logo

фарҳанг

ДИҚҚАТ, НУСХАҲОИ ХАТТӢ КИТОБҲОИ ОММАВӢ НЕСТАНД

Ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ  дар соли 1953 «Дар бораи ҷамъоварии осори хаттӣ» фармон содир намуд ва дар зимни он таъкид шуд, ки ҳамаи осори хаттие, ки ҳанӯз аз солҳои 30 - юми асри ХХ дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ нигоҳ дошта мешуданд, ба ихтиёри Академияи илмҳои Тоҷикистон супурда шаванд. Албатта, ин фармон саривақтӣ буд ва дар як маркази илмӣ нигоҳ доштани ҳамаи нусхаҳои хаттии мавҷуда масъалаи зарурӣ шумурда шуд, зеро бо ин тадбир нусхаҳои хаттӣ аз хароб шудан ва ё нобуд гардидан эмин монданд.

Қобили қайд аст, ки  дар ҳоли ҳозир нусхаҳои хаттӣ аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллӣ харида мешаванд, ки аз тарафи вазорати фарҳанг маблағгузорӣ мешаванд.
Бояд одилона қазоват намуд, ки нусхаҳои хаттӣ, китобҳои оммавӣ набуда, фақат аз тарафи донишмандони соҳаи матншиносӣ ва нусхашиносӣ мавриди таҳқиқ қарор гиранд, зеро баъзан нусхаҳо дар зоти худ ягона мебошанд ва дастраси омма қарор додани онҳо, аз эҳтимол дур нест, ки нобуд шаванд. Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ имконоти фанниро барои поксозӣ ва безарар гардондани, нусхаҳои хаттӣ баъди харидан надоранд.
 Ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои гаронбаҳои ниёгонамон на фақат ба мақсади аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доштан, балки таҳти таҳқиқу баррасии олимон ва донишмандон қарор гирифтани онҳо мебошад, ки дар натиҷаи пажӯҳишу таҳқиқ баъзе саҳифаҳои ҳанӯз норавшани таъриху фарҳанги халқи тоҷик муайян мегардад.
Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дорои лабораторияи муҷаҳҳази замонавӣ буда, поксозӣ ва безараргардонии нусхаҳоро таъмин менамояд. Бояд таъкид кард, ки ҳамаи китобҳои тозахаридоришуда ниёз ба поксозӣ ва безарар гардондан аз гарду хоки садсолаҳо ва муриёна (кирми коғаз) доранд. Чунин имконият фақат дар ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.
Дар ҳоли ҳозир Ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дорои 5800 ҷилд нусхаи хаттӣ мебошад, онҳо ба миқдори 30 ҳазор номгӯй асарҳоро дар бар мегиранд. Аз ин ҷумла, фақат дастнависҳои ба забони тоҷикӣ - форсӣ навишташуда ба миқдори зиёда аз 25000 ва ба забони арабӣ 4500 номгӯи асар ва боқӣ ба забонҳои туркӣ ва ҳатто нусхаи ягонаи «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ ба забони кипчоқӣ таълифшуда мавҷуд  мебошанд.
Дар китобхона беҳтарин намунаҳои хаттотии хушнависони маъруф, мисли Султоналии Машҳадӣ, Мир Имод, Миралӣ ва дигарон мавҷуд мебошанд.
Ҷуғрофияи таълифи дастнависҳо ва китобати онҳо хеле васеъ мебошад, ки аз маданияти баланди китобдорӣ ва китобнигории мардуми Машриқзамин шаҳодат медиҳад. Ин мероси гаронбаҳо ососан дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон, Қафқоз, Сариқули Чин ва ҳатто Поволжеи Руссия таълиф ва китобат гардидаанд, ки дар он замон забони форсӣ – тоҷикӣ хеле мураввиҷ буда, дар таҳкими муносибатҳои адабӣ ва маданӣ нақши босазое бозидааст.
Нусхаҳои ганҷинаи мо давраи аз асри ХIII то ХХ - ро дар бар гирифта, мазмуну мундариҷаи онҳо ҳам хеле васеъ буда, тақрибан тамоми соҳаҳои илми ин давараро фарогиранд.
Таҳлилу омӯзиши нусхаҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки дар байни ин маҷмӯаи дастнависҳо осори нодир ва хеле қадимию комил мавҷуданд. Қадимтарин нусхаи хаттии ганҷинаи дастнависҳои Академияи илмҳо китоби «Бӯстону-л-орифин» - и Абулайси Самарқандӣ, тарҷумаи тоҷикӣ - форсии «Таърихи Табарӣ» - и Абуалӣ ибн Абулфазли Балъамӣ, «Ат-Тафҳим» - и Абурайҳони Берунӣ, «Кимиёи саодат» - и Муҳаммади Ғаззолӣ, куллиёти Саъдии Шерозӣ мебошанд. Ин навъи дастнависҳо воқеъан нусхаҳои боэътимодтарине мебошанд, ки то ба замони мо ба шакли мукаммал расидаанд.
Дар ганҷинаи мазкур инчунин дастнависҳо аз минтақаҳои дигар ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар бораи  онҳо ва муаллифонаш ягон маълумоти дақиқ дар ягон феҳристи машҳури дунё мавҷуд нест. Дар қатори чунин дастнависҳо «Мақомот» - и Шайх Абусаид Абулхайр (таърихи таълиф соли 1403), «Шарҳ ал-муғони» - и Абумуҳаммад Мансур (таърихи таълиф асри XIV), «Маҷмаъ -ул-қасоид» (асри XVI), «Рисолаи кофия» - и Нуриддин Аҳмад ва «Рубоиёти мутафарриқа», Девони ашъори, «Соқинома» ва «Искандарнома» - и Ҳоҷи Ҳусайн ибн Иноят Баззозии Саноӣ ва дигаронро метавонем ном бибарем.
Баъзе нусхаҳо дорои аҳамияти хос мебошанд, зеро дар замони ҳаёти муаллифонаш ва ё каме дертар аз вафоташон китобат шудаанд. Ба таври мисол нусхаи «Нафаҳот ал-унс мин ҳазрат ал - қудс» дар замони ҳаёти Абдурраҳмони Ҷомӣ, нусхаи «Чаҳор девон» ва «Лисон ут-тайр» - и Алишери Навоӣ дар замони дар қайди ҳаёт буданаш, «Иёри дониш» - и Абулфазл Алломӣ, ки баъди панҷ сол аз вафоташ тадвин шудааст, намунаи чунин дастнависҳо мебошанд. Нусхаи беҳтарини «Куллиёт» - и Убайди Зоконӣ бо намунаи беҳтарин ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ дар ҳошияи он баъди 35 соли вафоти шоир китобат шудааст.
Дар Ганҷинаи дастнависҳо нусхаҳои хаттие мавҷуданд, ки то ба замони мо як ё ду нусхаи онҳо расидаанд. Нусхаи  маснавии «Шахриёрнома» - и Усмон Мухтори Ғазнавӣ аз ҷумлаи чунин дастнависҳо мебошад. Нусхаи дуюми ин китоб дар осорхонаи Британия Кабир маҳфуз аст, вале нусхаи мо нисбатан мукаммалтар аз нусхаи британиягӣ мебошад. Нусхаи девони ашъори Сузании Самарқандӣ бо дастнависи худи шоир муқоиса шуда, ихтилофи мавҷуд ислоҳ шудааст.

Қ. ЭЛЧИБЕКОВ,
корманди пешбари
илмии Институти
забон,адабиёт, шарқшиносӣ
ва мероси хаттии АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2016    №: 10    Мутолиа карданд: 540

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед