logo

сиёсат

МО ХОСТОРИ ПЕШРАФТУ ПИРӮЗИҲОИ ЭРОН ҲАСТЕМ, АММО…

Халқи тоҷик аз он сипосгузор аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалинҳо шуда Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр расман шинохт. Замоне ки Тоҷикистон дар марҳилаи сангин ва фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, давлати дӯсти Эрон барои ба сулҳу созиш расондани гурӯҳҳои мухолифин саъю кӯшиши тамом ба харҷ дод ва дар истиқрори сулҳи тоҷикон ҳиссаи муносиб гузошт. Гузашта аз ин, дар давраи барқарорсозии паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон ёриҳои беғаразонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сармоягузории пружаҳои мухталифи иқтисодии Тоҷикистон возеҳ дида мешавад, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст.
Бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Зеро тоҷикону эрониён таъриху фарҳанг, забони муштарак доранд ва дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза барои ҳимояи ҳамин рисолати таърихӣ зарурияти ҳамдигарфаҳмӣ, ривоҷи равобити дӯстонаи зичтару қавитари ин ду миллати бародар ногузир гардидааст. Мо, тоҷикон ифтихор дорем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иқтисодиёт ва фарҳанги пешрафта дар ҷаҳон ҷойгоҳи муносибе пайдо кардааст. Дар ин робита, хоҳони онем, ки пешрафту пирӯзиҳои Эрон дар арсаҳои гуногун афзунтар гардад.
Аммо хабари даъват ва суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар Ҳамоиши байналмилалии «Ваҳдати исломӣ» мардуми ноҳияи Тоҷикободро нигарон кард. Аз он ки Муҳиддин Кабирӣ дар Ватани худ бо далелҳои асоснок гунаҳкор эълон шудаву аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ шудааст, чӣ гуна ба ин конфронс даъват ва имкони суханронӣ пайдо кардааст.
Барои мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат неъмати бузургест, ки бо инояти Худованд, талошу фидокориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Имрӯз, ки мамлакат бо баракати ҳамин сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад, Муҳиддин Кабирию ҳаммаслакони ӯ даст ба ошӯб зада, кӯшиши табаддулоти давлатӣ мекунанд. Ин тоифаи нотавонбин мехостанд давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Хушбахтона, бо дастгирии халқи шарифи тоҷик бадхоҳони миллат ба мақсади хеш нарасиданд.
Мардуми кӯҳистони водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод беш аз даҳ сол азияти ҷанги шаҳрвандиро кашиданд ва он солҳо саркардагони мухолифин дар ин водӣ роҳбарони собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буданд. Воқеиятҳои имрӯз нишон медиҳанд, ки дигар мардум ба ин ҳизб эътимод надоранд ва барои ҷомеаи тоҷик комилан нолозим аст.
Пас, Муҳиддин Кабирӣ ё дигар ҳам-маслакони ҷиноятпешаи ӯ ҳуқуқи маънавии аз номи халқ даъвои ин ё онро надоранд ва дар муқобили давлату миллати хеш, фарзандони сарсупурдаи миллат буҳтону туҳмат бофтани онҳо камоли бехирадист. Мо, итминони комил дорем, ки давлатмардони кишвари ба мо дӯсти Эрон ба воқеиятҳои Тоҷикистон баҳои ҳақиқӣ дода, садои дили ҳамзабонону пайвандони хешро мешунаванд, имконият намедиҳанд, ки бо иғвои дасисакорон муносибати ду миллати ҳамкешу бародар халалдор гардад.
Фаъолони ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2016    №: 8    Мутолиа карданд: 483

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед