logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-ро муайян мекунад.

Моддаи 1. Мафҳуми хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) (минбаъд - хоҷагии деҳқонӣ) субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти он ҳамчун соҳибкор ба меҳнати шахсии як нафар, аъзои як оила ё гурӯҳи шахсон асос ёфта, заминаи онро қитъаи замин ва дигар молу мулки ба аъзои он тааллуқдошта ташкил медиҳанд.
Моддаи  2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи  3. Ташкили хоҷагии деҳқонӣ
1. Хоҷагии деҳқониро метавонад ҳар як  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки қобили амал аст, ташкил намояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. Хоҷагии деҳқониро метавонанд як шахс, як оила ё гурӯҳи шахсон ташкил диҳанд.
Моддаи  4. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ
1. Падару модарон, ҳамсар, фарзандон ва дигар шахсони қобили меҳнат, ки якҷоя дар хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, метавонанд аъзои  он бошанд.
2. Узвият ба хоҷагии деҳқонӣ дар асоси сабти ном дар дафтарчаи меҳнатӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ  муайян карда мешавад.
3. Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ дохил намешаванд ва муносибатҳои меҳнатии онҳо бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Моддаи  5. Шаклҳои хоҷагии деҳқонӣ
Хоҷагии деҳқонӣ дар шаклҳои зерин ташкил шуда метавонад:
- хоҷагии деҳқонии фардӣ -  ҳоҷагии деҳқоние, ки дар он фаъолияти меҳнатӣ ба соҳибкории як шахс асос ёфтааст;
- хоҷагии деҳқонии оилавӣ - хоҷагии деҳқоние, ки дар он фаъолияти меҳнатӣ дар шакли соҳибкории оилавӣ дар заминаи моликияти якҷоя асос ёфтааст;
- хоҷагии деҳқонии шарикӣ – хоҷагии деҳқоние, ки дар заминаи моликияти умумии ҳиссагӣ ташкил шуда, фаъолияти хоҷагидории онро шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя муайян мекунад.
Моддаи 6.  Шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ
1. Шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар сурати ташкили хоҷагии деҳқонии шарикӣ баста мешавад.
2. Хоҷагии деҳқонии оилавӣ метавонад фаъолияташро  дар асоси шартномаи  фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии  деҳқонӣ ба роҳ монад.
3. Шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ғайр аз маълумоти дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда бояд чунин маълумотро низ дар бар гирад:
- шумора ва ному насаби аъзо;
- салоҳиятҳое, ки аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба сардори хоҷагӣ медиҳанд;
- ҳуқуқҳои аъзои хоҷагӣ;
- ӯҳдадориҳои аъзои хоҷагӣ;
- тартиби аз аъзои хоҷагӣ бо таври ихтиёрӣ хориҷ шудан ва хориҷ кардани аъзо;
- тартиби ба аъзогии хоҷагии деҳқонӣ қабул кардани дигар шахсон;
-тартиби тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда, фурӯш ва тақсими даромади он байни аъзо.
4. Шартнома аз ҷониби ҳамаи  аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба имзо расида, нусхаи он ба мақомоти маҳаллии андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.
5. Дар ҳолати тағйирёбии шумораи аъзо, ба шартнома тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, нусхаи он ба мақомоти маҳаллии андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми як моҳ пешниҳод карда мешавад. Иҷрои чунин расмиёт ба зиммаи сардори хоҷагии деҳқонӣ вогузор карда мешавад.
Моддаи  7. Хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун шакли хоҷагидорӣ
1.  Хоҷагии деҳқонӣ фаъолияташро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
2. Хоҷагии деҳқонӣ дар баробари ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷузъи баробарҳуқуқи системаи иқтисодӣ мебошад. Ҳамаи амалиёти хоҷагидории он мутобиқи созиши тарафайн аз рӯи ҳисоббаробаркунии нақдию ғайринақдӣ сурат мегирад.
3. Хоҷагии деҳқонӣ сохтор ва тарзи истеҳсолотро бо назардошти манфиатҳояш мустақилона муайян мекунад.
4. Хоҷагии деҳқонӣ суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, мӯҳру бланкаҳоро бо номи худ доро мебошад.
Моддаи 8. Самтҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ
1. Самтҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда иборатанд.
2. Хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо дигар намуди фаъолият, аз ҷумла ба фаъолияти иқтисодии берунӣ низ машғул шавад.
Моддаи  9. Дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳконӣ
1. Дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он манъ аст, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. Сиёсати давлатӣ оид ба тараққиёти илмию техникӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои соҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 10. Мақоми роҳбарикунандаи хоҷагии деҳқонӣ
1. Мақоми роҳбарикунандаи хоҷагии деҳқонӣ маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва сардори хоҷагии деҳқонӣ ба шумор мераванд.
2. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ мақоми олии роҳбарикунандаи он мебошад.
3.Сардори хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти хоҷагиро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои он ба роҳ мемонад.
Моддаи 11. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ
1. Ба салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ инҳо дохил мешаванд:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ;
- қабули шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва хориҷ намудан аз узвият;
- ба вазифа интихоб намудан ва аз вазифа озод кардани сардори хоҷагӣ;
- баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботҳои солона ва муҳосибавӣ;
- тақсими даромади хоҷагии деҳқонӣ;
- қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ё барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ;
-баррасии дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми аз ҷониби узви хоҷагии деҳқонӣ бе сабабҳои узрнок дар давоми зиёда аз як сол иштирок накардан дар фаъолияти хоҷагидорӣ, истифода накардани саҳми замин метавонад бо қарораш узвро аз аъзогӣ хориҷ намуда, саҳми замини онро ба аъзои доимии хоҷагии деҳқонӣ тақсим намояд ё ин, ки шахси дигарро ба узвият қабул намуда, саҳмдор намояд.
3. Ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи дар маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок кардан, сухан гуфтан ва овоз доданро дорад.
4. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва қарорҳои қабулкардаи он дар ҳолате босалоҳият ҳисобида мешаванд, ки дар маҷлис аз се ду ҳиссаи аъзои хоҷагӣ иштирок дошта бошанд.
5. Қарор аз ҷониби маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи аъзои иштирокдошта қабул карда мешавад.
6. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, қароре қабулшуда ҳисобида мешавад, ки ба тарафдории он сардори хоҷагии деҳқонӣ овоз додааст.
7. Дар хусуси қарорҳои қабулшудаи маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ протокол тартиб дода шуда, ба он аъзои иштирокдошта имзо мегузоранд, ки иҷрои он аз ҷониби аъзои хоҷагӣ ҳатмист.
8. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи сардори хоҷагӣ ё аз ҷониби на камтар аз се як ҳиссаи аъзои он даъват карда мешавад.
Моддаи  12. Сардори хоҷагии деҳқонӣ
1. Сардори хоҷагии деҳқонӣ яке аз аъзои он, ки таҷрибаи корӣ ва маҳорати хуби идоракунӣ дорад, дар маҷлиси аъзои хоҷагӣ интихоб карда мешавад.
2. Сардори хоҷагии деҳқонии фардӣ худи шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
3. Сардори хоҷагии деҳқонии оилавӣ  аз ҷониби аъзои оила интихоб карда мешавад.
4. Сардори хоҷагии деҳқонии  шарикӣ дар маҷлиси аъзои хоҷагӣ интихоб карда мешавад.
5. Сардори хоҷагии деҳқонӣ бо қарори маҷлиси аъзои хоҷагӣ дар ин мавридҳо аз вазифа озод карда мешавад:
-  ҳангоми бо хоҳиши худ пешниҳод кардани ариза;
-  дар ҳолати иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани ваколатҳои сардори хоҷагӣ;
- ғайри қобили амал эътироф шудан;
- дигар ҳолатҳое,  ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 13. Ваколатҳои сардори хоҷагии деҳқонӣ
Сардори хоҷагии деҳқонӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба фаъолияти хоҷагӣ роҳбарӣ менамояд;
- ваколатнома медиҳад;
- аз номи хоҷагӣ бе ваколатнома амал мекунад;
- шаҳрвандонро мутобиқи шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
- ҳисоб ва ҳисоботдиҳиро дар хоҷагӣ ба роҳ мемонад;
- манфиатҳои хоҷагиро дар муносибатҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бо мақомоти  давлатӣ намояндагӣ мекунад;
- дигар ваколатҳоро дар доираи шартномаи якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ иҷро менамояд.
Моддаи  14. Хусусиятҳои ташкили ширкати  хоҷагидорӣ ва ё кооперативи истеҳсолӣ   аз ҷониби аъзои хоҷагии деҳқонӣ
1. Узви хоҷагии деҳқонии  фардӣ ва аъзои хоҷагии деҳқонии оилавӣ метавонанд мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи молу мулки хоҷагӣ ширкати хоҷагидорӣ ва ё кооперативи истеҳсолии  (кишоварзии) дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳанд.
2. Таъсис додани ширкати хоҷагидорӣ ва ё кооперативи истеҳсолии (кишоварзии) дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби хоҷагии деҳқонии  шарикӣ бо ризоияти хаттии аъзои он сурат мегирад.
3. Ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии қитъаҳои замини аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар ҳолати таъсис додани ширкати хоҷагидорӣ ва ё кооперативи истеҳсолӣ (кишоварзӣ) ба ширкат ва ё ба кооператив барои истифодаи бемӯҳлат вобаста карда мешавад.
4. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми таъсис додани кооперативи  истеҳсолӣ (кишоварзӣ) ё ин ки ширкати хоҷагидорӣ метавонанд зимни  ҳуқуқдор будан ба саҳми замин  барои ҳар  як аъзо  (барои истифодаи бемӯҳлат) қарор қабул намоянд.
5. Ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативи истеҳсолӣ (кишоварзӣ) ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба молу мулке, ки онро аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба сифати саҳм пардохтааст, инчунин молу мулке, ки дар натиҷаи фаъолияти он ва дар асосҳои дигаре, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ба даст оварда шудааст, соҳиби ҳуқуқи моликият мебошад.
6. Андозаи саҳми молу мулки аъзои хоҷагии деҳқонӣ, ки иштирокчии ширкати хоҷагидорӣ ё узви кооперативи истеҳсолӣ (кишоварзӣ) шудаанд, бо назардошти саҳми онҳо дар доираи ҳуқуқи моликияти умумӣ ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 15. Додани қитъаи замин ба хоҷагии деҳқонӣ  
1. Қитъаи замин бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар асоси аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) бо қарори  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба истифодаи якумраи меросӣ дода мешавад.
2. Қитъаи замин яклухт ҷудо карда мешавад.
3. Дар ҳолати ҷудо шудани узви хоҷагии деҳқонӣ ва  мустақилона ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ қитъаи замин дар асоси саҳми замини узв аз як тарафи тарҳи замин ҷудо карда мешавад. Дар заминҳои обӣ ҷудо кардани замин аз қисмати поёнии тарҳи замин сурат мегирад.
4. Хароҷоти анҷом додани корҳои кадастрии замин, таҳқиқоти агрокимиёвӣ ва дигар таҳқиқоти хок аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор пардохт карда мешавад. Ҳамзамон хоҷагии деҳқонӣ метавонад корҳои мазкурро мустақилона фармуда, онро маблағгузорӣ намояд. Хароҷоти анҷом додани корҳо ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин ва бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин бар зиммаи хоҷагии деҳқонӣ мебошад.
5. Ҳангоми ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар қаламраве, ки дар он иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоию маишӣ вуҷуд надоранд, ободонии ибтидоии он, сохтмони роҳҳо, хати интиқоли барқ, таъминоти об, воситаҳои алоқа ва мелиоратсияи заминҳоро давлат ба ӯҳда мегирад.
6. Хоҷагии деҳқонӣ бо мақсади фаъолияти истеҳсолӣ метавонад ба таври илова қитъаи заминро ба иҷора ё ба истифодаи мӯҳлатнок гирад.
7. Заминҳои зери шабакаҳои обрасонӣ, роҳҳо ва дигар  иншооти байнихоҷагӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд.
Моддаи 16. Меъёри  додани қитъаи замин барои  ташкили хоҷагии  деҳқонӣ
Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ба андозаи зерин дода мешавад:
- аз заминҳои ташкилотҳои кишоварзӣ - ба андозаи саҳми миёнаи замини дар ҳамин ташкилот барои ҳар як узв муайяншуда;
- аз заминҳои фонди махсус ба ҳар як узви қобили амал, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқониро дорад - ба андозаи саҳми миёнаи замин, ки дар  маҳалли ҷойгиршавии қитъаи замин муайян карда шудааст.
Моддаи 17. Додани қитъаи замини иловагӣ ба хоҷагии деҳқонӣ
Ба хоҷагии деҳқонӣ ғайр аз заминҳои ба аъзои он  ҳамчун саҳм муайяншуда мумкин аст қитъаи замини иловагӣ барои истифодаи мӯҳлатнок ва ё иҷора аз заминҳои гурӯҳҳои зерин дода шавад:
- аз гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ – заминҳои навобод, заминҳои истифоданашаванда, заминҳое, ки иншоотҳои обрасонии онҳо аз кор баромадаанд ва ба кори кишоварзӣ омода нестанд ва ин заминҳо ба дигар шаҳрвандон ҳамчун саҳм тақсим нашудаанд, аз рӯи имконият ва қобилияти корӣ;
- аз гурӯҳи заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал – заминҳое,  ки барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқанд, инчунин чарогоҳҳо барои чаронидани чорво вобаста ба саршумори чорво;
- аз гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин – заминҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқанд ва муваққатан барои эҳтиёҷоти шаҳр, шаҳрак ва дигар маҳалли аҳолинишин истифода намешаванд.
Моддаи  18. Тартиби  ташкили  фонди  махсуси  замин барои ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ
1. Барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) фонди махсуси заминро аз ҳисоби чунин заминҳо таъсис диҳад:
- заминҳое, ки аз истифода баромадаанд ё ба заминҳои камарзиш гузаронида шудаанд;
- заминҳои захираи давлатӣ;
- заминҳои ҳамаи гурӯҳҳо, ки аз рӯи мақсад истифода нашудаанд;
-заминҳои барои истеҳсолоти кишоварзӣ ҷудогардида, ки дар муддати ду сол истифода бурда нашудаанд;
- заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки аз дарахту буттазор холӣ буда, барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;
- заминҳои ташкилотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқоние,  ки ҳуқуқи истифодаашон қатъ гардонида шудааст;
- заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ташкилотҳои кишоварзӣ, ки фаъолияташон қатъ гардидааст;
- заминҳои навобод.
2. Қитъаҳои замини ошкоргардида дар асоси санади комиссияи шаҳрӣ, ноҳиявӣ бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба фонди махсуси замини шаҳр, ноҳия дохил карда мешаванд. Барои гирифтани ин заминҳо розигии истифодабарандагон талаб карда намешавад.
Моддаи  19. Тартиби додани қитъаи замин аз заминҳои фонди махсус  барои  ташкил  кардани хоҷагии  деҳқонӣ                                      
1. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқониро доранд, аз ҷумла онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои зисти доимӣ кӯчида омадаанд, барои гирифтани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ариза пешниҳод мекунанд.
2. Дар ариза мақсади истифодаи қитъаи замин, андоза ва маҳалли воқеъшавии он, шумораи умумии аъзои қобили меҳнат зикр мегардад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар муддати як моҳи баъди додани ариза дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин қарор қабул мекунад.
4. Дар ҳолати мавҷуд набудани фонди махсуси замин аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон), ки қитъаи замин талаб карданд, ба навбат гирифта мешавад.
5. Дар ҳолати риоя накардани мӯҳлати қабули қарор ё пинҳон намудани маълумот дар бораи вуҷуд доштани фонди махсуси замин шахсони мансабдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби замини хоҷагиҳои махсуси давлатӣ
1. Ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар замини хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ, илмию истеҳсолӣ, таълимӣ, таҷрибавӣ,  омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, инчунин дар заминҳои фонди давлатии об танҳо бо ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва зотпарварӣ мутобиқи Қонуни мазкур сурат мегирад.
Моддаи 21. Қабули дигар шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ
1. Хоҷагии деҳқонӣ бо қарори маҷлиси аъзо метавонад дигар шаҳрвандонро ба узвият қабул намояд.
2. Саҳми замини шаҳрвандоне,  ки ба аъзогӣ қабул шудаанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии заминсозӣ муайян карда шуда, ба онҳо шаҳодатномаи саҳми замин дода мешавад. Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти маҳаллии заминсозӣ ба шаҳодатномаи саҳми замини аъзои доимӣ тағйироти дахлдор ворид карда мешавад.
3. Дар ҳолати аз тарафи хоҷагии деҳқонӣ азхуд намудани заминҳои  нав маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ метавонад дигар шаҳрвандонро ба узвият қабул намуда, саҳмдор кунад ё ин,  ки заминҳои азхудшударо ҳамчун саҳми иловагӣ ба аъзои доимии хоҷагӣ тақсим намояд.
Моддаи  22. Бақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ
1. Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти андози маҳалли воқеи хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон мақомоти омори давлатии маҳаллӣ онро сабт мекунад.
2. Ҷамоати деҳот (шаҳрак) ҳар як хоҷагии деҳқониро дар дафтари хоҷагӣ ба қайд мегирад ва маълумоти асосиро оид ба фаъолияти он сабт менамояд.
Моддаи  23. Тасдиқи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ
1. Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муайянкардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, тасдиқ мегардад.
2. Ба истифодаи замин танҳо баъди гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин шурӯъ намудан мумкин аст.
3. Ба ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ шаҳодатномаи саҳми замин дода мешавад. Шаҳодатномаи саҳми замин ҳуҷҷатест, ки андозаи саҳми замини узви хоҷагии деҳқониро дар алоҳидагӣ муайян мекунад.
4. Ҳуқуқи иҷораи қитъаи заминро шартномаи аз ҷониби тарафайн басташуда муайян мекунад.
Моддаи  24. Ҳуқуқҳои хоҷагии деҳқонӣ
Хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад:
- дар замин мустақилона хоҷагидорӣ намояд, аз ҷумла оид ба интихоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мустақилона қарор қабул кунад;
- қитъаи замин ё як қисми онро ба иҷора диҳад;
- дар мавриди аз тарафи давлат гирифтани қитъаи замин ҷуброни зарарро мутобиқи Кодекси замин ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб  намояд;
- соҳиби маҳсулоти истеҳсолкардааш ва даромади аз фурӯши он гирифтааш бошад;
- аз истифодаи замин бо ризоияти аъзо ихтиёран даст кашад;
-  аз маъданҳои маъмул (рег, шағал, гил, санг, манбаъҳои об) ва дигар унсурҳои фоиданоки қитъаи заминаш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;
- молу мулки ташкилотҳо ва шаҳрвандонро харидорӣ намояд, ба иҷора гирад ё муваққатан истифода барад;
- барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ шартномаҳо бандад;
- дар мавриди беш аз як гектар будани масоҳати қитъаи замин  дар асоси лоиҳаи заминсозӣ мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои ёрирасон (бошишгоҳи саҳроӣ) созад;
- бо ризоияти аъзо ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба гарав монад;
-аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
Моддаи 25. Ҳуқуқҳои узви хоҷагии деҳқонӣ
Узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад:
- новобаста аз ризоияти дигар аъзои хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи саҳми худ ба замин ва ба молу мулк аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ барояд;
- дар ҳолати тақсимнашаванда будани молу мулк ҷуброни онро ба тариқи пулӣ талаб намояд;
- мутобиқи саҳми замини худ  ба таври ҷудогона хоҷагии деҳқонӣ таъсис диҳад;
- саҳми замини худро ба шахси дигар диҳад;
- ҳуқуқи истифодаи саҳми замини худро ба гарав гузорад;
- дар тақсими маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯши он иштирок намуда, аз даромади он ҳиссаи худро талаб намояд;
- аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
Моддаи  26. ӯҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он
Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он ӯҳдадоранд:
-  заминро мутобиқи таъиноти мақсаднок истифода баранд;
- заминро ҳосилхез намуда, ҷиҳати ҳифзи замин, ҷангал ва об тадбирҳо андешанд;
 - дар заминҳои обӣ  киштгардон ва истифодабарии обро вобаста ба намуди зироатҳо дар асоси нақшаи истифодабарии об ба роҳ монанд;
-  заҳбуру заҳкашҳои дахлдори худро тоза кунанд;
-  ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ба бад шудани вазъи экологӣ  ва ҳолати мелиоративии замин  роҳ надиҳанд;
- андози замин ва дигар намудҳои андозро дар мӯҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд;
- музди истифодаи  об, барқ ва ғайраро дар мӯҳлати муайяншуда пардохт намоянд;
- музди меҳнат ва фоидаи холисро дар мӯҳлати муайяншуда тақсим карда диҳанд;
- низоми ҳисоботи муҳосибавиро  риоя намоянд;
- барои аз касалиҳо пешгирӣ намудани ҳайвонот ва растанӣ тадбирҳо андешанд;
- маълумотро дар бораи ҳолат ва истифодаи замин дар мӯҳлати муайяншуда ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ ва омории ноҳия (шаҳр) пешниҳод намоянд;
- ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва низоми ҳисобу китоби қарзиро риоя намоянд;
- ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд.
Моддаи 27. Гирифтани кредит аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ
1. Хоҷагии деҳқонӣ метавонад дар асоси шартномаҳои кредитдиҳӣ аз кредити ҳамаи намуди бонкҳо, истифода барад.
2. Кредит гирифтани хоҷагии деҳқонӣ бо гарав ё бо дигар намудҳои ӯҳдадорӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 28. Меҳнат дар хоҷагии деҳқонӣ
1. Дар хоҷагии деҳқонӣ асосан аъзои худи хоҷагӣ меҳнат мекунанд.
2. Иҷрои корҳо бо ҷалби шаҳрвандони дигаре, ки аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
3. Музди меҳнати шаҳрвандоне, ки шартномаи меҳнатӣ бастаанд, ба хароҷоти ҷорӣ дохил шуда, дар навбати аввал пардохта мешавад.  Ин музд ба ҷамъбасти натиҷаи кори хоҷагии деҳқонӣ вобаста нест, агар дар ин хусус шартномаи махсус вуҷуд надошта бошад.
4. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки тариқи шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳо ба хоҷагии деҳқонӣ ҷалб карда мешаванд, аз ҳамаи ҳуқуқҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида истифода мебаранд.
Моддаи 29. Дафтарчаи меҳнатӣ
1. Ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ бояд  ҳатман соҳиби дафтарчаи меҳнатӣ бошад.
2. Маълумот дар дафтарчаи меҳнатии ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби умумие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, сабт карда мешавад.
3. Навиштаҷоти дафтарчаи меҳнатӣ ва ҷавобгарӣ барои нодурустии маълумот ба зиммаи сардори хоҷагии деҳқонӣ вогузор карда мешавад. 
Моддаи 30. Баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар хоҷагии деҳқонӣ
1. Хоҷагии деҳқонӣ натиҷаҳои корашро ҳатман ба ҳисоб мегирад.
2. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиатсияи онҳо ӯҳдадоранд тартиби коргузорӣ ва низоми ҳисоботи муҳосибавиро риоя намуда, дар бораи фаъолияти худ ба мақомоти маҳаллии омори давлатӣ ва дигар мақомоте,  ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҳисобот диҳанд.
Моддаи 31. Фурӯши маҳсулот аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ
1. Хоҷагии деҳқонӣ молики маҳсулоти истеҳсолкардааш буда, онро бо салоҳдиди худ ба фурӯш мебарорад.
2. Ҳангоми истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин фурӯши он хоҷагии деҳқонӣ ӯҳдадор аст,  ки меъёру қоидаҳои санитарӣ ва экологиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намояд.
Моддаи 32. Суғуртаи молу мулки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиатсияи онҳо
Суғуртаи молу мулки (зироат, чорво, воситаҳои асосӣ, дигар молу мулк) хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиатсияи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 33. Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқонӣ
1. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар асоси баробар дорои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мебошанд. Ҳаққи узвияти суғуртавӣ аз  маблағи  фонди музди меҳнати аъзои хоҷагии деҳқонӣ пардохта мешавад. Хароҷоти воқеии хоҷагӣ, ки ба пешрафти хоҷагии деҳқонӣ алоқаманд аст, аз даромад бароварда мешавад.
2. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо нафақа таъмин карда мешаванд.
3. Давраи дар хоҷагии деҳқонӣ кор кардани аъзои хоҷагӣ ва шаҳрвандоне, ки бо хоҷагии деҳқонӣ шартномаи меҳнатӣ бастаанд, дар асоси сабти дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи узвияти суғуртаи иҷтимоӣ ба собиқаи умумӣ ва бефосилаи кори онҳо  дохил карда мешавад.
4. Фаъолияти меҳнатии аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ кор кардаанд, аз тарафи хоҷагии деҳқонӣ алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.
5. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ бо кӯмакпулии яквақта ва дигар имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
6. Зараре,  ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба шаҳрвандон расонида шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 34. Андозбандии хоҷагии деҳқонӣ
Хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад.
Моддаи 35. Имтиёзҳои хоҷагии деҳқонӣ
Хоҷагии деҳқонӣ  дорои чунин имтиёзҳо мебошад:
-  хоҷагии деҳқонӣ бе пардохти маблағ  ба қайди давлатӣ гирифта мешавад;
- бо тартиб ва шартҳои муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти пайваст кардани иқтидори қувваи барқ, обрасонӣ (бе истифодаи иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ) озод мебошад;
- метавонад дар бонкҳо бе пардохт суратҳисоб кушояд;
- аз бонкҳо кредитҳои имтиёзнок гирад;
-  аз маблағи барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ҷудошуда истифода намояд;
- дигар имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода барад.
Моддаи 36. Ба мерос гузаштани молу мулк ва ҳуқуқи истифодаи замини  аъзои хоҷагии деҳқонӣ
Молу мулк ва ҳуқуқи истифодаи замини аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мерос мегузарад.
Моддаи 37. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ
Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар ин мавридҳо қатъ мегардад:
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин;
- қабул намудани қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар бораи қатъи фаъолияти он;
- дар ҳолати боқӣ намондани ягон аъзои хоҷагии деҳқонӣ ё ворисе, ки  хоҳиши давом додани фаъолияти хоҷагиро дошта бошад;
- бо сабаби муфлисшавӣ;
- ба шакли дигари ҳуқуқию ташкилӣ табдил додани хоҷагии деҳқонӣ.
Моддаи 38. Тартиби барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ
1. Тартиби барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ ва қатъи муносибатҳоро дар заминистифодабарӣ баъди барҳам додани он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Дар сурати барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ молу мулк  ва маблағҳои он барои пардохти музди меҳнати шаҳрвандоне, ки аз рӯи шартнома кор мекунанд, барои пардохт ба буҷет, баргардонидани кредити бонкӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо дигар кредиторон истифода бурда мешавад.
3. Ҳангоми барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ муқаррароти моддаҳои 25 ва 65 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.
4. Молу мулки боқимонда ва маблағи аз фурӯши он ба дастомада ҳамчун моликияти якҷоя боқӣ мемонад ё байни аъзои хоҷагии деҳқонӣ тақсим карда мешавад.
 Моддаи 39. Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ
1. Ассотсиатсия бо роҳи ихтиёран муттаҳид шудани хоҷагиҳои деҳқонии мустақил ташкил меёбад. Ассотсиатсия дар асоси шартнома таъсис дода мешавад. Ассотсиатсия дар асоси оиннома амал намуда, шахси ҳуқуқӣ мебошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қайд гирифта мешавад.
2. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба ҳайати ассотсиатсия дохил мешаванд, мустақилияти худ ва ҳуқуқи истифодаи заминро аз даст намедиҳанд ва амали Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ карда мешавад.
  3. Маҷбуран ба ассотсиатсия дохил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ манъ аст.
Моддаи 40. Идораи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ
1. Мақоми олии идоракунандаи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.
2. Вазифаҳои иҷроия ва фаъолияти ҳамоҳангсозии ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқониро шӯрои ассотсиатсия амалӣ менамояд, ки онро раис роҳбарӣ мекунад.
3. Шӯро ва роҳбари ассотсиатсияро маҷлиси умумии иштирокчиёни он интихоб мекунанд.
Моддаи 41. Фаъолияти истеҳсолию молиявӣ ва хоҷагидории  ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ
1. Барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои худ ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳуқуқ дорад:
 - бо мувофиқаи иштирокчиёнаш дар соҳаи соҳибкорӣ, молия ва қарзу кредит амалҳои умумиро анҷом диҳад;
- бо роҳи ихтиёран ҷудо кардани маблағ захираҳои молиявӣ ва моддӣ ташкил кунад, вазифаҳои истеҳсолию хоҷагиро марказонад;
- бо иштирочиёни ассотсиатсия ва бо дигар шахсон нархҳои ҳисобӣ  ва нархгузориро танзим намояд.
2. Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба ӯҳдадориҳои иштирокдорон ва  дар навбат худ иштирокчиён оид ба ӯҳдадориҳои ассотсиатсия ҷавобгар намебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки ассотсиатсия кафолатро ба зимма мегирад.
3. Тартиби хориҷшавии хоҷагии деҳқониро аз ассотсиатсия шартномаи тарафайн ва барҳамдиҳии ассотсиатсияро оинномаи он муайян мекунад.
Моддаи 42. Ҳалли баҳсҳо дар хусуси қатъ намудани фаъолият ва барҳам  додани хоҷагии деҳқонӣ
Баҳсҳо дар хусуси қатъ намудани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи суд ҳал карда мешаванд.
Моддаи 43.Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2002, №4,  қ. 1,  мод. 299; с. 2006, №3, мод. 163; с. 2008, №6, мод. 462) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 45. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти   Ҷумҳурии
Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009, № 526

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар қироати дуюм

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар қироати дуюм қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 марти соли 2009, № 1269


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 646


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 930

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед