logo

сиёсат

МО ХОСТОРИ ТАНИШ НЕСТЕМ

Ё ЧАРО АМАЛИ МАҚОМДОРОНИ ЭРОН БОИСИ ВОКУНИШҲО ШУД?

Даъвати Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломии Тоҷикистон, ба Конфронси байналмилалии «Ваҳдати исломӣ» дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоно дар доираҳои гуногун мавриди баҳс аст. Зеро дар ин ҳамоиш нафаре ҳузур пайдо кард, ки барои кӯшиши табадуллоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон Эронро ба ҳайси яке аз шарикони муҳим, дӯст ва ҳамкешу ҳамзабони худ шинохта, ба ҷойгоҳи он дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ҳамеша бартарӣ додааст. Зеро муштаракоти таърихӣ, фарҳангу забонии ду миллат, ба сурати табиӣ дар истеҳкоми муносиботи  дӯстона  дар сатҳи давлатӣ  ва  ҳам  миёни мардум нақш дорад. Ин муҳаббати азалист, ки зимни мусобиқот ва мубоҳисоте, ки бо Эрон сар мезананд, моро ғайриихтиёр ба ҷонибдорӣ аз ин кишвар мекашанд.
Аз ҳамин нуқтаи назар, амалкарди мақомдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар конфронси «Ваҳдати исломӣ» усулан боиси нороҳатӣ шуда, суолҳои гуногунеро дар зеҳни ҷомеашиносон пайдо кард. Чаро дар кишваре мисли Эрон ба душмани сулҳу ваҳдати тоҷик имкони болонишинӣ дода шуд? Ба гумони ғолиб мақомоти дахлдори Эрон огоҳона чунин кореро анҷом доданд. Зеро ҳеҷ мумкин нест, ки дастандаркорони ҳамоиш аз аъмоли зишти Кабириву ҳизбаш дар Тоҷикистон маълумоте рӯи даст надошта бошанд.
Ин рафтори ғайричашмдошт расонаӣ шуда, боиси вокунишҳо гардид. Зеро мардуми тоҷик аз кишваре, ки замоне барои барқарории сулҳ дар мамлакати мо талошҳои судманд анҷом додааст, интизор надоштанд, ки имрӯз ба душмани сулҳу ваҳдат даст бидиҳад. Чунин бархӯрди номуносиб доираҳои гуногунро нигарон намуда, мунҷар ба баҳсу баррасиҳо шуд. Ба дунбол, амалкарди масъулони баргузории конфронс ғайридӯстона ва беэҳтиромӣ арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ даъвати раиси ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ аз сӯи мақомоти Эронро беэҳтиромӣ нисбат ба Тоҷикистон хонда, изҳор дошт, ки чунин муносибат метавонад, равобити дӯстонаро халалдор кунад. Ба гуфтаи ӯ, «Эрон дар Осиёи Марказӣ фақат бо Тоҷикистон таъриху фарҳанг ва забони муштарак дорад ва набояд чунин амал мекард».
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки бо ҳайати расмӣ дар ин ҳамоиш иштирок дошт, ба ин назар аст, ки даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси «Ваҳдати исломӣ» ва дидораш бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳимояти ошкоро аз ҳизби мамнуъро ба намоиш гузоштааст.
Аммо ба гуфтаи  Қурбон Восеъ, академики Академияи улуми иҷтимоӣ - педагогии Русия, Эрон кишвари ҳамзабони мост ва барои як нафар набояд атрофи давлати дигар валвала сохт. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфтааст: «Муҳиддин Кабирӣ шахсе нест, ки барои ӯ шуда, муносибатҳои давлатӣ бад шаванд ва ё шахсе нест, ки чизеро тағйир дода тавонад. Модоме ки он нафар душман аст, намояндагони расмии Тоҷикистонро мебоист, ки расман дар ҳузури ҳама толори маҷлисро тарк мекарданд. Дар он ҳолат Эрон андеша мекард, ки нодуруст рафтор кардааст… Агар намояндагони расмии Тоҷикистон зарофати сиёсӣ медоштанд, ҳеҷ вақт бо Кабирӣ даст ба даст намедоданд. Даст ба даст доданду баъд аз он ҷо омада, изҳор карданд, ки Эрон кори нодуруст кард. Ҳол он ки набояд дар паҳлуи роҳбари ҳизби ифротгарои мамнуъшуда менишастанд…»
Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров  ба мавзӯи мавриди баҳс назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ин ҳамоиш аз ҷониби ташкилоти ғайрирасмӣ созмон ёфтаву дидори Муҳиддин Кабирӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ як тасодуф будааст. Бо чунин изҳорот сиёсатшиноси тоҷик, зоҳиран масъаларо чандон ҷиддӣ намеҳисобад. Аммо Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, номзади илмҳои филологӣ, дар матлабе таҳти унвони «Хиёнаткори ваҳдат дар «Ваҳдати исломӣ», ки расонаҳои вилояти Суғд онро чоп кардаанд, таъкид кардааст, ки  «чунин падидаҳоро баъзе доираҳо шояд беаҳамиятона қабул намоянд. Вале дар ҷаҳони имрӯза ҳодисаҳои калону хурд, боаҳамият ё беаҳамият нест, майдатарин ҳодисаи олам чун шарора оташи калонро ангехта метавонад. Инро мо бо чашми сар дар Шарқи Наздик дида истодаем».
Баррасии масъала нишон медиҳад, ки дидгоҳҳо дар ин маврид аз ҳам тафовут доранд ва дар ҳеҷ яке аз он эронситезӣ дида намешавад. Зеро давлат ва мардуми тоҷик дар доираи сиёсати дарҳои бози Ҳукумати ҷумҳурӣ хостори муносибатҳои ҳасана бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буда, бо касе душманӣ варзиданро қабул надоранд.
Аз ин бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таниш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон набуда, танҳо аз бархӯрди ахири мақомдорони ин кишвар нигарон аст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2016    №: 12    Мутолиа карданд: 572

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед