logo

ҳуқуқ

ТАРҒИБОТ ВА КОҲИШИ ҶИНОЯТКОРӢ

Кормандони прокуратураи вилояти Хатлон дар соли 2015 ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ, шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав як қатор чораҳои судмандро пиёда намуданд. Вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз дар байни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, донишҷӯён, хонандагони коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯриҳо гузаронда шуд.

Ба манзури дуруст дарк намудани аҳамияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи мубориза бо терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои амалӣ андешида шудаанд.
Тавре маълум аст, айни замон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ҳамроҳшавии ҷавонон ба онҳо яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа гардидааст. Прокуратураи вилоят ба ин масъала, бахусус, саривақт ҷилавгирӣ намудани ҷавонон аз пайвастшавӣ ба созмонҳои тундагаро таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, корҳои амалӣ анҷом додааст. Кормандони прокуратура дар баробари корҳои санҷишию тафтишотӣ ҳамчунин корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонон ба роҳ монда, дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрию сӯҳбатҳои хосаи тарғиботӣ анҷом медиҳанд, то ба ин васила аз пайвастшавии ҷавонони ноогоҳ ба ҷараёнҳои ифротгаро пешгирӣ шавад. Соли гузашта бо эҳтимоми прокуратураи ноҳияи Бохтар конфронс дар мавзӯи “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баргузор шуд, ки ин масъалаҳо мавзӯи меҳварии ин ҳамоиш буд.
Бо мақсади нишон додани оқибатҳои сангини узвият дар созмонҳои террористию ифротгароӣ барномаҳои вижаи телевизионӣ бо иштироки истиқоматкунандагони ноҳияҳои Шаҳритуз Н. Набиев, Қубодиён С. Абдуллоев ва С. Нуров намоиш дода шуд, ки онҳо узви гурӯҳҳои ифротӣ гашта, баъдан бо пушаймониву хиҷолат ба Ватан баргаштаанд. Барномаҳо саргузашти талхи ин ҷавононро рӯнамоӣ карда, ҳушдори амиқе аз оқибатҳои сангини чунин кӯтоҳандешӣ буд. Ин афрод, ки муддате дар сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” буданд, эътироф мекунанд, ки ба дасти ҷангиёни ин гурӯҳ асосан мусулмонон қурбон мешаванд. Барои онҳо ҳаёти инсон, фарҳангу маънавиёт арзише надорад ва аксари гумроҳшудагон ҳанӯз ҳам намедонанд, ки барои чӣ ва барои кӣ меҷанганд?.
Прокуратураи вилояти Хатлон дар баробари мубориза бо ин ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, пешгирии ҷиноятҳои вазнин соли 2016 низ талош хоҳад кард, ки корҳои тарғиботӣ, ҳамчун омили асосии коҳиш додани ҷинояткорӣ дар ҷомеа васеъ ба роҳ монда шаванд.
Варқа ЗАЙНИДДИНОВ,
ёрдамчии калони
прокурори вилоят,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2016    №: 10    Мутолиа карданд: 626

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед