logo

ҳуқуқ

ПУРСИШУ ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо Айналишоев, муовини сардори   Раёсати адлияи ВМКБ, Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ҷавоб доданд.
 Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Дар корхонае,  ки  молик  иваз  шудааст  оё  бе розигии корманд ӯро аз кор  озод кардан  мумкин аст? 
Зарина Неъматова,
 сокини ноҳияи Шуғнон

 - Моддаи  43 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин муқаррар  намудааст: Ҳангоми иваз шудани молики ташкилот, ҳамчунин, аз нав ташкил кардани (якҷоя, ҳамроҳ, ҷудо шудан ва дигаргун сохтани) он муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунанд. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асоси Кодекси меҳнат ва бо риояи ҳатмии кафолатҳои муқаррарнамудаи он мумкин аст.
 Молики нав дар давоми шаш моҳи пайдо кардани ҳуқуқи молик ҳақ дорад шартномаҳои меҳнатиро, ки молики пештара бо роҳбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифаҳои умумии идоракуниро дар ташкилот ба ҷо меоваранд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як мақом ба тобеияти мақоми дигар гузарондани ташкилот амали шартномаи меҳнатиро қатъ карда наметавонад.

 

- Дар асоси ҳалномаи суд маро ҳамчун узви оилаи молик дар манзили истиқоматии шавҳари собиқам маскун карданд, вале ман то ҳол дар қайди хонаи модарам мебошам. Оё шарт аст, ки худро дар манзили маскуншуда ба қайд монам? Ва агар чунин зарурат бошад, ба куҷо муроҷиат намоям?
 Нодира,
 сокини  шаҳри Қӯрғонтеппа 

- Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 21-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматгоҳ маҳале эътироф мегардад, ки шаҳрванд доимӣ ё бештари вақт дар он истиқомат мекунад. Мувофиқи банди 20-и низомномаи «Низоми шиносномадиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 15-уми июли соли 1997 тасдиқ шудааст, шаҳрвандон вазифадоранд дар маҳали зисти доимӣ худро ба қайд гузоранд.
Агар шумо дар манзили истиқоматии маскуншуда зиндагии доимӣ ихтиёр намоед, дар ин ҳолат ба ШВКД-и маҳали манзили маскуншудаатон бо ариза дар бораи ба қайд гузоштан бояд муроҷиат кунед. Шакли ариза дар мақомоти мазкур мавҷуд буда, ройгон ба шумо дода мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани баҳс метавонед ба суд бо даъво муроҷиат намоед.

 

- Ҳамроҳи шавҳарам бо никоҳи ғайрирасмӣ оила бунёд намуда, се моҳ якҷоя зиндагӣ кардем. Дар моҳи чоруми оиладорӣ ӯ бо ҳукми суд ба муҳлати 3 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум гардид. Айни замон ман дар моҳи 8-уми ҳомиладорӣ карор дорам. Оё имконияти ба таври қонунӣ ба расмият даровардани ақди никоҳамон вуҷуд дорад?

Малика, сокини шаҳри Хуҷанд

- Дар асоси аризаи шумо ва шавҳаратон, ки ба мақомоти САҲШ  пешниҳод мегардад, намояндаи ин ниҳод  метавонад дар муассисаи ислоҳӣ ақди никоҳро ба қайд гирад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2016    №: 12    Мутолиа карданд: 561

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед