logo

сиёсат

РАФТОРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ Ё ЧАРО ИФРОТИЕ ДАР ЭРОН БОЛОНИШИН ШУД?

Замоне хати таърих фарохтар ва ба маротиб паҳнтар аз марзҳои кунунии Тоҷикистон, Эрону Афғонистон буд ва сарзаминҳои дигареро низ дар бар мегирифт. Парокандагиҳо боис шуд, ки пораҳои азиму арзишманде аз хокамонро аз даст диҳем. Хушбахтона, муҳимтарин чизе, ки ҳанӯз ҳам муҷиби ягонагии мост - ин забону фарҳанг,  урфу одат ва таърихи ҳамсонамон мебошад. Ҳамгироии беш аз пеши кишварҳои ҳамзабон аст, ки сарфи назар аз сиёсатҳои ба куллӣ мутафовит равобити дӯстиашон бештар ҷараён дорад.

Вале барои мо ғайричашмдошт аст, ки имрӯз кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрон аз ҳизби террористӣ ва экстремистии дар Тоҷикистон фаъолияташ қатъгардида пуштибонӣ намуда, роҳбари худхондаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро бо ҳайати ҳамроҳаш барои ширкат дар 29-умин Конфронси байналмилалии «Ваҳдати исломӣ» ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намуд.
Чунин рафтор барои Тоҷикистон ғайри қобили қабул буд. Зеро аз ҳизбе даъват ба амал овард, ки нақшаҳои хиёнаткоронааш мардуми сарбаланди тоҷикро нигарон кард. Бо сипарӣ шудани муддати зиёде шахси ба ном ҳомии ислом Муҳиддин Кабирӣ, ки аз мардуми тоҷик пинҳон мегашт, дар Эрон пайдо шуд ва хост танҳо манфиати худро тавассути ин кишвар бароварда гардонад ва ҳадафҳои аҷнабиёнро дар дохил пиёда кунад. Ҳамзабонони мо Ҳизби ифротгарои наҳзати исломии Тоҷикистонро бо ҳамон ақоиди ботил ҷонибдорӣ карданд. Магар давлати ҳамфарҳанг фаромӯш кардааст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳизби наҳзат ба хотири ҳимояи манфиатҳои бегонагон баромад карда, дӯсту бародарро ба ҳам душман сохта буд. Давлати тозаистиқлолро ба вартаи парокандагӣ бурд. Имрӯзҳо Эрон ҳизби ифротгарро, ки бо ҷомаи наву ақидаи куҳна дар хориҷ фаъолияти тахрибкорона мебарад ва ба аъмоли нобахшиданӣ даст дорад, дар Теҳрон болонишин мекунад. Кирдори собиқ ҲНИТ-и исломситез ҳанӯз ҳам солҳои ҷанги шарҳрвандӣ маълум буд ва соли сипаришуда низ  бори дигар собит сохт, ки манфиатҳои миллии халқи тоҷикро пушти по задааст. Он замон бо дастгирии хоҷагон чанд нафари бегуноҳро ба қатл расонд. Пас, чаро давлати ҳамдину ойин Ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад, дар ҳоле ки ин ҳизб тамоми қувваи худро барои парокандагии халқи тоҷик равона кардааст.

С. ОРИЁНФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2016    №: 10    Мутолиа карданд: 513

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед