logo

фарҳанг

МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНИ «ЗЕБОСАНАМҲОИ ДОНИШГОҲҲОИ ҶАҲОН»

Насиба Наимхонова дар озмуни байналмилалии «Зебосанамҳои донишгоҳҳои ҷаҳон» ширкат дошта, дар яке аз ҳамоишҳои он дар мавзӯи «Сулҳ ва рушди иқтисодӣ» ғолиб дониста шуд. Озмуни мазкур имсол дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад ва бори аввал аст, ки дар он намояндаи Тоҷикистон  ширкат меварзад.

Насиба Наимхонова донишҷӯи соли сеюми факултаи  лингвистикаи  забонҳои англисиву фаронсавии Донишгоҳи славяниву қирғизии шаҳри  Бишкек буда, дар озмуни «Зебосанамҳои донишгоҳҳои Қирғизистон», ки охири моҳи декабри соли сипаришуда дар шаҳри Бишкек доир шуд, сазовори унвони «Зебосанами донишгоҳҳои Қирғизистон» гардид. Дар озмуни мазкур 40 донишҷӯдухтар ширкат варзида, 22 нафари он ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва аз ин миён Насиба Наимхонова ҷойи аввалро сазовор гашт.
Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, сармуҳаррири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» мегӯяд, ки «Муваффақияти Насиба мавриди хушҳолии тоҷикони Қирғизистон карор гирифт. Дар донишгоҳҳои Қирғизистон, ки шумораашон аз 55 адад беш аст, аз кишварҳои мухталиф низ ҷавонони зиёд таҳсил доранд ва пирӯзӣ дар ин озмун кори саҳл набуд. Барои мо тоҷикон боиси ифтихор аст, ки ҳарчанд Насиба «Зебосанами донишгоҳҳои Қирғизистон» эътироф гардида бошад ҳам, дар Озмуни байналмилалии «Зебосанамҳои донишгоҳҳои ҷаҳон» Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад».
Масъалаи муаррифии Тоҷикистон дар озмуни «Зебосанамҳои донишгоҳҳои ҷаҳон» барои иштироки Насиба дар аввал мушкилиҳо эҷод намуд, чун ӯ зебосанами донишгоҳҳои Қирғизистон интихоб шуд ва мебоист, Қирғизистонро муаррифӣ намояд. Аммо, баъди азму талошҳои зиёд барои Насиба муяссар гашт, ки дар ин озмуни бонуфуз ватани худ - Тоҷикистонро муаррифӣ намояд. Бо кӯшишҳои ӯ миёни 70 давлати дунё дар ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ  бори аввал номи Тоҷикистон садо дод. Дар суҳбати ихтисосӣ дар робита бо ин Насиба Наимхонова, аз ҷумла, гуфт, ки «Бисёр мехостам, Тоҷикистонро дар озмун муаррифӣ намоям. Бароям аз номи Тоҷикистон баромад кардан муяссар шуд. Ҳарчанд  масъалаи дастгирии молиявӣ барои иштирок дар озмун, суоли матраҳ буд, вале боз ҳам рӯҳафтода нашуда, барои иштирок кардан  талош варзидам. Хушбахтона, бо дастгириву ҳидояти ҳамватанон ба мақсад расидам. Мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар ин масъала маро танҳо нагузошта, дасти ёрӣ  сӯям дароз карданд, миннатдории самимӣ баён созам. Маҳз дастгирии молиявӣ ва иттилоотии  ҳамватанон буд, ки Тоҷикистон бо намояндагӣ аз банда дар озмуни байналмилалии «Зебосанамҳои донишгоҳҳои ҷаҳон» ширкат меварзад».
Насиба Наимхонова зодаи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 21 - и ноҳияи Ишкошим дар Донишгоҳи славяниву қирғизии шаҳри  Бишкек дохил шуда, таҳсилро идома дода истодааст. Ӯ ният дорад, ки баъди хатми донишгоҳ ба Ватан баргашта, дар пешрафти он саҳми худро гузорад.

Ш. ҚУРБОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2016    №: 13    Мутолиа карданд: 723

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед