logo

сиёсат

ҶОЙГОҲИ ДИН ДАР ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ

Вазъияти пуртазоди байналмилалӣ ва бархӯрди тафаккуру зеҳнияти қавму миллатҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи муайян кардани модели муваффақонаи давлатдориеро, ки дар он дурахши як сиёсати барозандаи мардумсолорӣ, тартибу интизоми иҷтимоӣ, рушди мунтазами иқтисодиёт ва некуаҳволии аҳолӣ эҳсос шавад, ба проблемаи ҳаётан муҳим табдил додааст. Ба таври ғайричашмдошт дар оғози асри XXI андешаи динӣ яке аз муаммоҳои ташаккули низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ гардида, зарурати таҷдиди дубораи имонию эътиқодӣ кардан ба дини пайравидоштаашон пеш омадааст. Агар ба таъбири исломӣ онро маънидод кунем, бояд тоза аз арза намудани калима оғоз намоем. Мушкилӣ дар он аст, ки агар аз як ҷиҳат, муносибати байни пайравони дину конфессияҳои гуногун хусусияти буҳронӣ пайдо карда бошад, аз ҷиҳати дигар, ихтилофот дар байни ҷараёну мазоҳиби исломӣ боиси эътирозу гирдиҳамоиҳои бузург, сар задани задухӯрдҳои мусаллаҳ, инқилобҳои арабӣ ва ба истеъфо рафтани роҳбарони сиёсӣ гардид. Маъмулан чунин меҳисобанд, ки раванди ҷаҳонишавӣ, осон шудани рафтуомади байни кишварҳо, афзоиши миқдори аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омезишу бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо сабаби зиёдаравӣ ва хушунат дар рафтору муомилаи қавму миллатҳо ва кишвару минтақаҳо гардидааст. Вале аҷобат дар он аст, ки дар ҷаҳон раванди истилои фарҳангӣ - маънавӣ хеле босуръат ҷараён дорад, аммо дар масъалаи ҳамгироии иқтисодию истеҳсолӣ, дастгирии кишварҳои рӯ ба рушд ва инвеститсияи мақсаднок барои пешрафти воқеии онҳо ташаббусҳои ҷолиб кам ба назар мерасанд. Мушкил он аст, ки акнун ҳама гуна низоми сиёсиро ин ё он гурӯҳи ба истилоҳ дунёситез ва уқбодӯст зери тозиёнаи танқид қарор дода истодаанд. Магар заминаҳои пайдоиши дунёситезӣ танҳо дар фарҳанги Шарқи мусулмонӣ нуҳуфта аст?!
Бояд гуфта шавад, ки низоми дунявият дар сиёсат як шакли сиёсии таъминкунандаи озодии эътиқод буда, ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамчун идеологияи динӣ ё бединӣ будан дар ҷомеаро накардааст. Вале дар шароити бархӯрди андешаҳои мухталиф дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳоло василае беҳтар аз роҳу равиши тафаккури дунявӣ барои ҳалли нофаҳмиҳо ва ҳамзистии қишрҳои гуногуни ҷомеа пайдо накардаанд.
Бояд донист, ки дунявият гуфтан маънои атеизмро надорад, баръакс барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандии муосир бояд тамоми қишру табақаҳо, намояндагони адён ва пайравони ҷаҳонбинии ғайридинӣ бо ҳам тавофуқ кунанд. Дунявият ҳам ифротгароии атеистӣ ва ҳам ифротгароии диниро қабул надорад. Айният додани дунявият ба атеизм хатои маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсӣ истифода мебаранд.
Аслу асоси дунявиятро пазируфтан маънои ҷудо кардани ақоиди динӣ аз сиёсати давлатиро ифода намуда, ҳеҷ гоҳ мақсади аз ҳаёти ҷамъиятӣ берун овардани динро пайгирӣ намекунад. Зиёда аз ин, дар шароити ҳифзи нақши давлат ҳамчун шакли олии созмондеҳи ҳокимияти ҷамъиятӣ - сиёсӣ тафаккури дунявӣ барои муайян кардани доираи нуфузи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, дар илми ҷомеашиносӣ “ҳангоми баҳо додани меъёрҳои таснифоти давлатҳои дунявӣ ба ду ҷиҳати масъала – ҳамкории давлат бо иттиҳодияҳои динӣ ва дараҷаи таъсири дин ба низоми ҳуқуқии давлат эътибори ҷиддӣ медиҳанд”.
Бо назардошти ҳамин омилҳо моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин сароғоз гирифт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ҳанӯз 21 сол пеш шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷонибдории худро барои эъмори давлати навини тоҷикон баён намуда буданд, ки меҳвари бунёдии онро демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будан ташкил медиҳад. Ва ҳамин арзишҳо пойдевори рушди устувор ва дастовардҳои кунунии мо гардиданд.
Аслан барои рушди давлати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шинохти дуруст ва таърифи возеҳи мафҳуми дунявият зарур аст. Гурӯҳу ҷараёнҳои гуногун баъзан истилоҳи дунявият (секуляризм) ва илҳод (атеизм)-ро омехта мекунанд, бад ин васила дар фазои иттилоотӣ тасаввуроти нодуруст пайдо мешавад ва дар зеҳну равони мардум як эҳсоси нобоварӣ ба сохтори сиёсӣ ва низоми давлатдории дунявӣ ба вуҷуд меояд. Чунин пиндоштан нодуруст аст, ки дини ислом мусулмононро аз имконияти бунёди ҷомеаи муосири дунявӣ, ҳамчуноне ки дар кишварҳои Ғарб мавҷуд аст, маҳрум месозад. Тафовут дар он аст, ки дар Ғарб як гурӯҳи файласуфон, ба мисли Ҷон Локк (1632-1704) ин равандро ҳамчун як омили судовар истиқбол намуданд. Онҳо секуляризмро роҳи беҳтари татбиқи диндорӣ муаррифӣ карданд, ки динро аз назорати маҷбурии давлатӣ озод кард ва барои амалисозии идеалҳои рӯҳониашон фазои мусоидтар фароҳам овард. Мутаассифона, дар олами ислом секуляризм бештар дар шакли ҳамлаҳои хушунатомез бар болои дин ва эътиқодмандон ифода гар-дид. Ин тарзи рафтор ба баҳодиҳии арзишҳо ва муқаддасоти динӣ ҳам таъсири номатлуб расонд. Ҳоло таърифи қабулшудаи давлати дунявӣ чунин аст: “Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ба ҳеҷ гуна дини расмии давлатӣ ва таълимоти динӣ бартарият ва афзалият дода намешавад. Хусусияти дунявӣ доштани давлат чунин пешбинӣ менамояд, ки давлат ва итиҳодияҳои динӣ аз ҳамдигар ҷудо буда, онҳо метавонанд дар доираи қонунгузории амалкунанда кору фаъолият кунанд. Дар айни замон низоми дунявии давлатдорӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, бовару эътиқод ва озодии виҷдони шаҳрвандон заминаҳои мусоид фароҳам месозад”.
Ҳамзамон бояд иқрор намоем, ки масъалаи таносуби мутақобилан судманди давлати дунявӣ ва дин дар ҷомеаи тоҷик мавзӯи асосии баҳси доираҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию зеҳнӣ қарор гирифтааст. Дар шароити кунунӣ ақидае роиҷ гардид, ки табақаи рӯҳоният одатан низоми дунявии давлатдории миллиро хилофи ислом ва омили коҳиши дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона, имрӯз тамоюли дуруст баҳо додан ба масъалаи таъсири низоми дунявии давлатдорӣ ба дин байни сокинони кишвар дар ҳоли рӯ ба афзоиш қарор дорад ва низоми дунявии давлат омили муҳим барои таъмини пешрафти дин дониста мешавад. Вале ҳанӯз ақаллияти оштинопазир ба низоми давлатдории дунявӣ вуҷуд дорад. Ин чунин маъно дорад, ки то ҳол доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми дунявии давлатдорӣ дар фарҳанги миллии мо проблемаҳо ҷой доранд. Аз ин рӯ, пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва манфиатҳои волои давлату миллат қотеона талаб менамояд, ки асосноккунии илмӣ - методологӣ доир ба беҳбуди вазъият ва пайдо кардани роҳҳои наздикшавии тарафҳо ба ҳадафи асосӣ таҳия гардад ва комилан дигар кардани муносибат дар ин самт ба эътибор гирифта шавад. Дар доираи тафаккури дунявӣ бояд шароите эҷод шавад, ки дар он тамоми ақидаи солим ва муҳокимаронии мантиқӣ ғунҷоиш пайдо карда тавонад. Ва баръакс, бояд ҳама гуна мафкураи хусусияти зиёдаравӣ ва тундгароидошта баҳои сазовор гирифта, тадриҷан аз фазои иттилоотӣ берун оварда шавад. Набояд фаромӯш кард, ки гурӯҳҳои хурди аз оламу одам норозӣ зуд бо ҷараёнҳои хатарзо ҳамақида мешаванд, рафторҳои эътирозӣ баён мекунанд ва бетағйир боқӣ мондани чунин ақидаи ҷомеапазирии онҳо оқибатҳои нохуб ба бор оварда метавонад. Онҳо танҳо дар байни доираи маҳдуди ҳаммаслакони худ ва танҳо дар байни мусулмонон эътирофу эҳтиром пайдо мекунанд.
Таърихан раванди аз ҳам дур шудани сокинони ду тарафи «рӯди Омӯ бо ҳама паҳноияш», яъне Афғонистону Тоҷикистон аз соли 1895 оғоз гардидааст. Дар ин муддат ҳаводиси зиёде ҳамтақдири одаму олами ин манотиқ гардид. Дар сохтори сиёсию ҷуғрофии панҷ ҷумҳурии шӯравии Осиёи Миёна низоми давлату давлатдорӣ, сиёсату идеология, инфрасохтори саноатӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии комилан фарқкунанда аз он сӯйи дарё ба вуҷуд омад. Ҳар чӣ дар ҷомеаи шӯравӣ шуданӣ буд, шуд. Фақат дар анҷоми мавҷудияти кишвари шӯроҳо тағйироти сиёсие дар Афғонистони ҳамсоя ба вуқӯъ пайваст ва боз фурсате даст дод, ки шаҳрвандони ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҳоли дӯстону пайвандони дар Афғонистон дурафтодаи худ аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Мақсад гузошта шуд, ки дар ин кишвар низоми давлатдории демократӣ ва сотсиалистӣ бунёд кунанд. Мутаассифона, қисмат болои Афғонистон вазниниҳои сангинеро таҳмил кард. Дар он даврони дур тасаввур кардан номумкин буд, ки нооромӣ дар давлати Афғонистон ва таъсиргузории он ба вазъияти ҷумҳуриҳои минтақа, бахусус Тоҷикистони тоза ба истиқлолрасида то дараҷае боло меравад, ки ҳатто боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардад. Аз ҷониби дигар, таҷрибаи рӯзгор чунин баҳра дод, ки буриши Амударё танҳо ҷудошавии марзии мардум набудааст, балки бо гузашти айём ҷаҳонбинӣ, тафаккур, андешаронӣ, баҳодиҳии арзишҳои миллию динӣ, тарзи зисту рӯзгор ва умуман зеҳният (менталитет)-и одамон низ аз ҳам сахт дуру бегона шудаанд. Ва дубора ба ҳам овардани ин парешониҳо кори бисёр мушкил аст ва аслан кори ношуданист. Ба назари мо, таъсири ҳамин рӯҳияи манзараи ғайримуқаррарӣ диданҳо дар тӯли марзҳои ҷанубӣ намак бар ҷароҳати нооромиҳои сиёсӣ бипошид. Ҳарчанд ин ноамниҳо муддате миллати тоҷикро аз мувозинати табиӣ берун овард, вале хамирмояи фитрати азалии миллат зуд ҳушёраш кард.
Аз ин нигоҳ, ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои ангуштшуморе маҳсуб мешавад, ки дар муқобили ин қабил озмоишҳо масунияти истодагарӣ ва пирӯз шуданро пайдо кардааст. Ҳамакнун мисли кору фаъолиятҳои дигар зиёдаравии динӣ низ ғарбгаро шуда, корвони худро аз Шарқ ба ҷойҳое наздиктар ба Ғарб интиқол додааст ва ҳоло бо номи созмони ифротгарои ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдории дини ислом ниятҳои мармузи хоҷагони хориҷиашонро амалӣ карда истодаанд. Вале ин падидаи шум на танҳо пайванди худро бо манзилҳои қаблан харобкардааш гусастанӣ нест, балки ниятҳои ҳаштповор реша давонидан дар ақсои оламро пеша кардааст. Фаъолияти неруҳои зиёдарави дохилӣ ва хориҷӣ тақозо менамояд, ки мо садди роҳи амалӣ гаштани ниятҳои носолими онҳо шавем, бо унсурҳои пархошҷӯ ҳамеша кор барем ва дар айни замон ба раванди ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ хусусияти бебозгашт диҳем. Таблиғи арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории дунявӣ, бунёди фазои солими андешаронии динӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузарондани мулоқотҳо бо мардум, нашри китобу мақолаҳои илмию таҳлилӣ, мунсифона анҷом додани ташхисҳои тахассусӣ ва посухи саривақтӣ додан ба дархостҳои шаҳрвандон дар сатҳи гуногун аз зумраи тадбирҳои муассире ҳастанд, ки пойдевори Истиқлолияти давлатиро устувор гардонда, арзишҳои миллию диниро аз омезиши ақоиди бегона ҳифз менамояд.
Дар давлати соҳибихтиёр,  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон ислом ҷойгоҳи сазовори худро дар тафаккуру  андешаи миллӣ пайдо кардааст ва дар ташаккули ҷомеаи  шаҳрвандӣ рисолати  бандҳои алоҳидаю фарҳангӣ дорад. Вазъияти тағйирёбандаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки давлатдории миллии мо дар ин марҳилаи бисёр мураккаби сиёсӣ бояд бо назардошти таъсиргузории омилҳои динӣ  ва ба эътибор гирифтани  манфиатҳои минтақавӣ ва миллии худ собитқадамона рушд намояд. Таҷрибаи андӯхтаи таърихи навини ҷумҳурии мо имкон медиҳад, ки хулосаҳои зеринро пешниҳод намоем:
1) такомули давлатдории навини миллии мо бояд ҳамеша ба асосҳои таърихан шаклгирифтаи фарҳанги ниёгон ва арзишҳои  ахлоқӣ – маънавии миллати куҳанбунёди тоҷик такя намояд;
2) давлати дунявӣ ва атеистиро байни ҳамдигар донистан комилан  нодуруст аст;
3) дар ин замина омӯзиши ғояҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва ахлоқию маънавии маҳфумҳои секуляризм, дунявият ва атеизм аз нигоҳи назария ва амалия тадқиқоти иловагиро тақозо менамояд;
4) дар давлати дунявӣ итти-ҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо аст, вале ин маънои онро надорад, ки дин аз раванди  ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар канора бимонад;
5) нақши дину мазҳабҳои суннатӣ ва арзишҳои бунёдии фарҳанги  миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ахлоқию маънавӣ бояд ҳамаҷониба арҷгузорӣ карда шавад;
6) ҳангоми таҳияи дурнамои сиёсати давлатӣ дар бахши рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фарҳанги миллӣ ба эътибор гирифтани меъёрҳои  ахлоқӣ – тарбиявии дини ислом ба манфиати миллату ҷомеа хоҳад буд;
7) омӯзиши таҷрибаи дигарон дар ин масъала муносибати  эҷодкоронаро тақозо менамояд, зеро истифодаи он метавнонад таъсири омилҳои манфиро сахт коҳиш диҳад.
Дар шароити кунунӣ роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии худ барои  пуштибонӣ аз дини мубини ислом, эҳёи  арзишҳо ва муқаддасоти миллию динӣ, танзими ҷашну маросимҳои миллию динӣ, пешгирии ифротгароӣ ва терроризм, таъмини ҳуқуқу озодиҳои динию шаҳрвандӣ, тарбияи  насли ҷавони  кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ тамоми заминаҳоро муҳайё сохтааст ва доир ба масъалаҳои  ёдшуда санадҳои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ қабул шудаанд. Ин тадбирҳо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ  суръат бахшида, самаранокӣ ва  рақобатпазирии иқтисодиёт ва обрӯю нуфузи  фарҳанги миллии ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ таъмин менамоянд. Мо мутмаинем, ки дар сатҳи баланди тахассусӣ анҷом додани нақшаҳои кории тасдиқшуда барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад.
 

(Давом дорад)   
 

Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2016    №: 13, 15    Мутолиа карданд: 820

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед