logo

фарҳанг

ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК: ИТТИФОҚЕ, КИ САРҶАМЪӢ МЕХОҲАД

Имрӯз, 16 январи соли 2016 Анҷумани XIV Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он фаъолияти панҷсолаи иттифоқ ҷамъбаст гардида, вазифаҳои нав дар марҳилаи кунунӣ муайян хоҳанд шуд.

Муҳимтарин воқеа дар давраи сипаригардида барои аҳли эҷод, хусусан васоити ахбори омма, тантанаи ҷашни садсолагии матбуот ва суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он мебошад. Ин чорабинӣ дурнамои матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро муайян намуд. Дар он, ҳамчунин, роҳҳои инкишофи тамоми шаклҳои моликияти зеҳнӣ, махсусан вазифа ва уҳдадориҳои ВАО дақиқ гардиданд. Чорабинӣ барои инкишофи озодии баён дар ҷумҳурӣ низ роҳҳои нав кушод. Сарвари давлат ба сохторҳои давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳушдор дод, ки бе ВАО ҷомеа пеш намеравад. «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст, - баён дошта буд дар ҷашни матбуот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. - Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».
Ба ақидаи иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуби Борон яке аз воқеаҳои дигари фараҳбахши дар ҳаёти журналистон доиргардида соли 2013 ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ, дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.
Тарбияи кадрҳои ҷавон ва такмили касбии журналистон яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ба шумор меравад. Падидаи хеле фараҳбахши соли гузашта, ба фаъолият оғоз намудани Академияи васоити ахбори омма мебошад, ки даҳҳо мушкили касбии журналистонро ҳал хоҳад намуд.
Иштироки журналистон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ барои баланд бардоштани мақоми касбӣ, ҳалли проблемаҳои матбуот шароити мусоид фароҳам меорад. 68 нафар журналист дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба ҳайси вакил интихоб шудаанд. Дар даҳ соли охир собиқ раиси Иттифоқи журналистон, шодравон Акбар Сатторов дар созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, дар баланд бардоштани мақом ва  эътибори журналистикаи тоҷик, муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва фаъолияти раёсати Иттифоқи журналистон хизматҳои шоён намуд.
Сифати табъу нашр низ хеле пеш рафтааст. Агар дар соли 1995 дар кишвар 3 – 4 матбаа бошад, пас имрӯз дар ҷумҳурӣ 56 матбаа, коргоҳҳои полиграфӣ, 65 нашриёт амал мекунад, ки 32 адади он хусусӣ мебошад. Тибқи маъумоти оморӣ дар 5 сол барои сохтмон, таъмир ва таҷҳизонидани воситаҳои чопии матбуот 23 миллион сомонӣ аз ҷониби давлат харҷ гардидааст.
Дар ин давра таъсири матбуот ба ҷомеа хеле зиёд гардидааст. Вале новобаста ба ин, ҷараёни иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» нишон медиҳад, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулосаи дуруст бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд. Илова бар ин, вокуниши баъзе шахсони мансабдор ба матолиби танқидиву таҳлилии ВАО ба ҷуз худсафедкунӣ ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест.
Ҳоло ҳам, дастрасӣ ба иттилооти расмӣ мушкилоти зиёд дорад. Нишастҳои матбуотӣ, ки дар 6 моҳ як бор доир мешаванд, аксаран танҳо барои радди назар кардани чорабинӣ гузаронида мешаванд. Дар нишастҳои матбуотии соли 2015 танҳо 35 дарсад роҳбарони сатҳи аввал ширкат варзиданд.
Се сол қабл бо ҳамдастии бевоситаи раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ассотсиатсияи роҳбарони марказҳои матбуотӣ таъсис ёфт. Дар соли аввал ин сохтор каму беш барои дастрасии иттилоот ва таблиғи соҳаҳои худ кӯшиш намуда буд. Вале баъдан ин сохтор барои ҳифзи манфиати вазорату идораҳо алайҳи журналистон сангар кушод. Бо мақсади ташкили маҳфилҳо, нишасту ҳамоиш дар назди Иттифоқи журналистон қаҳвахона - клуби маърифатии «Дефакто» ташкил гардид. Дар оғози кор ин ҷо клуби сармуҳаррирон ва намоиши асарҳо барпо мегардид. Ҳамзамон, 15 семинару тренинг низ гузаронида шуд. Вале клуб батадриҷ ба нуқтаи тиҷоратӣ табдил ёфт.
Аксари журналистон бар ин ақидаанд, ки фаъолияти раёсати иттифоқ айни замон қаноаткунанда нест, он тамоми неру ва имконоташро истифода бурда наметавонад. Дар 5 соли сипаригашта раёсат масъалаҳои таҳлили фаъолияти касбӣ, роҳҳо ва барномаҳои зиддибуҳронӣ, вазъи забони матбуот, ҳолати молиявии расонаҳо, риояи ахлоқ ва ҳифзи амнияти журналист, рушд ва вазъи бозори иттилоотӣ, вазъи васоити ахбори электронӣ, ҳамкориҳои иҷтимоӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, тарбияи кадрҳои ҷавон, инкишофи матбуоти чандрасонаӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар матбуот ва расонаҳои мустақил, дастрасӣ ба иттилоот дар ҳолатҳои фавқулода ва реҷаи низомӣ, ҳолати фаъолияти марказҳои матбуотӣ, ҳолатҳо ва сабабҳои баста шудани расонаҳо, вокуниш ба таблиғи ВАО - и хориҷӣ ва гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ баррасӣ нашуданд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки раёсат то ҳол барнома ва нақшаи дурнамо надорад.
Айни замон ба иттилои Ёқуби Исмоилзода Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 2272 аъзо дорад. “Аз ин 33 дарсадашро журналистони синни аз 60 боло, 42 дарсад то синни 50 - сола ва 24 дарсад то синни 30 - сола мебошанд. Ҳанӯз ҳам дар сафҳои иттифоқ одамони тасодуфӣ, булҳавас, мақомҷӯ, ҳаннот ва ғайрикасбӣ зиёданд. Бо ҳамин сабаб дар 5 соли охир 12 нафар аз сафи иттифоқ хориҷ карда шуданд. Шартҳои пазириш хеле сода ва сохта мебошанд. Аз соли 2013 то моҳи сентябри соли 2015 дар бораи қабул ягон қарори расмӣ ва фармоиш қабул нашудааст. Чанде пеш комиссияи махсуси созмондодаи раёсати иттифоқ дар натиҷаи санҷиш аниқ намуд, ки ҳатто наврасоне ба узвият қабул шудаанд, ки ҳеҷ ба журналистика алоқа надоранд. Ҳодисаҳои бо як рақам додани ду шаҳоданома низ дучор мегарданд. Чунин ҳолат обрӯю мақом ва эътибори журналистро дар ҷомеа кам намуда, асолати касбии рӯзноманигоронро зери шубҳа мегузорад”, - гуфт дар идомаи суҳбат Ё. Исмоилзода.
Ядрои асосии Иттифоқи журналистон ташкилоти ибтидоӣ мебошанд. Дар 5 соли охир ба ҷойи афзоиш нисфи ташкилоти ибтидоӣ аз байн рафтаанд. То соли 1991 Раёсати иттифоқи журналистони шаҳри Душнабе амал мекард. Аммо баъди ҳодисаҳои соли 1992 он барҳам хӯрд. Алҳол 1056 нафар журналисти шаҳрро бевосита раёсати иттифоқ роҳнамоӣ менамояд. Қариб 80 дарсади тадбирҳо ва чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе доир мешаванд ва журналистони минтақавӣ аз ин чорабиниҳо бархӯрдор нестанд. Соли 1995 барои гузаронидани маҳфилҳо дар шаҳр фақат се толор буд. Ҳоло танҳо дар як ноҳияи Фирдавсӣ 20 толори замонавӣ муҷаҳҳаз бо техникаи овозӣ мавҷуд аст, вале на аз ин ҳама имкониятҳо самаранок истифода бурда мешавад.
Вазъи иҷтимоии кормандони ВАО низ нигаронкунанада мебошад. Дар табақабандии маош ва даромади миёнаи моҳона журналист дар зинаи паст меистад. Имрӯз музди миёнаи журналистони сохторҳои давлатӣ 800 сомонӣ ва дар ВАО - и хусусӣ 950 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, журналистон маҷбур мешаванд, ки аз журналистика ба таблиғгарӣ гузашта, дар маъракаҳои политехнологӣ, фармоишӣ ширкат варзанд.
Иттифоқи журналистон нашрияи «Сухан» дорад, вале чандин сол шудааст аст, ки он нашр намешавад. Ҳанӯз соли 2012 пас аз ҷашни 100 - солагии матбуот таҳия ва нашри «Энсиклопедияи матбуоти тоҷик» ба нақша гирифта шуда буд. Ба ин иқдом роҳбарияти Энсиклопедияи миллӣ низ ҳамкориро пешниҳод карданд. Нақша ва тарҳи кор таҳия гардид, вале ин кор ҳам нотамом монд.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз нигоҳи шумора ва тавоноии зеҳнӣ, бояд ҳамчун василаи таъсиррасонӣ ба ҷомеа калонтарин созмони ҷамъиятӣ дар кишвар бошад. Таърихи қариб 25 - солаи Истиқлолияти мо нишон дод, ки он ба инкишофи ҷомеа, дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ таъсири амиқ метавонад гузорад. Ин масъулияти таърихиро мо, бояд бо тафаккури солим дарк намуда, дар раванди созандагию бунёдкорӣ, таблиғи ормонҳои волои миллӣ, ваҳдати кулл фаъолона ширкат варзида, намунаи ибрат бошем.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2016    №: 11    Мутолиа карданд: 1095

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед