logo

фарҳанг

ЖУРНАЛИСТИКА. ОН БОЯД КАСБӢ ВА ҲОМИИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ БОШАД

Қариб ба ҳама рӯзномаву маҷалла дастрасӣ дорам. Яъне онҳоро мехараму мутолиа мекунам. Аз рӯи мазмуну мундариҷа онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст. Барои як гурӯҳ манфиатҳои миллату давлат бисёр муҳим мебошад ва саъй ба харҷ медиҳанд, ки аз он пуштибонӣ бикунанд. Гурӯҳи дигар аз пайи дарёфти ҳангома мебошад. Ҳатто менависанд, ки дар кадом як  мавзеъ одам хар шудааст ва ё баръакс. Дар шумораи дигар хабар медиҳанд, ки ин хари одамшударо рӯзи ҷумъа ба фалон масҷид меоранд. Албатта, ба андешаи ман чунин ҳангомаҳо ба манфиати журналистикаи миллӣ нест. Бояд мо шаҳрвандонамонро эҳтиром бигузорем ва онҳоро гӯлу гаранг наҳисобем. Ин қадар бас аст, ки мардуми мо ба сухани матбуот боварии зиёд доранд ва муҳаббат низ. Набояд мо аз боварию муҳаббати онҳо суистифода кунем.
Мисли ин ки маслиҳат намудаанд ва ё  дастури махсус доранд, ки гоҳо ҳама ба як мавзӯъ рӯ меоранд ва сарчашма шабакаи интернетӣ аст, на таҳқиқу пажӯҳишу хулосабарории рӯзноманигорон. Бисёре аз матолиб дуздиянд. Бархе аз журналистон гӯё шарм медоранд, ки номашонро дар поёни матлаб нависанд.
Ривоҷу густариши жанрҳои матбуотӣ мушоҳида намегардад. Сатҳи касбият сол ба сол поён рафта истодааст. Бархе аз рӯзноманигорон ба мавзӯъҳое рӯ меоранду даст мезананд, ки дар бораи онҳо маълумоти дурусту дақиқ надоранд. Кор то ба ҷое расидааст, ки ин гурӯҳ дар бораи тиб ва пешгирию табобати бемориҳо маслиҳат медиҳанд. Ҳол он ки дар чунин мавридҳо бояд сухани асосиро мутахассисон изҳор бидоранд.
Дар баъзе аз расонаҳои хабарӣ  коҳҳои куҳнаро аз нав бод медиҳанд ва сохти гузаштаро зери танқиди шадид мегиранд. Албатта, ҳуқуқ доранд, аммо ин корро дар сатҳи баланди касбӣ бояд анҷом дода, хулосаҳои дуруст баровард.
Вохӯрии рӯзноманигорони асил бо хонандагон камтар доир мегарданд. Ин ба нафъи матбуоти даврӣ нест.
Шумораи журналистони боистеъдод сол ба сол, фикр мекунам, ки камтар шуда истодааст. Ба пиндори ин ҷониб агар дар шаҳру ноҳия рӯзномаҳо ҳафтае се бор ба табъ расанд, шумораи хабарнигорони деҳот меафзояд ва ҳам дар ин мактабҳо сайқали маҳорат менамоянд.

Қурбоналӣ МАҶИДЗОДА,
ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2016    №: 12    Мутолиа карданд: 551

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед