logo

сиёсат

ТАВЛИДИ ЯК ГИРДОБИ ДИГАР

Замони муосир ба худ доираи талабот ва мутобиқшавиҳои доманадорро тақозо менамояд ва дар ин замина раванди ҷараёнҳои сиёсӣ барои мо гоҳе саҳифаҳои ғайриинтизорро пеш меорад. Манзури мо муносибати ғайричашмдошти Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, ки дар муносибатҳои байни ду кишвари ҳамзабон як навъ тирагии номаълуме ба миён овардааст.

Албатта, тафовути ҷиддие, ки миёни сохти давлатдории ин ду кишвар дида мешавад, яке исломиву дигаре дунявӣ будани онҳост. Аммо тафовути мазкур ҳеҷ гоҳ набояд ин кишварҳоро дар сангар қарор диҳад. Зеро оини мусалмониву доираи аҳкоми шариат дар ҷумҳурии мо, ки 98 дарсади аҳолии онро мусалмонон ташкил медиҳанд, пурра роиҷ мебошад. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмони калонтарин масҷиди бунёдшаванда дар минтақа дидан кард. Ин як далелест, ба муқобили онҳое ки мегӯянд: «Дар Тоҷикистон фишору маҳдудиятҳои динӣ авҷ гирифтааст». Тозатарин мисоли дигар барои онҳо, ин зиёрати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрҳои Маккаву Мадина буд, ки муқаддастарин ҷойгоҳ барои тамоми мусалмонони ҷаҳон аст.
Тавре ишора гашт, ягона унсуре, ки имрӯз баъзе тангназарон моро ба он айбдор кардан мехоҳанд, ин ғайрисиёсӣ будани ислом аст. Феълан сиёсикунонии ислом дар миқёси ҷаҳон тамоми хушунату нооромиҳоро ба вуҷуд оварда истодааст. Аз ин рӯ, шеваи давлатдориву сохти ғайридинии сиёсат дар кишвари мо маънои онро надорад, ки ҷомеаҳои исломии муайян аҳдофи моро инкор намоянд. Исломи сиёсӣ барои муаллифони мусалмону ғайримусалмони сенарияҳо осонтарин шакли пиёдасозии ҳадафҳо мебошад. Дар ин самт танҳо шуруи як оғоз кифоят аст, ки рафти ҷараёни ҳаводис ҷомеаро гирифтори нооромиҳову ташаннуҷ гардонад. Нооромиву ҷанг барои абарқудратону ҷонибҳои алоҳида дарёфти манфиату ҷойгоҳҳои нав ба ҳисоб меравад.
Низоми ғайриошкори сиёсатҳои ҷаҳонӣ алҳол аз рӯйи ҳамин формулаи шартӣ пеш рафта истодааст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҷаҳони исломӣ имрӯзҳо аз ҳама бештар қурбони ин ҳадафҳост. Ҳарчанд таълимоту асоси ислом сабру таҳаммул бошад ҳам, дар асл, мусалмон таҳаммулгаро нест. Аз рӯйи эҳсос амал менамояд. Зудбовар аст. Ба ҳама чиз дода мешавад.
Даъвати М. Кабирӣ ба конфронси «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон дар воқеъ нигаронкунанда мебошад. Ҷомеаҳои ғарбӣ дар асоси омӯзиши факту далелҳо ва оқибатҳои ҷараёни сиёсикунонии ислом муътақид гаштанд, ки неруҳои муайян дар зери парчами дини ислом мехостанд дар ҷумҳурии мо нооромиҳо ва даргириҳои хунинро ба миён оранд. Мисоли онро мо дар ҳаводиси моҳи сентябри соли гузашта дида будем, ки чи гуна афроди сиёҳдил мехостанд ҷумҳурии моро ба саҳнаҳои хунин табдил диҳанд. Ин ҳама собит гашт ва мардуми Тоҷикистон дарк намуданд, ки исломи сиёсӣ дар кишвари мо судманд нахоҳад буд.
Як чиз маълум аст, ки М. Кабирӣ худро дар «домани ҳимоятгаре» афкандан мехоҳад, ки он бояд идомаи фаъолияти ӯро кафолат диҳад. Ӯ ин ҳимоятгарро дар Аврупову Ғарб дарёфт накард. Акнун Кабирии овора танҳо бо амалкарди манфӣ вориди Тоҷикистон гаштан мехоҳад ва дар ин роҳ ӯ пуштибонони худро рӯйи саҳна оварда истодааст. Пуштибони ӯ бошад, ҳеҷ гоҳ шахси хайрхоҳ буда наметавонад.  Ҳатто, аъмоли ношоистаи ин шахсият намегузорад, ки дигар ӯ назди мардуми Тоҷикистон ҳарфе гӯяд. Воқеаҳои террористии соли гузашта собит намуд, ки халқи тоҷик ҷонибдори хушунату низоъ нест. Бо зӯри силоҳ ва барагехтани низоъ соҳиби ҳокимият шудан ин хобу хаёле буд, ки дигар дар сарзамини тоҷикон такрор нахоҳад гашт.
Як нукта боиси ташвиш аст, ки Эронро дарди мазҳабӣ асрҳо  боз азият медиҳад. Аммо дар ҳама сурат Тоҷикистон на он кишваре буду ҳаст, ки дар доираи ин масъала бо Эрон мухолифате дошта бошад. Дар асоси ин андеша мо метавонем муносиботи Эрон ва Арабистони Саудиро мисол орем. Бехабариву ғафлат ва як навъи тангназариву худхоҳии баъзе аз мусалмонон боис гашта истодааст, ки акнун мухолифатҳои мазҳабӣ дар сатҳи байналмилалӣ мақом пайдо намоянд. Оқибати ниҳоии ин рӯйдод он хоҳад буд, ки мусалмон бо дасти мусалмон нест мешавад ва майдони холӣ бидуни мубориза барои мухолифони ислом пайдо мешавад. Аз ин ҷиҳат дар паси парда мо як навъ мавқеъҷӯиҳоро дар пояи мазҳаб низ дида метавонем. Албатта, мардуми зиёда аз ҳафтодмиллионнафараи Эрон ҷонибдори мухолифатҳои мазҳабиву динӣ нестанд. Аммо афсӯс, ки аз содагиву зудбоварӣ, ҳассосияти эътиқодӣ ва фирефта шудани афроде бо номи идеологҳо дар раванди зиндагии аҳли башар печутоби хатарборе ба вуҷуд омада истодааст.
Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои истиқлолияти худ бо сиёсати дарҳои боз пеш рафта истодааст. Ҷумҳурии мо бо бузургтарин кишварҳои абарқудрат ба мисли ИМА, Русия, Чин ва даҳҳо кишвари аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ неруманд муносиботи судманд дорад. Дар ин радиф Эрон низ истисно нест. Алҳол мо дар муқобили ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг маҳкумиятеро иброз дошта наметавонем ва бовар дорем, ки дар сатҳи баланди давлатӣ ин қазия ҳалли худро меёбад. Ҷониби Эрон як нуктаро бояд дарк намояд, ки дар оғози солҳои ҳаштодуми асри гузашта баъди Инқилоби исломӣ ба ҷанги таҳмилии Ироқ мувоҷеҳ гашт. Зиёда аз 4000 деҳа ба хок яксон шуд, даҳҳо шаҳр дар Эрон пурра хароб гардиданд. Миллионҳо нафар эронӣ ҳамчун муҳоҷир паҳну парешон гаштанд. Триллионҳо долларе, ки ҳамчун ҳисороти ҷанг ба Эрон ворид гашт, бояд хулосабахши «корсозон» бошанд. Мақсади мо дода нашудани ин кишвари ҳамнажод ба таълимоти ғарбӣ мебошад, ки мехоҳанд нуқтаҳои нав ба навро вориди ҷангу хунрезӣ гардонанд. Даъвати Кабирӣ ба ин анҷуман оҳанги манфиеро соҳиб аст. Мо аз Эроне, ки дар сулҳи тоҷикон нақш дошт ва тавонист, ки дар пойдории як давлати ҳамзабон нақшу ҳисса дошта бошад, амалкарди манфиро интизор нестем. Сард гардонидани муносибатҳои ин кишвар бо Тоҷикистон ин тавлиди як гирдоби бузурги дигар барои чанд кишвари мусалмонии боқимонда мебошад, ки алҳол дар фазои онҳо сулҳу оромӣ ҳукмрон аст.


Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ,
устоди ДМТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2016    №: 13    Мутолиа карданд: 478

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед