logo

фарҳанг

ДАРУ ДАРВОЗАИ «НАВ» - И НУР ТАБАРОВ

«Вақти хеле зиёд ба кор омад, то ӯ вориди гулбоғи адабиёт ва билхоса, драматургия шаваду он ҷо муқимӣ гардад, - менигорад Ғулом Ҳайдар дар бораи дӯсташ Нур Табаров. – Вагарна чандин дафъа аз нависандагони корозмуд шунидаам, ки мегуфтанд: ин кас қалами бурро ва махсусан тасвирҳои зебо доранд, кай ба навиштани чизҳои гаронҳаҷму гаронвазн мепардохта бошад? Ба ин оҳанг хеле дақиқ баромад пешгӯии хушгуфторонаи устод Мутеулло Наҷмиддинов нисбат ба ин дастниҳолаш:
- Нури мо дару дарвозае мепӯяд, то ба мардум рӯшании бештаре дода бошад, чунон ки «Дарёи ман маҷро».
Он замон ин мазмун боиси хушҳолию хандаи аҳли нишасти хоса гардида буд, ҳоло он дар зеҳни ман чун як дуои хайри устоде нисбат ба шогирд ҷилва медиҳад. Ва рӯзгор ин пешгӯиро собит кард».
Нур Табаров тавассути театр ва драматургия ҳамон дару дарвозаеро ба рӯйи худ ва тамошобинон боз кард, ки аз он нур мебораду зарраҳои ҳикмат мерезад. Драматургияи ӯ аз публитсистикаю насраш дертар ташаккул ёфта бошад ҳам, бо онҳо дар як ҷараён инкишоф меёбад. Бисёр мавзӯву масъалаҳои дар драмаҳояш мавриди баҳсу талош қарордодаро ӯ аввал дар асарҳои публитсистиаш омӯхта, таҳлил карда баромадааст.
Масъалаҳои муҳими ахлоқии ҷомеа ба рӯйи саҳна омадани драмаи «Дар чорсӯ» оғоз гардида, дар асарҳо «Мусичаро напаррон», «Тарс», «Сӯробҳо» ва «Вагони охирин» идома ёфт. Зиёӣ ва мавқеи шаҳрвандию маънавии ӯ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа мавзӯи асосии адиб гардида, дар асарҳои ӯ таҳаввулоти бузурги равонию маънавии ҷомеа дар охири қарни гузашта ва оғози қарни навин тасвир шудаанд.        
Ин нукта қобили зикр аст, ки ӯ ба драматургия бо қадамҳои устувор, хеле ҷиддӣ ва донистани хуби ҷаҳони афкору андешаи муосиронаш ворид гашт. Аз ин лиҳоз асарҳои нахустинаш ҳам аз ҷиҳати муҳим будани мавзӯъ ва ҳам аз ҷиҳати фарогирии ҷаҳони маънавии муосирон ҷанбаъҳои пурқувватро фарогир мебошанд.
Бо мурури замон драматург драмаи публисистиро ташаккул дода, баробари дарки камбудҳои хеш, маҳорати ҳунарии худ ва имконоти жанрии онро васеъ кард. Аз драмаҳои  «Шикори аҷинаҳо» то драмаи таърихии «Маздак» мо шоҳиди ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ҳунарии эҷодкоре мегардем, ки бо дарки тамом ба кори мушкили дромнигорӣ даст зада, тавассути он мавқеи шаҳрвандӣ ва мароми инсонии хешро возеҳ баён намудааст.
Театри сиёсии тоҷик бо тамоми шаҳомат ва камбудию норасоиҳояш дар мисоли эҷодиёти Табаров мунъакис гардидааст. Нур Табаров ҷиҳатҳои мусбати театри сиёсиро аз бар намуда, дар инъикоси воқеии ҳаёт, гузоштану ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муваффақ гардидааст.
Ӯ ҳамеша ҳамқадами замон, ҳаммаслаку ҳаммароми ҳамзамонони худ дар роҳи такмили зиндагист. Воқеияти зиндагӣ, дигаргуниҳои замона ва вобаста ба инҳо дигар шудани рафтору муносибати инсон ба худ ва дигарон ҳамеша дар маркази диққати драматург аст.
Ба асарҳои драмавии адиб амиқ донистани зиндагӣ, дарки дурусти тамоюлҳои инкишофи ҷамъият, тасвири таҳаввулу рушди хислат, фикру зикр ва мафкураю ҷаҳонбинии одамон хос аст. Ӯ дар сохтани низоъҳою тарзи ҳалли онҳо, муколамасозиҳои моҳирона ва ҷамъбастҳои фалсафӣ усто аст.
Театр ба Нур Табаров он чизеро дод, ки дар журналистика ба он ноил нашуд. Тавассути театр адиб  тавонист рӯёрӯй бо тамошобин суҳбат ороста, аз минбари он афкору андешаи худро озодона ва доманадор ифшо намояд. Маҳдудияти чаҳорчубаи саҳифаи рӯзномаро саҳнаи театр шикаста, ба публитсист имкон фароҳам овард, ки зиндагиро пурратар - ба таври мукаммал ва ҳамаҷониба нишон бидиҳад.
Ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаҳои давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ – Ато Муҳаммадҷонов дар бораи нақши Сабуров аз рӯйи асари «Дар чорсӯ»-и офаридааш бо меҳру муҳаббати бепоён чунин ибрози ақида намуда буд: «Дар тӯли чанд соли дар театру кино нақши зиёдеро бозидаам, ки ҳар кадомаш бароям азизанд. Нақши муаллим Сабуров барои ман бештар азиз аст». 
Таҳиягарон Ҳабибулло Абдураззоқов ва Мирзоватан Миров дар пайравии андешаҳои драматург саҳнаҳое офаридаанд, ки дар лавҳи хотири тамошобинон нақш бастаанд.
Тамоми зиндагӣ ва фаъолияти эҷодию ҳирфавии Нур Табаров намунаи корнамоии шаҳрванд ва адиби сарсупурдаест, ки ҳастӣ, истеъдод ва ҳунари асили худро ба хидмати халқу Ватани азизаш бахшидааст.

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2016    №: 8    Мутолиа карданд: 497

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед