logo

сиёсат

АГАР ХУДОВАНД ХУШБАХТИИ МИЛЛАТЕРО ХОҲАД...

Таърих баёнгари он аст, ки танҳо шахсиятҳои барҷаста бо корнамоиҳои шоёну ибратбахш ва андешаи солиму иқдоми наҷиб дар ташаккулу таҳаввули ҳаёти ҷомеа нақшу мақоми арзанда доштаанд. Дар лаҳзаҳои ҳассостарини таърих ҳар қавму миллат амалӣ гардидани охирин умеду армони худро маҳз ба ташаббус ва иқдоми чунин шахсиятҳо бовар мекунад.

Дар ҳадисе омадааст, ки агар Худованд беҳбуди ҳаёт ва хушбахтии қавму миллатеро хоҳад, шоҳи одилеро болои эшон ҳукмрон мегардонад. Дарвоқеъ, Худованд бори дигар ба халқу сарзамини мо бо назари раҳмати хеш нигарист ва зимоми тақдири фардои миллатро Сарвари одилу хирадманд Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Ин Сарвари муаззам ва некқадам бо муттаҳидсозии миллат, ҳалли буҳрони сиёсӣ дар кишвар, бунёди давлати миллӣ, эъмори сохти конститутсионӣ, барқарор намудани иқтисоди харобгардида, эҷоди фазои баробарҳуқуқӣ, ироаи пешниҳоду таклифҳои шоён аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид доир ба аҳамияти об, ҳифзи муҳити зист, алоқаманд набудани дини мубини ислом бо терроризму ифротгароӣ ва дигар ташаббусҳои созандаи худ дар самту арсаҳои мухталиф ба дили халқ ҳамчун Пешвои миллат роҳ ёфт.
Ба сифати Пешвои миллат пазируфта шудани Эмомалӣ Раҳмон як амри воқеӣ ва комилан мунсифонаест, ки бар ивази ҷонбозиҳояш дар роҳи ҳаёти саодатмандонаи миллат ба даст омадааст. Халқи тоҷик ба Пешвои хеш ба сифати дармонбахши дарди миллат ва бунёдгузори воқеии сулҳу ваҳдати миллӣ менигарад ва ин амал аз сафарҳои ӯ ба шаҳру навоҳии мамлакат ба хубӣ ҳувайдост. Имрӯз миллати тоҷик ба хубӣ воҷибияти амри Президенти мамлакат ва гиромидошти манзалати ӯро дарк намудааст.
Дарвоқеъ, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки буҳрони сиёсиву идеологӣ кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор ва халқҳои муттаҳиду сарҷамъро ба парокандагиву нифоқ мерасонанд, якдиливу якпорчагӣ, ҳусни тафоҳум ва иттиҳоду сарҷамъӣ дар атрофи Пешвои миллат беш аз пеш ногузир аст. Зеро халқи тоҷик ба донишу заковат ва таҷрибаву матонати Пешвои хеш Эмомалӣ Раҳмон эътимод ва эҳтиёҷ дорад.

Афшини МУҚИМ,
корманди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну
маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2016    №: 8    Мутолиа карданд: 523

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед