logo

сиёсат

СОКИНОНИ САВНОБ: МО ПУШТИБОНИ ҚАВӢ ДОРЕМ

Мо, мардуми Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пайвастаашон дар робита ба бартарафсозии хисороти заминларзаи 7 декабри соли 2015 арзи сипос менамоем. Зеро, дар рӯзҳои сахту сангини ба сарамон омада, аз ғамхориву меҳрубонии давлат пурра бархӯрдор будем.
Воқеан ҳам, рӯзи аввали ҳодисаи табиӣ барои мардуми деҳа даҳшатро мемонд, зеро бо чашми худ дидани фурӯравии хонаҳо, фарёди модарони ҳаросон ва тифлони гирён ҳамаро дар ҳоли тарсу ғусса қарор дода буд. Пиру ҷавон, занону кӯдакон дар ҳавои сард рӯҳафтода ва зору ҳайрон монда буданд. Чашминтизор будем, ки барои наҷотамон кӣ мешитофта бошад. Хушбахтона, бо супориши бевоситаи Пешвои ҳақиқии миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳамроҳии раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва раиси ноҳия Худоёр Худоёров пойи пиёда ба дурдасттарин водии Бартанг- деҳаи Ғудара расиданд. Дидору суҳбати самимона бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо умеду боварӣ ва рӯҳбаландӣ бахшид.
Рӯзи сеюми ҳодиса оилаҳои зарардида таъҷилан тавассути чархболҳо ба маркази ноҳия интиқол дода шуданд. Мардуми деҳоти зарардидаи Ҷамоати деҳоти Савноб дар кӯтоҳтарин фурсат бо ҷойи зисти муваққатӣ, маҳсулоти ғизо, сӯзишворӣ, либоси гарм ва дигар лавозимоти рӯзгор таъмин гардиданд. Фарзандони мо барои идомаи таҳсилашон ба интернати ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои дигар фаро гирифта шуданд. Барои оилаҳои бесарпаноҳмонда дар маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Додхудоев шароити хуб муҳайё шуд.
Ба оилаҳои зарардида аз ҷониби Президенти мамлакат маблағи муайян дастрас гардид. Ҳамаи ин намунаи дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, хираду заковати Пешвои миллат аст, ки сокинони ҳеҷ як гӯшаи Ватани азизамон дар чунин рӯзҳои сахт дар муҳосира қарор нахоҳанд гирифт, ки мо онро таҷриба кардем. Дар пасманзари тадбирҳои фаврии Ҳукумат барои бартарафсозӣ хисороти воридшуда ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани зарардидагон, бори дигар итминон ҳосил кардем, ки мо ва тамоми мардуми тоҷик дар симои Пешвои миллати худ, пуштибони қавӣ ва давлати неруманд дорем.

Бо эҳтиром, М. Мулояминов,
С. Бойназаров, М. Иззатшоев,
С. Зибуҷинова, П. Раҳматшоев,
Ғ. Қадамшоев, О. Шабозова,
М. Пасораков бо ҷамъи дигар,
сокинони Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2016    №: 12    Мутолиа карданд: 493

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед