logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ба миён меоянд, танзим менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- барӯйхатгирии аҳолӣ – мушоҳидаи мунтазаму пурраи давлатии оморӣ, ки дар рафти он маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолии дар санаи муайянкарда ҷамъ оварда, коркард ва ҷамъбаст карда мешавад;
- маълумот дар бораи аҳолӣ – маълумоте, ки мувофиқи номгӯйи саволҳо дар бораи аҳолӣ ҷамъ карда мешавад;
- гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ – гурӯҳи шаҳрвандон, ки омӯзиши махсусро гузаштаанд ва барои омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб карда шудаанд;
- ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – маҷмӯи ҳуҷҷатҳои махсуси намунаи маъмул, аз ҷумла варақаи дорои шакли муайяни барӯйхатгирии аҳолӣ, ки барои омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи он истифода бурда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсад ва принсипҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ
1. Мақсади барӯйхатгирии аҳолӣ ин дастрас намудани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
2. Барӯйхатгирии аҳолӣ бо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии ҳаёт ва манзили шахс, ки онро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, гузаронида мешавад.
3. Барӯйхатгирии аҳолӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:
- асоси илмӣ;
- даврият;
- умумият ва якмуддатӣ;
- махфияти маълумотҳои шахсӣ;
- дастрас ва ошкоро будани ҷамбасти он.
Моддаи 4. Даврият ва мӯҳлати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ
1. Барӯйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як маротиба дар даҳ сол ё ҳангоми барӯйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон гузаронида мешавад.
2. Қарор дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва мӯҳлати он на дертар аз 5 сол то оғози барӯйхатг аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Моддаи 5. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ
1. Масъулияти омода кардан, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст намудани натиҷаи  барӯйхатгирии аҳолӣ ва интишори маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи он ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии омор ва сохторҳои маҳаллии он, ҳамчунин ба дигар мақомоти ҳокимияти давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд, гузошта мешавад.
2. Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ташкил карда мешавад. Низомнома «Дар бораи комиссияи мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ»-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
3. Мақомоти ҳокимияти давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, барои гузаронидани барӯйхатгирии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки дар моддаи 7 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, масъул мебошанд.
4. Мақоми ваколатдори давлатии омор дар давраи омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳуқуқ дорад:
- масъалаҳои вобаста ба омода кардан ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолиро баррасӣ намояд;
- ба ин маърака дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҷалб намояд.
Мақоми ваколатдори давлатии омор ӯҳдадор аст:
- махфияти маълумотҳои шахсиро таъмин намояд;
- захираҳои моддию техникиро ба ин мақсад ҷудо намояд;
- интихоб ва омӯзиши махсуси ҳайати гурӯҳи барӯйхатгириро якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин намояд;
- аҳолиро сари вақт аз мақсаду вазифаҳо ва мӯҳлати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ бохабар намояд.
5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд:
- барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва  иҷрои салоҳияташон ба мақомоти ваколатдори давлатии омор ва сохторҳои маҳаллии он, ба гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ, ки ба ин кор масъуланд, кӯмак расонанд;
- номгӯй ва ҳудудҳои марзиву маъмуриро муайян карда, онҳоро бо аломатҳои роҳнамои дорои номи кӯчаҳо ва рақами хонаҳо таъмин намоянд;
- ҳуҷҷатҳои зарурии картографиро пешниҳод намоянд;
- гурӯҳи баруйхатгирии аҳолиро бо ҳуҷраи барои кор мувофиқ, бо воситаҳои алоқа таҷҳизонидашуда ва нақлиёт таъмин намоянд;
- аҳолии маҳалро ба ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб намоянд.
6. Ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирии аҳолиро раиси шаҳр ё ноҳия бо пешниҳоди роҳбари шӯъбаи дахлдори омор тасдиқ менамояд.
Моддаи 6. Маълумот дар бораи аҳолӣ ва тартиби ҷамъ кардани он
1. Варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ чунин маълумотҳои шахси ба рӯйхат гирифташавандаро дар бар мегирад:
- ҷинс;
- синну сол;
- сана ва ҷои таваллуд;
- миллат;
- забони модарӣ;
- донистани дигар забонҳо;
- шаҳрвандӣ;
- ҳолати оилавӣ;
- шумораи фарзандон;
- таҳсилот;
- ҷои зист;
- фаъолияти муҳоҷиратӣ;
- шароити манзилӣ;
- манбаи воситаҳои зиндагӣ;
- шуғл.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варақа мумкин аст дигар маълумотҳо низ ворид карда шаванд.
2. Ба номгӯи маълумотҳо дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ворид намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар сирре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд,  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол ё маҳдуд мекунанд, мумкин нест. Ҷамъ намудани маълумоти дар нақшаи барӯйхатгирии аҳолӣ пешбининашуда, ҳамчунин маҷбур намудани шахсони мавриди пурсиш қароргирифта дар бораи пешниҳод кардани маълумотҳои иловагӣ манъ аст.
3. Ҷамъ намудани маълумот дар бораи аҳолӣ аз тарафи ҳайати гурӯҳи барӯйхатгирӣ бо роҳи пурсиш, пур кардани варақаи барӯйхатгирӣ, аз назар гузаронидани манзилҳо ва биноҳои ғайриистиқоматӣ, ки шахси мавриди пурсиш қароргирифта зиндагӣ мекунад ё бо истифода аз воситаҳои алоқа гузаронида мешавад.
Маълумот нисбати шахсоне, ки ҳангоми гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар ҷои зист ҳузур надоранд, аз ҷумла муваққатан дар хориҷи кишваранд, ноболиғон, шахсони таҳти васоят ва ё парасторӣ қарордошта аз тарафи шахсони болиғи хоҷагӣ, васиён, парасторон ва мақомоти дахлдори давлатӣ  пешниҳод  карда мешавад.
4. Пурсиши аҳолӣ ва пур кардани варақа ба забони давлатӣ ё русӣ сурат мегирад.
Моддаи 7. Хусусиятҳои барӯйхатгирии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ
1. Маълумоти шахсӣ дар бораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар сафоратхонаҳо, ташкилотҳои консулии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳашон мебошанд, аз тарафи роҳбарияти сафоратхона ва ташкилотҳои консулӣ ҷамъ карда мешавад.
2. Ҷамъ кардани маълумоти шахсӣ дар бораи шахсоне, ки дар санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ хизмати ҳарбиро адо мекунанд, аз рӯи даъват дар хизмати ҳарбианд, хизматчиёни ҳарбие, ки мутобиқи шартнома адои хизмат мекунанд, аъзои оилаи онҳо, ки дар минтақаҳои махсус зиндагӣ доранд, ба зиммаи фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ аст.
3. Маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар муассисаҳои махсуси бачагона ва барои ноболиғон, муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ қарор доранд, аз тарафи роҳбарияти ин муассисаю ташкилотҳо ҷамъ оварда мешавад.
4. Ҷамъ кардани маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар санаи  гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳу, пансионатҳо қарор доранд, ба зиммаи роҳбарияти ин муассисаю ташкилотҳо мебошад.
5. Маълумоти шахсӣ дар бораи онҳое, ки дар ҳабсхона, муассисаҳои ислоҳӣ ё табобати меҳнатӣ қарор доранд, аз тарафи роҳбарияти ин ташкилотҳо ҷамъ карда мешавад.
Моддаи 8. Ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ
1. Барӯйхатгирии аҳолӣ бо тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.
2. Маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар воситаҳои ахбори омма новобаста ба шакли моликияташон ройгон интишор мегардад.
Моддаи 9. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии аҳолӣ
1. Ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд.
2. Маълумоте, ки дар рафти барӯйхатгирии аҳолӣ ҷамъ мегардад, фақат ба мақсадҳои ҳамин барӯйхатгирӣ истифода мешавад.
3. Маълумоти шахсии аз аҳолӣ ҷамъкардашуда махфӣ мебошад. Ин маълумот дар шакли ҷамъбаст интишор карда мешавад.
4. Маълумоти аввалия дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ дар бойгонии мақомоти давлатии омор на кам аз се сол ва маълумот дар бораи ҷамъбасти натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.
5. Истифодаи маълумоти аввалия ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти дахлдор манъ аст.
Моддаи 10. Маблағгузории барӯйхатгирии аҳолӣ
Хароҷоти омода кардан, гузаронидан, коркард ва ҷамъбаст намудани натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва интишори маълумот дар бораи натиҷаи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 12. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 102; с. 2002, №11, мод.720) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 13. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009, № 523

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2009, № 1304


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 640


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1071

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед