logo

сиёсат

ПЕШВО - БАҲОИ ТАЪРИХ БА ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХОФАР

Таърих дар хотира ҷойгоҳ ва манзалати шахсиятҳои бисёрро сабт намудааст, ки бо зоҳир намудани корномаҳои сиёсӣ дар таҳаввулоти замонаҳо аз ҳар нигоҳ нақши муассир гузоштаанд. Агар мо ба гузаштаи миллатҳои мутамаддини ҷаҳон аз ин равзана назар афканем, мебинем, ки мақоми шахсиятҳо дар офариниши таърих ва раҳнамоии миллату халқиятҳо ба сӯи бунёдкориву созандагӣ хеле бузург ва таъсиргузор будааст.
Ҳарчанд сиёсати хонадони Сомониён аз ҳар нигоҳ мавриди эътирофи коршиносон ва пажӯҳишгарони сиёсати ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ин амр, пеш аз ҳама, вобаста ба ҳузури шахсияти мунири Амир Исмоили Сомонӣ марбут аст, ки имрӯз ҳам барои миллати мо ба унвони раҳнамо тақдир мешавад. Агар ба таърихи наздик ба 25 - солаи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дидаи басират бингарем, ба равшанӣ ҳувайдост, ки Сарвари давлат шоистагии хешро дар мақоми Пешвои миллат собит намудааст. Исботи касби ин мақом ба Президенти мамлакат бо вуҷуди ҳуҷҷату санад, аллакай қалбан ва фикран мардуми кишвар ӯро ҳамчун Пешвои миллат қабул кардаанд.
Мусаллам аст, ки ҳама гуна миллат аз халқият ва аҳолии дорои одоб ва суннатҳои гуногун таркиб ёфтаанд ва ҳастиву бақои давлатро танҳо ваҳдати ин мардум метавонад таъмин намояд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо оғози фаъолият дар мақоми роҳбари Тоҷикистони дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ ғарқшуда, бо умеду бовар ба неруи созандаи мардум ва хиради азалии миллии тоҷикон ба халқи азизи хеш аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ваъдаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ намуд ва хушбахтона, ҳамин неъмати бебаҳоро барои мардуми хеш ҳадя кард. Мардуми тоҷик ҳам бо такя ба хирад ва андешаи ояндасози сарвари хеш дар атрофи ӯ муттаҳид гардида, ин роҳи равшани пешгирифтаи раҳнамои худро бо сарбаландӣ тай намуданд. Ба ибораи дигар, аллакай аз ҳамон оғози роҳ халқи тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон аз самими дил чунин пешворо шинохта, ихтиёри хешро ба дасти раҳбари сулҳофарин супурд.
Анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, тантанаи сулҳу ваҳдат ва ташкили давлати воқеии Тоҷикистон дар марҳалаи нави таърихӣ, ки аз ҷониби беш аз 150 кишвари олам эътироф гардид, маҳсули хидматҳои ҳамин шахсияти содиқ ба давлату миллат мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки ин манзалати таърихии Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо халқи тоҷик, балки аксари чеҳраҳои сиёсии ҷаҳони муосир ва тоҷикони бурунмарзӣ низ ба дурустӣ шинохтаанд ва пазируфта шудани Сарвари давлат ба ҳайси раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аз ин мақом ва ҷойгоҳи баланди эҳтиром дарак медиҳад. Ин анҷумани бонуфузи дорои мақоми ҷаҳонӣ, ки бештар ҳамсол ба истиқлолияти миллии тоҷикон буда, солҳост намояндагони миллати моро дар олам зери парчами ваҳдати миллии хеш сарҷамъ намудааст, бидуни ин ҳама расмиятҳо аллакай Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони пешвои худ пазируфта, мақоми таърихиашро дар сарнавишти на танҳо тоҷикону тоҷикистониён, балки тоҷикони ҷаҳон арҷгузорӣ кардааст. Пазироии тамоми узви ин анҷуман аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарвари хеш таъкидест ба эътироф ва бозшиносии ҳаммиллати мо дар ҷаҳон чун пешво ва раҳнамои миллат.
Имрӯз, ки мо дар айёми ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои фикриву сиёсии ҷаҳони муосир қарор дорем, миллати мо воқеан ба эътирофи расмии чунин пешвое, ки аллакай дар қалбҳои мардум ин мақомро соҳиб шудааст, ниёз дорад. Танҳо ҳузури чунин шахсиятҳои таҷрибадида, дар саҳнаи сиёсат озмудашуда ва соҳиби мактаби неруманди сиёсии хеш, ки ба хиради азалии миллӣ такя мекунад, метавонад роҳи дурусту равшанро бароямон имрӯзу фардову фардоҳои дигар нишон диҳад. Ғояҳои дурнигаронаи мактаби сиёсатмадории чунин пешвои сиёсӣ, ки ба андешаву афкори пешқадами ниёкон, назарияҳои давлатдории миллии таҷассумёфта дар таълимоти давлатмардони гузашта ва сиёсатмадорони пешқадами сатҳи ҷаҳонӣ такя мекунанд, барномаи фардои зиндагии шоистаи ҳар яки мо ва наслҳои оянда дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллӣ хоҳад буд.
 

Анвар МАҚСУДОВ,
 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2016    №: 10    Мутолиа карданд: 481

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед