logo

фарҳанг

ҚАЛАМКАШОНИ МИНТАҚАВӢ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?

Чуноне ки маълум аст, барои пешравӣ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бояд фаъолияти шуъбаҳои минтақавии он ҷоннок карда шаванд.
Бинобар иттилои Илҳом Ҷамолиён, раиси шуъбаи  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шуъба 486 аъзо дорад. Дар вилоят мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратӣ барои рушди матбуот, дастгирии моддии расонаҳо лоиҳаҳои муҳимро амалӣ менамоянд. Бунёди Кохи матбуот бо таҷҳизоти замонавӣ, ҷудо намудани қитъаҳои   замин барои манзил ба журналистон қобили дастгирӣ мебошанд. Дар вилоят барои сайқал додани малакаю маҳорати касбии журналистон озмунҳои “Хомаи созанда”, ”Атласи Хуҷанд”, ”Шоҳроҳи абрешим - шоҳроҳи Ваҳдат” гузаронида мешаванд. Фаъолияти васоити ахбори оммаи хусусӣ низ дар вилоят хуб ба роҳ монда шудааст. Аз 18 ширкати радиову телевизионӣ 11 - тоаш дар вилояти Суғд амал мекунанд.
Шуъбаи иттифоқи журналистони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 237 нафар аъзо дорад. Ташкили “Марафони сулҳ”, боздиди 23 нафар журналист аз Бадахшон таҳти сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилоят ва Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, фестивали ҳунарии “Бидуни марз”, ҳамоиши иқтисодии байналхалқии ”Бадахшон - дарвозаи тиллоии Тоҷикистон”, ”ВАО ва мушкилоти тиҷорати наздимарзӣ” аз ҷумлаи корҳои шоёни ба сомонрасонидаи шуъба маҳсуб мешаванд.
Мутаассифона, шуъба ва журналистони маъруфи Бадахшон ҳанӯз ҳам дар муқобили журналистикаи ғайриҳирфаӣ, ғайбатҳои сиёсӣ, провокатсияҳои сиёсӣ, кӯшишҳои ноором намудани вазъи сиёсӣ, хусусан дар давраи воқеаҳои солҳои 2012, 2014 оҷиз мебошанд.
“Фазои иттилоотӣ низ талаботӣ аҳолиро таъмин карда наметавонад. Тибқи омори мавҷуда ба ҳар сар аҳолии вилоят то 3 саҳифа рӯзнома рост меояд. 9 нашрияи ноҳиявӣ, 1 нашрияи вилоятӣ бо тиражи умумии 6 ҳазор нусха эҳтиёҷоти маънавии мардумро қонеъ карда наметавонанд”, - бо таассуф иброз медорад журналисти шинохта Наҷмуддини Шоҳинбод.
Дар вилояти Суғд агар Кохи матбуот сохта бошанд, шуъбаи иттифоқи журналистони вилояти Бадахшон 9 сол як ҳуҷраи корӣ надошт. Танҳо моҳи ноябри соли гузашта ин масъала бо роҳбарияти вилоят матраҳ шуда, ҳалли худро пайдо намуд.
Раёсати иттифоқи журналистони вилояти Хатлон 470 аъзо дорад. Вале дар муддати 5 сол раёсат ягон маротиба ба аъзо ёрии методӣ нарасонидааст. Аъзои раёсат дар ҳайати гурӯҳҳои кории дигар сохторҳо ба ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Ҷалолиддини Румӣ, Қубодиён сафар намудаанд, вале бевосита худашон чунин сафару машваратҳоро ташкил накардаанд.
Алҳол дар вилоят 24 нашрияи шаҳрию ноҳиявӣ, ду нашрияи вилоятӣ, 1 нашрияи хусусӣ ва Агентии иттилоотии “Хатлон - пресс” амал мекунанд. Имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон аз дигар вилоятҳо кам нест. Барои дастгирӣ ва инкишофи матбуот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳам барои ҳамкорӣ омодааст. Аммо худи роҳбарияти раёсат дар ҳалли ин масъалаи муҳим саҳлангорӣ менамояд.
Фаъолияти шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтар мебошад. Дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои наздики он чорабиниҳои шавқовар гузаронида мешаванд. Журналистони ин минтақа дар чорабиниҳои сиёсӣ низ фаъолона ширкат меварзанд, аммо шуъбаи минтақавӣ созмондеҳ ва сарвари хуб надорад.
Ҷумъа Қувват, сарвари шуъбаи минтақаи Рашти иттифоқ, иттилоъ дод, ки он 180 аъзо дорад. Бо ибтикори шуъба дар ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Тавилдара чорабиниҳои оммавӣ доир шуда меистанд.
Дар ин минтақа муҳимтарин иншооти стратегии мамлакат - Неругоҳи барқи обии Роғун ҷойгир аст. Вале шуъба, ба ақидаи иҷрокунандаи вазифаи раиси иттифоқ Ёқуби Исмоилзода, ба ин иншооти муҳим аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад. Дар зарфи панҷ сол танҳо се чорабинӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо доир гардидаасту халос. “Дар ин самт мо ҳатто дастуру ҳидоятҳои Президент, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба сафарҳои эҷодӣ ба иншооти муҳими мамлакат ва эҷоди асарҳои баландғоя оид ба синфи коргар, заҳматкаши деҳотро сарфи назар намудаем”, - бо таассуф иброз медорад Ё. Исмоилзода.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти раёсату шуъбаҳои иттифоқ дар минтақаҳо қаноатбахш нест.  Дар анҷумани пешин бо мақсади зиёд намудани масъулият ва боло бурдани обрӯю мақоми иттифоқ ба раисони шуъбаҳо салоҳияти бештар дода шуда буд. Аз ҷумла, онҳо муовинони раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъйин гардиданд. Вале ин таҷриба самараи дилхоҳ надод. Таҳлили фаъолияти шуъбаҳои минтақавӣ низ дар анҷумани навбатии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар назар аст. Умед аст, ки он ба фаъолияти шуъбаҳои минтақавӣ таккони бештаре дода, рушди бемайлони матбуотро дар тамоми манотиқи кишвар таъмин менамояд.

М. ТАБАРӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2016    №: 11    Мутолиа карданд: 555

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед