фарҳанг
КИТОБДОР
Китоб ва китобдорӣ яке аз рукнҳои асосии маънавиёти мардум буда, барои баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Барномаи фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 - 2015 асоси кори ҳамаи китобхонаҳои ҷумҳурист, ки тадбиқи амалии он имсол ба поён мерасад. Дар ин муддат, фаъолияти китобдорӣ дар шароити нави тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар беҳтар шуд. Бо мақсади шинос шудан бо шароит ва сатҳу сифати хизматрасонӣ аз китобхонаҳои марказонидашудаи шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода дидан намудем.
Дар суҳбат бо мо директори китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳр, китобдори собиқадор Гавҳар Саидова маълумоти тахассусӣ, пешравию камбудӣ, дурнамо ва пешниҳодҳои ҷолиберо доир ба китобхонаву китобдорӣ пайгирӣ намуд, ки ба фаъолияти ҳаррӯзаи тамоми китобхонаҳои кишвар рабт дорад.
Аз таҷрибаи корӣ медонам, ки солҳои 2000 - ум таваҷҷуҳи хонандагон ба китобу китобхона зиёд набуд. Робитаи онҳо на танҳо бо китобхона, балки бо тамоми муассисаҳои фарҳангӣ коҳиш ёфта, рӯҳияашон бо мушкилоти рӯзгор печидагӣ дошт. Аммо, хушбахтона, шурӯъ аз соли 2005 сафи хонандагон зиёд гашт ва ин ба фаъолшавии кори китобхонаҳои ноҳиявию ҷамоатӣ оварда расонд. Дар шаҳри Турсунзода ҳоло 33 китобхона, аз ҷумла 5 китобхона дар ҳудуди шаҳр, 2 китобхонаи бачагона ва 28 китобхонаи дигар дар ҷамоатҳои деҳот амал мекунад. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 16 675 нафар хонанда аз адабиёти китобхонаҳои шаҳр истифода бурданд. Шуъбаи фарҳанги шаҳр 216 ва худи китобхона 127 номгӯ китоб харидорӣ намуда, фонди китобхонаро ғанӣ гардонд. Бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода шуъбаи электронӣ бо модемҳои интернетӣ таъмин гашта, барои хонандагон хизматрасонии ройгон пешниҳод карда шуд. Бо вуҷуди ин, талаботи хонанда рӯзафзун буда, норасоии китобҳои бадеӣ ва тахассусӣ эҳсос мешаванд.
Азбаски шаҳри Турсунзода ба пойтахт наздик аст, донишҷӯёни соҳаҳои гуногун рӯзҳои шанбеву якшанбе аз пойтахт баргашта, ба китобхонаи мо меоянд. Вобаста ба эҳтиёҷи онҳо баъзе китобҳоро наметавон дарёфт. Бавижа, оид ба техникаву технологияи иттилоотӣ камтар дастрасӣ дорем. Аз ҳамин сабаб, кори нахустине, ки бояд кунем, дар шакли фиттаҳо (диск ва маводи сабтшуда) дастрас намудани китобҳои бадеиву тахассусӣ аз Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст. Ин иқдомро чанд сол қабл бо ташаббуси Шариф Тошов, собиқ муовини директори Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ карда будем ва натиҷаҳои хуб ҳам дода буд. Фиттаҳо бо ғунҷоиши зиёд, фарогирии маълумоти бешумор ва арзону камхарҷ буда, бартариҳои зиёд доранд.
Албатта, дар баробари ин шароити биноҳои китобхонаҳои дар деҳот буда, беҳбудӣ мехоҳад, ки фикр мекунам, марҳила ба марҳила ҳалли мусбати худро меёбад.
Масъалаи муҳими дигар, сатҳи таълиму тарбия ва завқи эстетикии китобдорон аст. Дар ин робита, тайёр кардани мутахассисони варзида аз тарафи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба мақсад мувофиқ мебуд. Зеро зиёд шудани меҳри хонанда ба китобу китобхона аз ҳар ҷиҳат ба китобдор вобаста асту китобдор чароғи китобхонаро мемонад. Китобдор метавонад сарфи назар аз шароит ва муҳит хонандаро ба китобхона ҷалб намояд, адабиёти нодиру камёфтро аз китобхонаҳои дигар дарёбад ва ё ҳадди ақал хонандаро ба суроғи китобхонаҳои дигар раҳнамун созад. Барои ин, мустаҳкам будани робитаи китобхонаҳои ҷамоатӣ, шаҳрӣ ва марказӣ зарур аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.01.2016 №: 10 Мутолиа карданд: 510