logo

фарҳанг

САҲИФАИ «ШОМИ ШАНБЕ»

Саъдии ШЕРОЗӢ
ҲИКОЯТ

Порсозодаеро неъмати беканор аз таракаи Аммон ба даст афтод. Фисқу фуҷур оғоз кард ва мубаззирӣ пеша гирифт. Филҷумла намонд аз соири маосӣ мункаре ки накард ва мускире ки нахӯрд.
Боре ба насиҳаташ гуфтам:
- Эй фарзанд, дахл оби равон асту айш осиёи гардон, яъне харҷи фаровон кардан мусаллам касеро бошад, ки дахли муайян дорад.

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,
Ки мегӯянд маллоҳон суруде:
«Агар борон ба кӯҳистон наборад,
Ба соле Даҷла гардад хушкрӯде».
* * *

Дар таснифи ҳукамо овардаанд, ки каждумро валодат маъҳуд нест, чунон ки дигар ҳайвонотро, бал аҳшои модарро бихӯранд ва шикамашро бидаранд ва роҳи саҳро гиранд ва он пӯстлохҳо, ки дар хонаи каждум бинанд, асари он аст. Боре ин нукта пеши бузурге ҳамегуфтам, гуфт:
- Дили ман бар сидқи ин сухан гувоҳӣ медиҳад ва ҷуз ин натавон будан. Дар ҳолати хурдӣ бо модару падар чунин муомилат кардаанд, лоҷарам дар бузургӣ чунин муқбиланду маҳбуб.

Писареро падар насиҳат кард,
К - Эй ҷавонбахт, ёд гир ин панд;
Ҳар кӣ бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дӯстрӯю давлатманд.

 


АСРОРИ АСПИ ТРОЯ
(Идома)
Аз рӯи мифологияи баъдина Ахилл аз тири  Парис, ки онро Аполлон идора карда ба пошнаи пойи Ахилл, ягона ҷойи нозуки ӯ мезанад, ҷон ба ҷонофарин месупорад. Либосу аслиҳаи ҷангии ӯро Одиссей, аз қабилаи ахейиҳо, ки ҳамчун ҷанговари нотарсу далер ва ҳам оқилу маккор ном бароварда буд, соҳиб шуд. Вале ҷанги бардавом ба дили ҳама зад. Он гоҳ Одиссейи муғамбир як ҳилаи ҷангиро фикр карда баромад. Вай бо дуредгари ҳамшаҳриаш Эпеем суҳбати пинҳонӣ дошт ва шабона дар хаймаи Агамемнон, дар шӯрои ҳарбӣ нақшаи моҷароомези худро ошкор сохт. Гуфт, ки аспи калоне созанду ба дохилаш ҷанговарони аз ҳама зӯру нотарсро ҷой намоянд ва худ аз соҳил дур раванд, то ки ба чашми ҳомиёни шаҳр наафтанд ва онҳо пиндоранд, ки мо гурехтаем.  Трояниҳо эҳтимол аспро чун ғанимати ҷангӣ ба шаҳр дароранд, он гоҳ шабона ҷанговарон аз шиками асп баромада дарвозаҳои қалъаро мекушоянд ва мо шабохун мезанем ва душмани ғафлатгиршударо ба тамом торумор месозем. Се рӯз садои табарҳои зиёд мебаромад, се рӯз кори махфӣ дар ҷӯшу хурӯш буд.
Рӯзи чорум шаҳриён рӯ ба рӯи худ ягон сарбози душмани манфурро надиданд. Урдугоҳи душман холӣ буд. Дар дуриҳои баҳр бодбонҳои киштиҳои «гурезаҳо» хира ба чашм мехӯрданд. Дар ҷойи хаймаҳои дирӯза як аспи бузурги чӯбин меистод. Трояниҳо шодону ғазалхон ба урдугоҳ рехтанд ва бо шавқу завқ, кунҷковии бемисл аспро тамошо мекарданд. Яке гуфт, ки аспро бояд оташ зад, то ки аз душман нишоне намонад, дигаре гуфт, ки шояд ба баҳр партоем, ки бенишон шавад, аммо ба талқини аксар аспро ба шаҳр дароварда дар майдони асосӣ ҳамчун ёдгорӣ аз ҷанги хунини бемаънии халқҳо гузоштанд. 
Трояниҳо ғалабаро ҷашн гирифтанд, ҳама сархуш буданд, нимашаб аз «шикам»-и асп сарбозони ғаюр баромада дарвозаро кушоданд ва ҳамин тавр Троя баъди чанд соати ғалаба заҳри марговари мағлубиятро чашид ва баъди саросар оташ гирифтан ба як харобазор табдил ёфт.
Вале чаро сабаби маҳви шаҳр маҳз асп шуд?
Имрӯз чунин меҳисобанд, ки аспи троянӣ маънои кадом як амалиёти ҳилагаронаи юнониҳо дар забти шаҳр буд. Аммо фикрҳои дигар ҳам ҳастанд, ба маънои он ки асп нишонаи маҳв шудани як тамаддун ва бар ивазаш омадани тамаддуни нав аст. Яъне давраи аз байн рафтани қаҳрамонҳои фавқулода ва ба ҷойи онҳо омадани ҷанговарону сипаҳсолорони халқӣ. Боз мегӯянд, ки навиштааст Михаил Курушин дар асараш «Сто великих военных тайн», дар ҳавзаи баҳри Миёназамин дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд, аз шимол ба нимҷазираи Балкан қабилаҳои Дориюш ворид гашта, тамаддуни худро ҷорӣ намуданд.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ 

 

ЛУТФИ ЛАТИФ
Як шахси бисёр ҳам тақводор дар тӯли 20 сол ҳар рӯз ба Худо нола мекард, ки ба лотереяаш бурд барояд. Вале ибодати ӯ беҷавоб мемонд. Боре вай сар ба афлок бардошту бо чашмони ашколуд ба Худо муноҷот намуд:
- О, Парвардигор, на манам, ки тоату ибодатат мекунам, на манам, ки хизмататро ба ҷой меорам, на манам, ки ҳаёти орифона мебарам, пас, чаро як хоҳиши ночизи маро, ки солҳост талаб дорам,  иҷро намекунӣ?
Ин вақт ба гӯши ӯ овозе мерасад:
- Охир, хасиси мурдор нашуда, аввал як лотерея бихар!

* * *
Папаи Рим, Далай-лама ва кашиши Исроил дар кӯл савори заврақ истироҳати бофароғат доранд.  Ногоҳ чашмашон дар соҳил ба қаҳвахонае меафтад.
Кашиш мегӯяд:
- Чизе хӯрдан мехоҳам,- ва аз заврақ ҷаҳида фаромада рӯй – рӯйи об қадам зада сӯйи соҳил равон мешавад.
Далай-лама низ баъди каме андеша аз заврақ  мефарояд ва фориғболона болои об қадамзанон  аз паси кашиш меравад.
Папа дар ҷойи нишастааш меандешад:
- Охир ин чӣ хел шуд? Ин ду бедин дар рӯйи об чун дар хушкӣ гом мениҳанду роҳат доранд. Наход ман, сарвари калисои католикии Рим, ноиби Пётри муқаддас, натавонам рафтори онҳоро такрор намоям. Гуфту кард. Папа ба рӯйи об пой гузоштан замон ғӯтид.
Кашиш аз соҳил ба дасту пойзании Папа нигариста, ба Далай – лама мегӯяд:
- Шояд ба вай дар бораи сутунчаҳои дар зери об задашуда хабар медодем.
-Чӣ гуна сутунчаҳо?, - ҳайрон шуд Далай-лама.

* * *
Деҳотие назди табиб меояд:
"Духтур, ба бадани ман чизе шудааст. Дастамро ба ҳар куҷое, ки  расонам, дард мекунад: хоҳ ба сар, хоҳ ба пой, хоҳ ба шикам".
Табиб беморро ҳаматарафа муоина намуда гуфт:
"Танатон солим, камбуде надорад, танҳо ангуштатон шикастааст".

Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ.

 


ҶЕЙМС ҲАРРИС САЙМОНС
Дар миёни аҳли илм миллиардерон чандон зиёд нестанд. Бисёриҳо бар ин андешаанд, ки математикаи олӣ ин на он илмест, ки ба василаи он пул кор кардан мумкин бошад. Рақамҳои муҷаррад, формулаҳои мураккаб ва печдарпеч ба назар чунон менамоянд, ки гӯё аз ҳаёти воқеӣ дуранд. Аммо Ҷеймс Ҳаррис Саймонс - математики  ҳафтодсола исбот кард, ки чунин нест. Фонди мутааллиқ ба ӯ дар соли 2007 беш аз 2, 8 миллиард доллар ба даст овард, ки он натиҷаи бениҳоят баланд аст.
Дар синни бачагиаш Ҷеймс аллакай ба математика шавқ пайдо намуда, масъалаҳои мураккабро ҳал мекард. Ба туфайли қобилияти ғайриодияш ӯ барвақттар ба донишгоҳ дохил шуда, ҳанӯз дар синни 19 -солагиаш дараҷаи бакалаври Донишгоҳи машҳури технологии Массачусетро соҳиб гардид. Дар соли 1962 дар синни 23 - солагӣ рисолаи докториро аз фанни геометрия дифоъ мекунад.
Бори аввал идеяи истифодабарии алгоритми математикӣ дар бозори асъор ба фикри ӯ омад ва ин чиз ӯро бениҳоят сарватманд гардонд. Ин идея нафъовар шуд ва ба соҳибаш миллиардҳо доллар фоида овард. Баъдтар ӯ қоидаҳои асосии усулҳои математикиро барои тасмимгирӣ дар ширкати худ таҳия намуд. Дар ҳақиқат Саймонсро одами донишманд номидан мумкин аст, зеро вай он масъалаеро ҳал кард, ки ҳалли он барои мутахассисони дигар ғайриимкон буд.
Ӯ дар тими худ қариб 60 нафар математикҳо, физикҳо ва мутахассисони таҳлили иқтисодиро аз кишварҳо ва қораҳои мухталиф гирди ҳам овард. Онҳо модели компютериро кор карда баромаданд, ки шароити пешгӯии тағйироти нарх дар бозорро фароҳам сохта, ба онҳо имкон медод, ки вазъияти гуногунро дар бозиҳои биржавӣ бештар аниқ дар назар дошта бошанд. Имрӯзҳо ширкати Саймонс дар тамоми биржаҳои фондӣ, асъор ва молу ашёи ҷаҳон савдо мекунад. Тамоми хариду фурӯши он дар асоси формулаҳои математикӣ анҷом дода мешаванд.
Фақат дар дафтари марказии ширкати  ӯ дар Ню - Йорк қариб 200 нафар одам машғули кор мебошанд. 30 дарсади онҳо докторҳои илм ҳастанд. Якҷоя бо тамоми шуъбаҳои худ ширкати онҳо бештар аз 30 миллиард долларро идора мекунад. Ин мисол шоҳиди он аст, ки дониш ва ҳатто дониши академӣ ҳеҷ гоҳ чизи зиёдатӣ нест. Танҳо зарур аст, ки иттилооти дар муассисаи олии таълимӣ гирифтаи худро барои боло бардоштани некуаҳволии худ истифода бурда тавонед.

 


МУЗОЯДАҲОИ ҶОЛИБ
Соли 2007 муҷассамаеро, ки таърихи 5000 - сола дорад, ба нархи 57 миллион доллар харидорӣ намуданд, ки он қимматтарин муҷассама ба шумор мерафт.
Вале соли 2010 дар музоядаи «Сотбис» (Sotheby’s - Ню - Йорк) бошад, муҷассамаеро ба фурӯш гузоштанд, ки баъди 8 дақиқа бонкир Эдмонд Сафра бо нархи 58 миллион доллар онро харид. Ин муҷассама биринҷӣ буда, соли 1961 аз тарафи ҳайкалтароши швейтсарӣ Алберто Ҷиакометти сохта шудааст.

*  *  *
Соли 2008 дар як музояда (Аморати Муттаҳидаи Араб) миллионер Саид Абдул Ҷаъфар рақами автомобилро бо нархи 14, 5  миллион доллар харидорӣ намуд. Миллионер мегӯяд: «Агар нархи ин рақам то 30 миллион доллар ҳам боло мерафт, онро мехаридам».
Аз ҳисоби даромади фурӯши ин рақам, шахсони аз садамаҳои автомобилӣ зарардида  ва маъюбон ҳам ёрдампулӣ гирифтанд.
Соли 2010 дар як музоядаи хурд бо номи «Bainbridges» (Лондон) гулдонеро бо нархи 1300 доллар ба фурӯш гузоштанд. Харидорони чинӣ байни худ талош намуда, яке аз онҳо гулдонро ба ивази 86 миллион доллар аз худ намуд. Соҳибони асосии кӯза ба ин нарх фурӯхтани онро интизор набуданд. Онҳо кӯзаро аз хонае, ки аз падару бобояшон мерос монда буд, ёфтанд. Ин гулдон 41 см баландӣ дошта, аз фахфури чинӣ (фарфор) сохта шудааст. Он ба  императори Чин Сянлун (1711 - 1799) тааллуқ доштааст.


Соли 2011 дар музоядаи «Sotheby’s» (Қатар) қолинеро бо арзиши 5 миллиону 458 ҳазор доллар фурӯхтанд, ки он бо гавҳару дурдонаҳо оро ёфтааст. Ин қолин дар асри 19 бо амри яке аз ҳокимони ҳинд бофта шудааст. Хон мехост онро ба оромгоҳи ҳазрати Муҳаммад (с) туҳфа намояд. Вале умр ба ӯ бақо накард.
То он вақт бо арзиши 4, 45 миллион доллар маҳсули дасти қолинбофони форс, ки аз абрешим бофта шуда буд, дар ҷойи аввал меистод.

Таҳияи Ф. АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

 


ДАР БРИТАНИЯ УЗВҲОИ ОДАМРО ПАРВАРИШ ХОҲАНД КАРД?
The Telegraph. Ҳукумати Британия ният дорад истифодаи технологияеро, ки бо ёрии ҳайвонҳо метавон узвҳои инсонро парвариш кард, ҷонибдорӣ намояд.
Рӯзҳои наздик нахустин  дастур интишор мешавад, ки дар он аз технология ва ҳайвонҳое сухан меравад, ки бояд барои парвариши узвҳо истифода гарданд. Тибқи хулосаҳои муҳаққиқон барои парвариши узви инсон хук ва гӯсфанд  мувофиқтаранд. Олимон дар навбати аввал нияти парвариши ҷигар, гурда ва дилро доранд.
Агар ба ин технология иҷозат дода шавад, Британия метавонад нахустин кишвари дунё гардад, ки бо ин роҳ мушкили норасоии узвҳоро аз байн барад.

 


ҲОЗИРҶАВОБИИ МУШФИҚӢ
Аз Мушфиқӣ пурсиданд:
- Тақсир, дунёра хӯрдан беҳтар аст ё гаштан?
- Дунёра хӯрда гаштан беҳтар аст,- ҳозирҷавобӣ кардаст ӯ.


ШИНОСОӢ ДАР ШИФОХОНА
- Азим Азимович, шинос шавед, ин кас шоир Қутбӣ Киром!
- Ҳа-а, медонам,- нӯги дасташро ба шоир дароз кард ӯ.
- Шеърҳояшон ба ман маъқуланд. Лоиқ Шералиро ҳам медонам, шеърҳои хуб мегӯянд. Лекин, росташро гӯям, аз ҳар дуи ин дида шеърҳои Одина Ҳошим хубтаранд!

 


ҚАСРИ ВЕРСАЛ – МЕРОСИ БОШУКӮҲИ ШОҲ - ОФТОБ
Қасри Версал, ки дар 20 - километрии шаҳри Париж қомат афрохтааст, яке аз бузургтарин ва зеботарин кӯшкҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он соли 1979 чун офаридаи нодири дастони инсонӣ ба рӯйхати Мероси фарҳангии ҷаҳонии  ЮНЕСКО дохил шудааст.

Сохтмони қаср соли 1661 бо фармони Людовики XIV, ки ҳамзамононаш ӯро Шоҳ - Офтоб ном мебурданд, оғоз мешавад. Таърихнигорон бар он ақидаанд, ки сабаби бунёди Қасри Версал ҳасад аст. Шоҳ Людовик аз ҳашамати қалъаи вазири молияаш ба ҳайрат меояд ва ин ӯро водор месозад, ки ба сохтмони қасре даст занад, ки ҳамто надошта бошад. Барои бунёди он беҳтарин меъморони замон – Луи Лево ва Жюл Ардуэн - Мансар ҷалб мегарданд.
Заҳмату кӯшишҳои Шоҳ - Офтоб бар абас нарафтанд.  Ба ӯ муяссар гашт, ки ба ояндагон кохе ба мерос гузорад, ки назир надорад. Шукӯҳу шаҳомат ва зебоии нотакрори он ҳар бинандаро ба ваҷд меоварад. Гирду атрофи Қасри Версалро боғи офаридаи Андре Ленотр оро медиҳад, ки ба кӯшк ҳусни тоза зам менамояд. Воқеан, дар баробари қаср боғ низ мероси фарҳангӣ эътироф гаштааст.
Людовики XIV барои бунёди қаср маблағро дареғ намедошт. Ҳамин аст, ки сохтмони Қасри Версал барои буҷети Фаронса ниҳоят гарон афтид. Сметаи дақиқи  харҷ то рӯзҳои мо расидааст, ки он 25 миллиону 725 ҳазору 836 ливрро ташкил медиҳад (1 ливр = 409 грамм нуқра). Баргардонии маблағ ба пули ҳозира амри муҳолест, вале ба ҳисоби баъзе иқтисоддонҳо барои бунёди Қасри Версал, ки ним аср тӯл кашида, соли 1710 анҷом меёбад, тахминан 300 миллиард евро сарф гардидааст. Қариб ними маблағ барои зебу зинат бахшидани дохили қаср равона мегардад. Ҳунармандони чирадасти замон Жакоб ва Жан Жозеф Шапюи тамоми маҳорати худро ба кор бурдаанд. Аз нақшу нигор ва кандакориҳои бемисли онҳо кас ба ҳайрат омада, шефтаву шайдои санъати волояшон мегардад.     
Қасри Версал солҳои 1682 - 1789 қароргоҳи расмии шоҳи Фаронса ба ҳисоб мерафт. Соли 1801 онро ба осорхона табдил дода, дарҳояшро ба рӯи омма боз намуданд.
Имрӯз кӯшки бунёдкардаи Шоҳ - Офтоб, дар радифи Манораи Эйфел ва Осорхонаи Лувр, ба маъруфтарин ва машҳуртарин макони туристии Фаронса табдил ёфтааст ва ҳар сол миллионҳо нафар аз он дидан мекунанд.   


Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ

 


ҲИКМАТИ БУЗУРГОН
Инсоне, ки ба хотири дигарон, бе он ки худаш майлу хоҳиш ва эҳтиёҷе дошта бошад, барои пулу сарват ва иззату ҳурмат ва боз барои соҳиби ягон чизи дигар шуда бо шиддати тамом кор мекунад, ҳамеша аҳмақ аст.
***
Шоири олимақом Анварӣ, ки ӯ аз рози дилу рози ҷаҳон огоҳ буд, гуфтааст: «Ба ҳар макон ва ба ҳар вақту замон ростқавлу содиқу одил бимон».
***
Чун боре анкабутеро зада куштам, ба худ андешидам, ки чӣ  ҳақ доштам? Охир худованд хоста буд, ки ӯ низ чун ман дар зиндагӣ саҳме дошта бошад.
***
Каси хомӯш камтар ташвишу нигаронӣ дорад. Одамӣ зери забонаш пинҳон аст.

***
Луқмони ҳаким, ки зиштрӯяш меноманд, гуфтааст: «Ширинии найшакар дар найи он нест, балки дар шакарест, ки андаруни он аст».
***
Чаро худовандро сипоси зиёд мегӯям? Чунки ӯ дарду донишро аз ҳам ҷудо кардааст. Агар бемор ранҷу дарди хешро мисли табиб медонист, ӯ маъюсу ноумед мешуд.

 


ВАЗЪИ МУТАШАННИҶ
 Раневская баъди инқилоб дар Русияи болшевикон монду ба як ҳолати вазнин гирифтор шуд. Аз муфлисӣ нони хӯрдан надошт. Барои ёрӣ ба яке аз рафиқони падараш рӯйи ниёз овард.
Вай ба ӯ гуфт: «Хонум, маро дуруст фаҳмед, ба духтари Фелдман кам дода наметавонам, маблағи зиёд бошад, дар ман нест». 


ШУМО ЧАНДСОЛАЕД?...
Дар Театри ба номи Моссовет намоишномаи «Дигар – оромӣ» бо як муваффақияти биллониҳоя  тамошобинонро  ба худ  мекашид.  Нақши асосиро Раневскаяи акнун солхӯрда мебозид. Боре баъди анҷоми намоиш ба назди ӯ мухлисе омада пурсид:
- Узр барои саволи ноҷо, бигӯед, ки чандсолаед?
- Рӯзи шанбе ба 115 медароям, - зуд посух дод ҳунарманд.
- Дар чунин синну сол, боз чунин бозӣ,- бо шавқу ҳайрат ба зӯр садо баровард тамошобини лолмонда.

Қурбон МАДАЛИЕВ,
Тарҷума аз русӣ.  

 


АЗ ДАСТИ ШУМО ЧӢ МЕОЯД?
Устод Ашӯр Сафар УАЗ-и нав харид. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» эшонро муборакбод карда, савори мошин меҳмонӣ рафтанд. Писари устод мошин меронду дигарон саргарми чақ-чақ. Роҳравон устод ба Карим Давлат ишоракунон фаҳмонданд, ки болопӯши курсиҳои мошинро фалонӣ, оинаҳоро беҳмадонӣ харида туҳфа кардаанд, аз дасти шумо чӣ меояд?
- Аз дасти мо мошин гирифта додан меомад, устод, гирифтед. Дигар ба корҳои майда - чуйда моро саргардон накунед, - гуфт карим Давлат.

 

АЗ ҲОШИМ ГАДО БА КАРИМ ГАДО
Дар роҳрав Карим Давлат ногоҳ устод Ҳошим Гадоро мебинад, ки ба чанд тан аз шахсиятҳои соҳибгалстук китоб тақсим доранд.
Ҷамъомадагон ҳам баробари соядасти устодро хондан, даст сӯи киса бурда,  бо вуҷуди нею нестони устод, дасти ӯро «сафед» мекарданд.
- Хӯш, ба шумо чӣ нависам Каримхӯҷа? - бо ҷиддияти ба худ хос пурсид Ҳошим Гадо.
- Устод. Ман аз дусар пул надорам (намедиҳам). Беҳтараш, нависед, ки аз Ҳошим Гадо ба Карим Гадо.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2016    №: 11    Мутолиа карданд: 767

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед