logo

сиёсат

АРЗИ САДОҚАТ

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» дар байни сокинони шаҳри Турсунзода, бахусус коргарони Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» рӯҳбаландии зиёд ба вуҷуд овард. Мардум бо меҳру садоқат қонунро чун баёнгари муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои миллат, шукргузорӣ аз ҳаёти осуда ва созандагӣ пазируфтанд.

Аҳли заҳмати КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» аз он ифтихор доранд, ки соли 1993 бори  аввал дар кишвар акси Раиси Шӯрои Олӣ (Сарвари давлат) Эмомалӣ  Раҳмонро дар саҳни корхона баланд бардоштанд. Синфи коргар ҳиссиёти наҷиби ояндабинӣ дорад. Онҳо ҳанӯз соли 1993 дарк карданд, ки танҳо ин абармарди поктинат метавонад  кишвари моро аз даргириҳо  ва ҷанги шаҳрвандӣ раҳо кунад.
Бозидидҳои Сарвари давлат аз корхонаи мо самтҳои асосии фаъолият ва дурнамои онро муайян намуд. Металлургчиён аз он миннатпазиранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаро сарвати миллии  Тоҷикистон эълон намуд. Ин дар замоне буд, ки силоҳбадастон ва душманони миллат тарҳи нобудшавии корхонаро кашида буданд.
Сарвари давлат дар як мулоқот бо аҳли корхона гуфта буд: «Ин корхона ифтихори саноати кишвар хоҳад шуд».
Баъдан дар чанд мулоқоту сафарҳои корӣ Сарвари давлат аҳамияти иқтисодӣ ва сиёсии корхонаро зикр карда, онро таҳти сарпарастӣ қарор доданд. Бо саъю талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳсҳои экологӣ, шикваҳои ҳамсояҳо, мушкилоти бунбасти коммуникатсионӣ аз байн рафтанд. Меҳнаткашони шаҳр медонанд, ки нуфузи корхона бо ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ баландтар гардид.
Яке аз омилҳои баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум коммуникатсия ва ташкили муассисаи нави саноатӣ мебошад. Бо туфайли саъю талоши Пешвои миллат танҳо дар даҳ соли охир қариб 200 киллометр роҳҳои замонавӣ, даҳҳо муассисаи саноатӣ дар шаҳри Турсунзода ба истифода дода шуданд. Шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода, корхонаҳои «Ноқили Талко» «Зарфҳои чинӣ» бо фарогирии ҷойҳои нави корӣ ба беҳдошти зиндагии мардум мусоидат намуданд.
Моҳи марти соли гузашта дар ҷашни 40 - солагии корхона Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  аз коргарон тақозо карданд, ки истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад. Корхона дар зарфи як сол 136 дегхонаи навро тармиму таҷдид намуда, суръати истеҳсолотро се баробар зиёд намуд.
Соли сипаришуда дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар рафти сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода сармашқи кори аҳли меҳнат гардида, барномаи ислоҳот ва тағйироти мусбатро ба бор овард. Барои мо аҳли заҳмати корхонаи азими саноатии кишвар боиси ифтихор аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо амри дилу виҷдони пок Президентро   чун ҳомӣ, асосгузори сулҳу ваҳдат, наҷотбахши миллат, поягузори рукнҳои давлатдорӣ ба унвони Пешвои миллат сазовор донистанд. Ин иқдом ормони дили мардум ва арзи садоқати асили шаҳрвандони кишвар буд.
Абдураҳмон ҲОМИДЗОДА,
директори идоракунандаи
КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2016    №: 13    Мутолиа карданд: 383

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед