logo

фарҳанг

АЗ АНГУШТОНАШ НАВО МЕРЕХТ

Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдуфаттоҳ Одинаев дар Кангурт – мавзеи дорои суннатҳои бойи мусиқӣ чашм ба дунёи ҳастӣ во намудааст. Қобилияти дарки мусиқӣ дар вуҷуди ӯ хеле барвақт зоҳир гардида, садои най ва дутор, суруди ҳофизони мардумӣ дар хотири ӯ абадан нақш гузоштаанд.

Дар тақдири бачаи 11- сола вохӯрӣ бо ҳофизи маъруфи мардумӣ Акашариф Ҷӯраев нақши ҳалкунанда бозид. Вай истеъдоди нотакрори Абдуфаттоҳро дарк карда, ӯро ба Душанбе, ба мактаб - интернати ҷумҳуриявии бачагона меорад. Дар ин ҷо А. Одинаев ба навохтани асбоби мусиқии скрипка оғоз намуда, аввалин дарсҳои композитсияро низ аз композитори машҳур А.С. Ленский омӯхт. Имконоти фарохи ӯро дар ин самт дида, ба  шуъбаи композитории Консерваторияи давлатии  Москва ба номи П. И. Чайковский фиристодандаш. Абдуфаттоҳ гурӯҳи профессор А. Н. Александров таҳсил намуда, ба навиштани аввалин асарҳои мусиқии худ оғоз намуд.  А. Одинаеви табиатан хеле боистеъдод аз хурдтарин пйесаҳои фортепианӣ ва сурудҳои бачагона сар карда, ба зудӣ ва муваффақона ба эҷоди асарҳои бузург гузашт. «Увертюраи ҷавонӣ»  барои оркестр, кантатаи якқисма ва ниҳоят, симфонияҳо эҷод кардан гирифт.
Дар воқеъ, Абдуфаттоҳ Одинаев якумин композитори тоҷик аст, ки ба жанри мураккаби симфония рӯ овардааст. Тафаккури симфонии эҷодкор дар асоси хусусиятҳои миллӣ ва омезиш бо заминаи полифонӣ равшан падидор мегардад. Ҳамзамон, дар асарҳои симфонии ӯ оҳангҳои мардумӣ ҷозибаи худро нигоҳ медоранд. Достонҳои симфонии «Ленин дар Помир» ва «Ҳисори ман» асарҳое ҳастанд, ки бо сурудҳои мардумии тоҷикӣ алоқамандии зич дошта, дар барномаҳои консертӣ то ҳоло иҷро мешаванд.
А. Одинаев ҳамеша дар пайи такмили дониш, малака ва маҳорати эҷодии хеш буд. Пас аз хатми консерватория ба аспирантураи Донишкадаи давлатии мусиқӣ – омӯзгории ба номи Гнесинҳо дохил шуда, таҳти роҳбарии Н. И. Пейко операи «Парасту» - ро дар асоси достони Жола Бадеъ меофарад. Опера чанде пас (соли 1970) дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта шуд.
Мусиқии барои синамо офаридаи ӯ воқеан ҳам беҳтарин саҳифаҳои ин жанрро ташкил медиҳад. Бо истифода аз  оҳангҳои мардумӣ барои офаридани образҳои барҷастаи синамо хидмати босазо кардааст. Дар маҳбубият пайдо намудани филмҳои «Хиёнат», «Фошкунӣ» ва «Вохӯрӣ дар дараи марг» - и киностудияи «Тоҷикфилм» саҳми оҳангсози онҳо арзандаи таъкиди ҷудогона аст.
А. Одинаев ба жанри сюита низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Асарҳои вокалӣ - симфонии ӯ «Чорзарб», «Ман доғ», вокалӣ - рақсии «Азизам  омад», «Суруди кӯҳсор», «Гулғунчаи баҳор», «Хуш набошад» бо истифодаи фаровони оҳангҳои фолклориашон фарқ мекунанд.
А. Одинаев беш аз 150 суруд эҷод кардааст, ки ҳар яке ҷаззобияти хоси худро дорад. Ӯ сарояндаву навозандагони хушовоз ва чирадастро хеле дӯст медошт. Аз ин рӯ, асарҳои зиёде барои ҳунармандони дилписандаш навиштааст.  Ҳини офаридани суруд барои ин ё он сароянда кӯшиш менамуд, ки оҳанги офаридааш  бо овозу услуби сароянда мутобиқат намояд. Ҳамин усулро ҳангоми офаридани оҳангҳои алоҳида барои навозандагон низ риоя мекард. Оҳангҳои офаридаи ӯ бо садои нотакрори булбулони Шарқ Аҳмад Зоҳир, Зоҳир Ҳувайдо, Нигина Рауфова ва Мастона Эргашева ҷӯр гашта, қалби ҳазорон шунавандаро тасхир намуда, дар ёдҳо ба таври абадӣ нақш бастаанд. Сарояндагони тоҷик Тоҷиддин Муҳиддинов, Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова, Маҳбуба Боҳирова ва Сурайё Қосимова аз зумраи овозхононе ҳастанд, ки композитор махсус барои онҳо оҳангҳои рӯҳнаво офаридааст.  
Худи А. Одинаев муътақид буд, ки маҳз ҳамин гуна ҳамкориҳо санъати мусиқии касбиро рушд медиҳанду ҳаёти фарҳангии кишварро рангоранг месозанд, ҷомеаро ба сӯйи маънавиёти воло раҳнамоӣ мекунанд. Абдуфаттоҳ Одинаев тамоми умр аз рӯйи ҳамин принсип амал намудааст. Мутаассифона, на ҳамаи орзуҳову ниятҳои неки ин эҷодкори нотакрор ҷомаи амал пӯшид. Новобаста аз ин, садои қалби ноором ва рӯҳи беқарораш, ки бо садои рӯдҳо ва боди кӯҳсорони диёраш  ҳамнабз буда, зебогии онро тараннум менамояд, ҳамеша дар фазои кишвар танинандоз хоҳанд буд.

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2016    №: 9    Мутолиа карданд: 614

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед