logo

сиёсат

МУНОСИБАТ БО ДИН БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

Дар шумораи № 102 (1085)-и ҳафтаномаи «Asia-plus» аз 30 декабри соли 2015 пешгӯиҳо барои соли 2016, аз ҷониби рӯзноманигор ва таърихшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат нашр шуда буд. Дар он чанд масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, аз иқтисоду муҳоҷират то таҳдиди ДИИШ-у «Толибон» ва муносибат бо дин дар кишвар. Ин ҷо мехоҳем масъалаи муносибат бо динро баррасӣ намоем.
Нахуст барои мо норавшан аст, ки муносибат бо дин дар замони шӯравӣ чи тавр натиҷаи бад дода буд ва аз рӯйи кадом усул бесамар будани он исбот шудааст. Баъдан, равшан нест, ки муаллиф суханони Карл Маркс, «Дин афюни миллатҳост»-ро чӣ тавр арзёбӣ мекунад. Илова бар ин, агар сиёсати шӯравӣ нисбат ба дин нодуруст буд ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумат нодуруст аст, пас чӣ алтернативаи дигар аз нуқтаи назари муаллиф вуҷуд дорад, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи тоҷик қобили истифода бошад?
Муносибат бо динро дар ҳафтод соли шӯравӣ наметавонем якранг бубинем. Онро метавон ба ду давра тақсим кард. Якум, то Ҷанги дуюми ҷаҳон ва дуюм баъди он. Дар ҳақиқат, дар давраи аввал ҳангоми репрессияҳои маълум муносибат нодуруст ва фоҷиабор буд ва «такрори гузаштае, ки натиҷаи манфӣ дошт, ҳеҷ хубие надорад, на ба давлатмардон ва на ба ҷомеаи тоҷик». Қайд кардан ба маврид аст, ки он муносибати золимона ва он репрессияҳо на танҳо дар муносибат бо дин ва диндорон дида мешуд, балки нисбат ба ҳама қишри ҷомеа буд. Он замон дигарандешон мавриди фишор қарор мегирифтанд ва дар ҳолати камтарин «гуноҳ» кушта ё ба дигар ҷо бадарға мешуданд. Аз ин рӯ, ин давраро бешак метавон давраи «бесамар» ва «бо натиҷагирии манфӣ» дар муносибат бо дин номид.
Давраи дуюми ин муносибатҳо, ки бо оғоз шудан ва ҷараён гирифтани «Ҷанги сард» миёни кишварҳои сотсиалистӣ бо сарварии ИҶШС ва кишварҳои капиталистӣ бо сарварии ИМА рост меояд, натиҷаи хуб дошт ва бо назардошти ба маротиб кам будани таассубу тундгароии динӣ дар ҷомеаи онвақта метавон гуфт, ки босамар ҳам будааст. Дар ин давра, ки мубориза барои ба худ ҷалб кардани кишварҳои исломии Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мерафт, дигар дар муносибат бо дин репрессия набуд. Ҳеҷ кас мақсади нобуд кардани онро надошт ва дар ҳудуди оила таълимоти мазҳабӣ (нисбатан) ва иҷрои расму оини динӣ вуҷуд дошт. Метавон гуфт, ки беҳтарин давраи диндории мардум ҳамон буд, чун ҳар ки ибодат мекард ё рӯза медошт ё куръонхонӣ мекард, аз сидқи дил буда, ягон риёкориву фиреби назари касе дар он набуд ва маҷбурсозиву зулми мазҳабӣ дар ҷомеа тамоман вуҷуд надошт. Дуруст аст, ки кормандони давлатӣ ва омӯзгоронро назорат мекарданд ва ҳангоми иҷрои ибодат ё маросимҳои динӣ сарзаниш менамуданд. Аммо ин кор ҳадафи худро дошт ва ба мақсади пурра сафарбар кардани потенсиали онҳо ба корҳои давлатӣ ва омӯзиши наврасон буд. Дар ин давра мақсади асосӣ дар муносибат бо дин роҳ надодани тарғибгарони дин ба корҳои сиёсӣ, идораи давлатӣ ва омӯзишу парвариш буд, ки фикр мекунам, натиҷаи хуб дошт. Мушкилот пас аз он оғоз шуд, ки дар бозсозии горбачёвӣ ин принсип аз байн рафт ва тарғибгарони дин аввал ба соҳаи маориф ва баъд ба сиёсату идораи давлатӣ роҳ ёфтанд. Яъне мушкил баъди дигар кардани муносибати сиёсӣ нисбат ба дину диндории мардум ва тарғибгарони дин сар зад, ки оқибат ба ҷанги бародаркушӣ расонд.
Суханони Карл Маркс, «Дин  афюни миллатҳост» - ро ҷомеа-шиноси тоҷик Нозим Нурзода ин тавр шарҳ медиҳад: «Ин ҷо намегӯяд, ки динро бояд тамоман аз байн бурд ва нобуд кард. Ин ба он маъност, ки дин монанди афюн дард ё мушкилро рӯйпӯш мекунад, аммо дардро даво намебахшад ва мушкил боқӣ мемонад. Ин ҷо даъват бар он аст, ки дар мушкилоти ҷамъиятӣ агар мардуми одӣ рӯ ба дин оварда, то дараҷае худро ором кунанд, сиёсатмадорон, олимон, омӯзгорон ва коршиносон, бояд тамоман аз он истифода набурда, рӯ ба донишу хирад биёранд ва дар ростои ҳал кардани он мушкилот аз илм ва дастовардҳои муосири илмӣ истифода кунанд». Хуб, агар ҷумлаи зикршудаи Маркс чунин маъно дошта бошад ва даъват ба истифодаи ақлу хирад ва дастовардҳои илми муосир ҳангоми ҳал кардани мушкилоти ҷомеа кунад, беҳтарин кор ва қобили дастгирист.
Мегӯянд «кӯр як бор асояшро гум мекунад» ё «бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир» ва дар пуштибонӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумат дар муносибат бо дин метавон гуфт, ки дар кишвари мо дар замони истиқлол як бор ба хато роҳ додем, фаъолияти тарғибгарони динро беназорат монда, идеологияи диниро вориди сиёсат кардем ва самараи талхи онро бо аз даст додани 150 000 инсон ва хисороти 7 миллиард доллар дидем. Ин таҷрибаи талх солҳои охир дар чанд кишвари мусулмоннишин такрор шуд ва аз ин ҳатман бояд дарси ибрат бигирем, то «баҳри дафъи ҳаводис ба кор» ояд. Бо даъвои он, ки ДИИШ-у Толибону дигару дигар парвардаи ИМА ҳастанд ва ба мову боварҳои мо ягон дахле надорад, мушкил ҳал намешавад. Бале, аз ин гурӯҳҳо абарқудратҳо барои расидан ба ҳадафҳои геосиёсии худ истифода мекунанд. Аммо, ин ҳамон идеологияи динӣ аст, ки аз чор гӯшаи ҷаҳон ҷавононро ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мебарад ва он ҷо ҷонбозӣ ва инсонкушӣ мекунанд. Ҳеҷ вақт як ҷавони мусулмони тоҷик дидаву дониста барои бароварда кардани ҳадафҳои абарқудратҳо падару модари худро партофта, ба Сурия намеравад. Идеологияи демократӣ бо он ҳама бузургӣ чунин қудратро надорад. Идеологияи мазҳабӣ чунин қудратро дорад ва баҳри пешгирии чунин фоҷиаҳо ҳатман бояд фаъолияти тарғибгарони ин идеология таҳти назорат гирифта шавад. Акнун нозирон чӣ тавр муносибат мекунанд, ин дигар масъала аст. Онҳо ҳам ҷузъи ҳамин ҷомеа ҳастанд ва агар якеашон «ба ҷойи салла калла» овард, камбудии шахсии ӯст ва бояд ӯ ҷазо гирад, на ин ки сиёсат ба куллӣ дигар карда шавад. Назорати тарғибгарони мазҳабӣ дар навбати худ як амали пурхарҷ буда, сармояи инсонӣ ва моддии зиёдро талаб мекунад. Ин кори маҷбурист ва назорат накардан ҳазор маротиба хисороти зиёд расонда метавонад. Бинобар ин, муносибати имрӯза бо динро наметавон ба ҳеҷ ваҷҳ душманӣ бо он гуфт. Мақсад аз ин ҳама заҳмат таъмини амнияти кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар қатори арзишҳои мазҳабӣ буда, мавриди қабули бештари шаҳрвандон гардидааст. То кадом дараҷа таъсирбахш ва босамар будани чунин муносибат бо динро вақт муайян мекунад. Дар ҳоли ҳозир шахсан ман алтернативаи дигареро намебинам ва агар рӯзноманигор ва таърихшинос Нуралӣ Давлат алтернативаи дигар дорад, хуб мешуд онро пешкаш мекард.

Меҳр СОБИРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2016    №: 8    Мутолиа карданд: 828

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед