logo

фарҳанг

ИЖТ - РО ИМТИҲОНИ ГАРОН ДАР ПЕШ АСТ

Дар  Анҷумани  навбатии  Иттифоқи   Журналистони Тоҷикистон се масъала баррасӣ мешавад. Нахуст  ҳисоботи  иҷрокунандаи раиси ИЖТ Исмоилзода Ёқуби Борон оид ба ҷамъбасти фаъолияти панҷсолаи иттифоқ шунида хоҳад шуд. Ҳисоботи сардори  бахши тафтишот ва интихоби раиси нави ИЖТ масъалаҳои дигари рӯзномаи анҷуман мебошанд. Дар анҷуман иштироки беш аз 200 вакил дар назар аст.
Дар арафаи анҷуман бо чанд тан аз аъзои иттифоқи мазкур вохӯрда андешаҳояшонро доир ба фаъолияти он пурсон шудем.

- Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз созмонҳои асосӣ ва собиқадори журналистии кишвар ба ҳисоб меравад, - мегӯяд Сангини Гулзод, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ. - Ин созмон дар таърихи 57 - солаи хеш роҳи пурпечутоб, аммо пурифтихореро тай кардааст. Ва дар ҳар давру замон вобаста ба вазъияти рӯз фаъолият дошт. Агар дар замони шӯравӣ вазифаҳои дигаргунае дошту роҳбаронаш аз чеҳраҳои пурнуфузи доираҳои журналистӣ буданд, пас дар ибтидои истиқлол ин созмон нуфузу эътиборашро қариб пурра аз даст дод. Бо интихоб шудани шодравон Акбари Саттор ба ҳайси раиси ИЖТ дар фаъолияти он таҳаввулоти созандае ба миён омад. Имрӯз ҷойи Акбари Саттор холист ва касе ба ҳайси роҳбар меояд, барояш дар ибтидо душвор хоҳад буд.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон танҳо як созмони журналистӣ нест, балки фаротар аз он аст. Зеро дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлол ва сиёсати дар самти озодии баён ба роҳ мондаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо созмони дигари журналистӣ арзи вуҷуд карданд ва имрӯз фаъолият доранд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама созмонҳо мақому мартабаи ИЖТ болотар аст. Ин созмонест, ки ҷомеаи журналистони тоҷикро муаррифӣ мекунад, фаъолияти он як навъ бозгӯйи вазъи журналистикаи тоҷик, озодии баён дар кишвар аст.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон метавонад фаъолияти боз ҳам муассиртаре дар ҷомеаи журналистони тоҷик дошта бошад. Бахусус, дар тарбияи рушди касбиву эҷодии журналистон, масъулиятшиносӣ, муттаҳидии онон нақши боризе дошта бошад. Ва дар ин самт аз имконоти мавҷуда ва имтиёзоти давлату Ҳукумати кишвар истифода бурдан ба обрӯву нуфуз, маҳорату ташкилотчигии роҳбарияти ояндаи он вобаста аст.
- Шахсоне ба узвияти ин созмон қабул шуданд, ки аслан арзанда набуданд, - мегӯяд Алӣ Ҷӯра, муҳаррири масъули ҳафтаномаи “Минбари халқ”. - Онҳо аз шаҳодатномаи узвият сӯистифода мекарданд.
Бунёди осорхона ва дигар нақшаҳое, ки  шодравон Акбари Саттор дошт, мутаассифона, бо сабаби бевафоии умр амалӣ нашуд. Бовар дорем, ки дар барномаи фаъолияти роҳбарияти нав ин нақшаҳо ҷой доранд.
Бисёр мехоҳем, ки Иттифоқи журналистон ба ҳайси мақоми олии журналистӣ бинои алоҳидаи худро барои нишастҳо, вохӯрию маҳфилҳои касбӣ дошта бошад. Ин имкон медиҳад, ки  фаъолияти касбии журналистон баланд бардошта шавад. 
Дар аҳди шӯравӣ Иттифоқи журналистон ба ҳайси як шохаи ҳокимияти давлатӣ имкон дошт, ки ба манфиати иҷтимоии рӯзноманигорон ҷиҳати соҳиб шудан ба манзил, роҳхатҳои истироҳатӣ ва амсоли ин  расидагӣ кунад. Имрӯз низ ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии  журналистон бояд аз ҳадафҳои асосии ин созмон бошад.
- Воқеан ҳам, дар давраи раёсати марҳум Акбаралӣ  Сатторов фаъолияти ИЖТ дар муқоиса бо давраи пешин як андоза беҳтар шуда буд, - иброз дошт узви ИЖТ Носирҷони Маъмурзода.  - Аъзои ИЖТ аз сари нав ба қайд гирифта шуданд. ИЖТ ҳамчун як созмони касбии журналистон бо мақсади дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон чанд баёния низ нашр кард. Хуллас, то ҷое боварӣ ҳосил шуда буд, ки ин созмони журналистӣ дубора эҳё гардидааст. Аммо, фаъолияти назарраси намояндагиҳои  ИЖТ - ро дар солҳои охир, бахусус дар сатҳи маҳалҳо чандон эҳсос намекунем. Дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби раҳбарияти ИЖТ  доир  мегардид, хабарнигорони маҳаллӣ – аъзои ИЖТ аз шаҳру ноҳияҳо тақрибан даъват намешуданд. Намедонистем, ки маъмурияти ИЖТ барои тақвияти кори созмонҳои ибтидоии хеш чӣ кореро ба анҷом мерасонад. 
Ҳамчун узви ИЖТ интизории банда аз анҷумани навбатии он зиёд аст. Орзумандам, ки ИЖТ ҳамчун як ташкилоти таъсиргузор, маърифатомӯз ва соҳибобрӯ шинохта шавад. Фаъол гардидани сомонаи  ИЖТ дубора хеле хуб хоҳад буд. 

Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2016    №: 11    Мутолиа карданд: 576

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед