоношинос дарафтодаму мурданивор кӯфта, каме кинаамро ситонидам. Аммо посбонону пешкоронаш расиданду ночор аз Экбатана гурехта, ба дахмаи падару пуштибони ягонаам Куруш додхоҳӣ омадам...
Китфони пирамард аз бори андуҳ хамида, ба назар кӯзпушт метофт. Дар буни гарданаш доғи занҷиру завлона нақш баста, аз рӯзҳои азиятбори зиндон гувоҳӣ медоданд. Атусо пиндошт, ки бори гарони андуҳи пирамард бар дӯшаш фитода, ба сандуқи дилаш фишор меорад.
- Рӯзе мерасад, ки кинаатро меситонем! - аз шунидани сарнавишти пурфоҷиаи пирамард Атусо сабру қарорашро бохта, намедонист ӯро чи гуна таскин бахшад. - Ва ин ситезаву бедодиҳои судхӯрону волиён поён меёбад… Биё, акнун кулбаи ман биравем, бобо. Табиберо меораму ҷароҳатҳоятро шифо мебахшам.             
-  Не, духтарам, дер шуд, - аз раъшаи дарди ҷонкоҳе беихтиёр такон хӯрда, нафасгирии пирамард душвортар мегашт. - Ман мемирам... Бигузор дар оташкадаи падарбузургам ҷон бидиҳам.
- Навмед машав, бобо! Гардунаеро меораму дартоз пеши табиб мерасонам…   
- Маро наҷунбон, духтарам. Устухонҳои қафаси синаам шикаставу сандуқи дилам кафидааст. Бигузор дар ҳамин боргоҳи муқаддас ҷон супораму дар гетии минуӣ ба дидори Куруши Бузург расида биосоям...  
Пирамард  оҳи фосиладори бадарде кашиду ногоҳ бо нафаси ҷигарсӯзе ҷон ба гулӯяш омад. Нигоҳи хирааш лаҳзае ба рӯи Атусо дармонд ва табассуми нарме дар гӯшаи лабонаш нақш баст. Рӯҳи пирамард осон раҳида, ҷонаш аз гулӯ бо дами вопасини тӯлонӣ сабук баромад. Шарёни хуни боло дамидааш ба рухсораҳои  варамидаву  пурҷароҳат нуру зиё фузуда, танаш ором мегирифт ва чашмонаш карахту сард мешуд.
Атусо дастони ларзонашро бардошта, бо нарангушту ангушти ишорат пилки чашмони пирамардро пӯшонид. Аз расидани даст сари пирамард оҳиста поён хамиду манаҳаш ба сандуқи сина дармонд. Атусо пайкари боғбонро бо азобе кашолакунон ба пешгоҳи чортоқи оташкада хобониду дар болои сари ӯ омодаи ниёиш гашт. Аз қазо саркоҳин асои дарозашро ба замин кӯфта вориди маъбад шуду аз дидани Атусо ва ҷасади дар пешгоҳи чортоқ ёзида лаҳзае ҳайрон монд.       
- Решаи давлат ба судхӯрию фасод бипечад, аз он чашми умед доштан хатост, падар! - аз ниёиш  бозистода сӯи саркоҳин омад Атусо ва сиришки сӯзоне аз дидагонаш таровид. - Бубин, боғбони номдори Куруш, ки пешгоҳи коху хиёбонҳои Экбатанаро пур аз дарахтони боровару гулбуттаҳои ҳамешасабз намуда буд, ба чӣ ҳол расидааст?!
- Наход ин бадбахт Ориёфар бошад? - ба болои ҷасад хам шуда, саропои ӯро бо дареғу афсӯс муоина намуд саркоҳин. - Ин чӣ рӯзест, ки ба сараш фитода?!
Саркоҳин сарнавишти фоҷиабори боғбонро шунида, сабру тамкин бохт ва асои гаронашро ба замин кӯфта беихтиёр рӯ ба осмон оварду бо шӯру ҳаяҷон хитоб намуд.
- Фурсати баркандани решаи фасоду бедодӣ расидааст! - Ноумед машав, духтарам, аз паси шаби ялдо рӯзҳои неку фараҳбахш фаро мерасанд…Атусо сар ба китфи саркоҳин ниҳода ашки дидагонашро пок мекарду нигоҳаш аз равзанаи чортоқи оташкада ба берун мерафт. Шаби ялдо поён ёфта, аз шабакаи равзана рӯшании рӯз метаровид. Резабарф ҳамоно мебориду гармии оташкада нафаси сарди зимистонро, ки аз равзана мевазид, каме бозмедошт. Ва дар ин сапедасори барфолуди рӯз ояҳои ниёиши ду тан аз болои ҷасади пешгоҳи чортоқ раҳида, дар сақфи баланди оташкада танин меафканд.
Бароти АБДУРАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13 - 15.01.2016    №: 8, 9, 10    Мутолиа карданд: 478

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед