logo

фарҳанг

ЧАРО ҒАЛАТ МЕНАВИСЕМ?

Чандин сол боз  ҳангоми навиштани номаҳо, посухҳо, вокунишҳо ва таълифи мақолаҳо дар номҳои мақомотҳо, идораву ташкилоту муассисаҳо, мансабҳову  вазифаҳо ба хатоҳои зиёд роҳ медиҳанд. Баъзе аз ин хатоҳо агар аз надонистани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ роҳ ёбанд, қисме қасдан ба амал меоянд. Ин ҳақиқатро бархе аз масъулон худ изҳор доштаанд, аммо роҳи пешгирии мушкилоти мазкур ва ҳалли ин масъалаҳоро мисли ин ки пайдо карда натавонистаанд.

Дар ин гуна таълифот «раисон»-и кумитаҳо, иттифоқҳо, хоҷагиҳоро бо «р»-и калон менависанд. «Вазирон»-ро низ бо «в»-и калон китобат мекунанд. Ректорону директорони муассисаҳои таълимӣ ҳам дӯст медоранд, ки ҳарфи аввали мансабу вазифаашон калон навишта шавад. Агар ҳам нафаре, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикиро медонаду аз рӯи он ариза, дархост, нома ба номашон бинависад, сахт меранҷанд ва ё мепиндоранд, нависанда бесавод мебошад. Бархе аз масъулон таъкиду хоҳиш ҳам мекунанд, ки ҳарфи аввали мансабу вазифаи роҳбарашонро калон бинависанд. Гӯиё бо ин амал эҳтироми роҳбару сарвар ба ҷо оварда мешавад ва шукӯҳу шаҳоматаш коста намегардад.
Аз рӯи дастури «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудааст, дар мавриди ин номҳои мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ, аз қабили бо ҳарфи калон навиштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо ҳарфи  калон навишта шаванд. Инчунин дар ин қоида эзоҳ дода шудааст, ки номи вазифа, мансаб, унвон, рутбаҳои давлатӣ ва ҳарбӣ, аз ҷумла  вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиши миллӣ, бо ҳарфи хурд навишта мешаванд.
Ба ҷуз ин эзоҳ дода шудааст, ки номи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, номи факултету кафедраҳо, шуъба ва бахшҳои муассисаҳои илмӣ, маъмурӣ ва монанди инҳо бо ҳарфи хурд навишта мешавад».
Ба пиндори ин ҷониб зарур аст, ки масъулон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро китоби рӯимизии худ қарор бидиҳанд ва талаботи онро риоя бинамоянд. Беҳтар мебуд, ки ба хотири беғалат навиштан дар ин гуна идораву ташкилоту муассиса ва мақомот барои мутахассисон, яъне филологҳо як воҳидӣ ҷойи корӣ таъсис бидиҳанд.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2016    №: 9    Мутолиа карданд: 531

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед