logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭҲЁГАРИ ҲУВИЯТ ВА ФАРҲАНГ

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба саҳнаи сиёсат ва давлатдорӣ омад, ки арзишҳои миллӣ беқадру беаҳамият гашта буданд. Ӯ ҳамчун нафари худогоҳу дурандеш эҳсос мекард, ки мардуми моро танҳо бо фарҳанг ва таҳаммулпазирӣ метавон сарҷамъ овард. Аз ин сабаб, нуктаҳои муҳими мақолаву паём ва суханрониҳояш ба ибораҳои ҳувияти миллӣ ва эҳёи миллат иртибот мегиранд. Номи куллиёти осорашро низ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» унвон кардааст, ки моҳияти андешаву ормонҳои маънавию миллии ӯро ифода мекунад.

Аз оғози фаъолияти сиёсӣ Сарвари давлат зарурати эъмори давлати миллиро асоси консепсияи сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии худ қарор дода, саъю талошашро барои инкишофи шуури миллат сафарбар кард. Вай итминон дошт, ки ҳадафи волои ӯ барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ заминаи мусоид ва воқеӣ фароҳам меорад. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба масъалаҳои сарнавишти таърихӣ ва фарҳанги миллати соҳибтамаддуни тоҷик, омилҳои бақо ва ҳастии он, шинохти озодиву истиқлолият, арзишҳои фарҳангиву маънавии он таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳадафи волои миллатдӯстӣ ва ҳувиятсозиашро дар мақолаи «Инсон ва андешаи ҷаҳонсози ӯ» ба ин тарз баён доштааст: «Ба гузаштаи дури миллати худ рӯй овардани мо фақат маълумотнома, санад ва мадракҳои таърихӣ ҷамъ кардан нест, балки беҳтарин, шоёнтарин ва гиромитарин андеша, афкор ва рӯйдодҳои сарнавишти миллатамонро барои такомули хушбинонаи имрӯзу ояндаи халқамон ва бунёди як ҷомеа ва давлати навин меомӯзем ва истифода мекунем. Зеро ҳеҷ миллате бе донистан, омӯхтан ва фаро гирифтани арзишҳои ахлоқиву маънавии гузашта, хотираи таърихии худ наметавонад рушду густариш ёбад». Андешаҳо ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат парвариши судманди ифтихори миллӣ ва ватандориро дар се асл воҷиб медонад. Асли аввал ибратгирӣ аз таърихи пуршебу фароз, вале ифтихоромези гузашта, асли дувум забони куҳан ва пуриқтидори модарӣ ва асли савум сарнавишти чеҳраҳои баргузидаи таърихиву фарҳангӣ мебошанд.
Воқеияти таърихи навини тоҷикон, тағйироти азими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавие, ки дар ҷаҳони муосир рух дода истодааст, масъалаи ҳушёрӣ ва худшиносии миллиро дар сабку сатҳи нав ба миён мегузорад. Сарвари давлат дар таълифот ва суханрониҳояш консепсияи ягонаи шинохти ҳувияти миллиро матраҳ карда, барои амалӣ сохтани он чораҳои мушаххасро пешбинӣ мекунад. Ӯ барои ҳисси худшиносии ҳаммиллатони худро таҳрик бахшидан масъалаи биниши амиқи таърихиро бар ҳадафи «чун ниёгонро меомӯзем, худро мешиносем» такя дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тадқиқоташ масъалаҳои бузурги барои тоҷикон тақдирсоз, аз қабили муайян намудани роҳҳои инкишофи минбаъдаи миллат ва кишвар, шинохти ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои маънавиро ҷиддан омӯхта, заминаи назариро барои тақвият бахшидан ба худшиносии миллии тоҷикон муҳайё сохт.
Сарвари давлат нахуст диққати мутахассисон, фарҳангиён, коршиносон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро ба омӯзиш ва фарогирии решаҳои фарҳанги давлатдории тоҷикон ҷалб карда, дар ин замина ба шинохт ва арзёбии тоза ва ҳадафманди таърихи миллат муваффақ шуд. Китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» собит кард, ки асли таърихи ин миллатро «фаъолияти олии маънавӣ» (ифодаи К. Ясперс) ташкил медиҳад. Президенти мамлакат саргаҳу сарчашмаҳои маънавияти олиро аз саҳифаҳои таърихи қадим ва ҷадиди тоҷикон ҷуста, онро ба хидмати муосирон мекашад ва ба ин дастур заминаро барои ба асли худ баргаштан муҳайё месозад.
Пешниҳоди таҷлили 1100 - солагии давлати Сомониён ифодагари решаҷӯии Пешвои миллат аз аслу насаб ва ба хидмати имрӯз кашидани арзишҳои фарҳангии гузаштагон мебошад. Бузургдошти ёди фархундаи таърихӣ ва фарҳангии Сомониён дар замони истиқлолият зинда кардани ҳофизаи таърихии миллат буд. Зеро маҳз Сомониён буданд, ки нахустин давлати мутамаркази тоҷиконро бунёд карданд. Асоси низоми давлатдорӣ, иқтисоду фарҳанг ва пешрафтро гузошта, забони форсии дариро забони давлатӣ эълон доштанд.
Президенти кишвар дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён дар суханрониаш «Давлатдории тоҷикон: аз Сомониён то оғози асри XXI» таъкид карда буд: «Маҳз Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд, забони модариро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро ҳифз намоянд. Насли имрӯз ва оянда вазифадор аст, ки ин анъанаи неки онҳоро идома диҳад».
Дар ин самт Президенти кишвар дастури таҷлили солрӯзи чеҳраҳои баргузидаи фарҳанги тоҷикро пиёда кард, ки ҳадафи он бузургдошти ниёгон ва эҳёи суннатҳои воло буд. Ислоҳоти ӯ ҳам эҳёи суннатҳо, арзишҳо ва ҳам ислоҳи тафаккури ҷомеаро дар заминаи шинохти моҳияти масъала ифода мекард, ки шиораш ин буд:
Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин ду қувва эътибори миллат аст.

Дар ин замина, ба таърихи пурифтихори гузашта, аз ҷумла аҳди Сомониён такя кардани Сарвари давлат арзиши ҳам назарӣ ва ҳам амалӣ дошт. Зеро дар таърихи тоҷикон аввал касе, ки ба эҳёи тафаккури миллӣ иқдом кард, Исмоили Сомонӣ буд. Аввалин иқдоми амалии ислоҳ ва таҷдиди андешаи миллӣ дар таърихи тоҷикон маҳз дар давраи Сомониён сурат гирифт.
Бедории миллии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии эҳё ва таҷдидкардаи Сомониён, пеш аз ҳама, ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз зери султаи фарогири бегонагон буд ва то ҳадде ба бедории миллӣ ва адабию фарҳангӣ оварда расонд, ки маҳсули он тамаддуни сирф миллии он давра мебошад. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвар ва иқдомҳои созанда, ватанхоҳона ва миллатдӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давраи тозаи эҳёгарӣ фароҳам омад. Ва паёми Муҳаммад Иқбол пешгӯии тақдирсоз дар ин матни таърихи тоҷикон буд, ки гуфта:
Мерасад марде, ки занҷири ғуломӣ бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони шумо.

Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2016    №: 12    Мутолиа карданд: 1289

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед