logo

ҳуқуқ

САРКАШӢ АЗ АНДОЗ ГУНАҲГОРОНРО ПАСИ ПАНҶАРА БУРД

Қобили зикр аст, ки дар айни замон нақши соҳибкорони ватанӣ дар пешрафту шукуфоии кишвар, аз ҷумла бунёди даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, гулгашту хиёбонҳои нав, чашмрас аст. Вале дар баробари соҳибкорони бонанг нафароне ҳастанд, ки танҳо манфиати шахсиро дар мадди аввал гузошта, аз иҷрои уҳдадории худ - пардохти маблағҳои андоз саркашӣ мекунанд. Ҳарчанд дар асоси моддаи 45 - и Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад”.

Чунончи, санҷишу таҳлилҳои прокуратураи вилояти Суғд дар ин самт якчанд камбудиҳоро ошкор кард. Маълум шуд, ки баъзе аз соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба воридот, харидуфурӯши молу маҳсулоти гуногун машғул шуда, манфиати хуби иқтисодӣ ба даст меоранд. Вале бинобар сари вақт пешниҳод накардани эъломияҳои андоз ба мақомоти андоз ва ё пешниҳод кардани маълумоти беасосу бардурӯғ оид ба даромаду хароҷоти маблағҳо, аз пардохти андозҳои миқдори калон ва махсусан калон саркашӣ карда, ба буҷети давлат зарари зиёди молиявӣ мерасонанд.
Соли 2015 аз тарафи прокуратураи вилоят якҷо бо мақомоти андоз 12 ҷинояти саркашии субъектҳои хоҷагидор ошкор шуд, ки аз пардохти андозҳо ба маблағи умумии 10,9 миллион сомонӣ саркашӣ намудаанд. Танҳо дар 5 ҳолат маблағҳои пинҳонкардашуда зиёда аз 1 миллион сомонӣ буда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуд.   
Дар робита ба масъалаи мавриди назар, прокуратураи вилояти Суғд бо ҷалби мутахассисони Раёсати андози вилоят фаъолияти ҶДММ “Зубен Инвест”- и ноҳияи Ҷаббор Расуловро мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш нишон дод, ки З. Ниёзалиев бо таъсис додани ҷамъияти мазкур аз 7 августи соли 2012 фаъолияти худро оғоз бахшида, ба воридоту фурӯши маҳсулоти нафтӣ машғул шудааст. Ӯ огоҳона маълумоти бардурӯғро ба мақомоти андоз пешниҳод намуда, бо роҳи фиреб аз пардохти андоз ба маблағи 1, 3 миллион сомонӣ канораҷӯӣ кардааст. Оид ба ин ҳолат 31 марти соли 2015 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбат ба З. Ниёзалиев ҷиҳати саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо бо банди “б” қисми 2 моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуда, ниҳоят бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муҳлати ду сол равонаи зиндон шуд.
Ҳамчунин, аз тарафи прокуратураи вилоят, якҷо бо ҷалби мутахассисони мақомоти андоз дар фаъолияти ҶДММ “Ободкор 88”- и шаҳри Хуҷанд санҷиши риояи қонунгузории андоз татбиқ гашт. Ошкор шуд, ки шаҳрванд Қодиров Фирӯз бо нияти фаъолияти соҳибкорӣ ҶДММ “Ободкор 88”- ро созмон дода, бо воридот ва фурӯши молу маҳсулот машғул мешавад. Вале ба мақомоти андоз умуман эъломияҳоро пешниҳод накарда, андозҳоро ба маблағи 1, 3 миллион сомонӣ напардохтааст. Оид ба ин ҳолат 18 марти соли 2015 аз тарафи прокуратураи вилоят дар асоси банди “б” қисми 2 моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд Қодиров Фирӯз 3 солу 6 моҳ аз озоди маҳрум гардид.
Ба ин монанд нисбат ба 10 субъекти хоҷагидор барои саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағҳои калон ва махсусан калон бо моддаҳои 292 ва 293 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, як қисми онҳо бо ҳукмҳои суд маҳкум ва қисми дигарашон дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ қарор доранд.

Пардазода МАҲМАДАЛӢ,
сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз
ва гумруки прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи 2,
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2016    №: 9    Мутолиа карданд: 478

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед