logo

ҳуқуқ

АЗ ОШӮБИ НАЗАРЗОДА ТО КАМБУДИҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

Ҳеҷ кас ва ягон шохаи ҳокимият ҳаққи дахолат ба кори судҳоро надоранд ва судяҳо дар  Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонун мустақиланд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ, дар нишасти матбуотӣ иддао дар мавриди вобастагии мақомоти судӣ аз мақомоти иҷроияро бепоя хонд. Суоли матраҳ вобаста ба пойбандии судяҳо ба мақомот ва шахсони алоҳида дар ҳолест, ки чанде қабл Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар як гузориш судяҳои тоҷикро аз нигоҳи мустақилият дар миёни кишварҳои ИДМ дар мақоми аввал гузоштааст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2015  дар муқоиса ба як соли пеш баррасии парвандаҳои низомӣ бештар гардидааст. Масъулони Суди Олӣ тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳои низомиро ба ошӯби собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли гузашта марбут донистанд. Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти Суди Олӣ раиси собиқи ҲНИТ Муҳиддин Кабириро дар ташкил ва маблағгузории исёни Абдуҳалим Назарзода, ки кӯшиши табадуллоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсиониро дар пай дошт, муттаҳам кард. Зимнан, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ки ҳамлаи мусаллаҳона қаблан тарҳрезӣ шуда, мутаассифона, мақомоти дахлдори давлатӣ натавонистанд, ки пеш аз  вуқӯи ҳодиса онро пешгирӣ кунанд. Аз ин рӯ, кормандони мақомоти қудратию низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ки ба камбудиҳо дар ин самт роҳ доданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Раиси Суди Олӣ, инчунин, зикр кард, ки  дар барорбари дастоварду муваффақиятҳо  дар фаъолияти судҳо ҳанӯз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ ба чашм мерасанд. Номбурда татбиқи нодурусти қонунгузории моддӣ ва мурофиавӣ, дар сатҳи зарурӣ ва тибқи қонун таҳия нагардидани санадҳои судӣ, таъмин нашудани татбиқи ягонаи қонунҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо, таъмини ҷазои номувофиқ ба шахсияти гунаҳкорон ва кирдори содиркардаи онҳо, ҳаматарафа ва пурра насанҷидани ҳолатҳои кор дар мурофиа ва саривақт иҷро накардани санадҳои судиро аз қабили камбудиҳои мавҷуда донист.
Аз ин рӯ, ба манзури аз байн бурдани камбудиҳо имсол барномаи вижае рӯйи даст гирифта шудааст, ки дар он татбиқи як қатор чораҳои судманд пешбинӣ мешавад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2016    №: 13    Мутолиа карданд: 753

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед