logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ ДӮСТИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Соҳаи фарҳанг дар ноҳияи Ҷиргатол бо суръат рушд ёфта, махсусан тайи солҳои охир дурахшу ҷилои тозае ба худ касб намудааст. Чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳам дар ин самт ҳадафманд сурат мегиранд.
Асрҳо боз дӯсту бародарвор зиндагӣ кардани қирғизҳову тоҷикҳо дар ин диёри сарҳадӣ аз фазилати волои маънавӣ ва ҳунарию фарҳангии сокинони ноҳия шаҳодат медиҳад.
Баргигул Аббосова, муовини раиси ноҳияи Ҷиргатол, зимни суҳбат дар ин маврид ибрози андеша намуд: «Айни замон дар ноҳия беш аз 43 нафар қаламкашон бо забонҳои тоҷикию қирғизӣ фаъолияти эҷодӣ доранд, ки аз ин шумора 7 нафарашон соҳибкитоб буда, намунаи эҷодиёти дигарон дар маҷмуаҳои дастҷамъӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ нашр мешаванд. Дар назди бахши фарҳанг гурӯҳи ҳунарии «Садои Лахш» таъсис ёфта, фарогири 32 нафар ҳунарпешагон мебошад.
Маҳфили адабӣ, ки дар назди идораи ҳафтаномаи  «Паёми Ҷиргатол» фаъолият менамояд, моҳе як маротиба баргузор гардида, шабҳои эҷодии адибон ва ҳунармандон бо ҳаводорони шеъру наво дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пайваста доир карда мешаванд».
Чанде қабл бо ибтикори ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Паёми Ҷиргатол» дар маркази ноҳия ҳамоиши адабӣ ба унвони «Ду ҳамқадами давру замон - тоҷику қирғиз» баргузор гардид. Дар ҳамоиш адибони водии Рашт масъалаҳои вазифаҳои аҳли  қалам дар масири худшиносию ватанпарастии ҷавонон ва якпорчагии кишвару миллатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамин тавр, мавсуф бо зикри рушди соҳаи фарҳанги ноҳия иброз медорад, ки он дар баландбардории маърифати шаҳрвандон ва таҳкими муносибатҳои ду миллати ба ҳам дӯсту бародар, инчунин якпорчагии  давлату миллати тоҷик нақши муассир хоҳад дошт.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2016    №: 12    Мутолиа карданд: 571

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед