logo

ҳуқуқ

РАИСИ СУД: «АРИЗАРО ХАТО НАВИШТӢ»

Соли 2003 ба нафақа баромадам. Он 12 сомониро ташкил медод. Бо ин нафақаи ночиз  пеш бурдани зиндагӣ мушкил буд. Бо маслиҳат ба сардори шуъбаи адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, М. Саидбеков муроҷиат намудам. Ӯ ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ оид ба ин масъала муроҷиат карда, ба ман арз намуд, ки мутобиқи қонун шумо метавонед ҳамчун соҳибкор 20 дарсади музди меҳнати дусолаатонро ба ҳисоби шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хоруғ гузаронед.
Аз соли 2004 ҳамчун соҳибкор дар асоси патент фаъолият намуда, ба бахши Агентии давлатии  суғуратаи иҷтимоӣ ва нафақаи  шаҳри Хоруғ андози иҷтимоии муқарраршударо бо ҳисоби умумӣ 1002 сомонӣ гузарондам. Албатта, ба ин умед, ки  чанд сомонӣ ҳам бошад, нафақаам зиёд шавад. Аз байн чор сол гузашту нафақаам зиёд нашуд. Ниҳоят косаи сабрам лабрез гардида, дар ин хусус ба суди иқтисодии шаҳри Хоруғ ариза пешниҳод кардам. Аз раиси суди иқтисодӣ Чоршанбе Соқиев ҷавоби аризаамро баъди як  сол, дақиқтараш 29 апрели соли 2010 гирифтам. Пас аз бевосита муроҷиат карданам ӯ ба котибааш супориш дод, то ҷавоби аризаро бинависад. Ҷавоби ариза ба ин мазмун буд, ки масъалаи зиёд кардани нафақа ба суд дахл надорад.
Маҷбур шудам, ки ба прокуратураи шаҳри Хоруғ  аризаи шикоятӣ нависам. Онҳо хостанд, ба суд муроҷиат намоям. 24 январи соли 2011 такроран ба раиси суд Чоршанбе Соқиев ариза пешниҳод кардам. Ду моҳ гузашту ҷавоби аризаамро надоданд. Назди раиси суд рафта, ҷавоби аризаро пурсон шудам. Аризаро бозпас доданд, бо баҳонаи он ки хато навиштаам. Дуруст навишта боз пешниҳод кардам. Пас аз се моҳ гуфтанд, ки ин кор аз ваколати суди иқтисодӣ берун аст.  Ҳамин  тавр, ин аризаам низ бенатиҷа монд. 18 ноябри соли 2012 аз нав ба суд муроҷиат кардам. Боз ҳам хомӯшӣ… Додамро ба кӣ гӯям!? 
Аз идора: Мақсад аз чопи маводи мазкур таъкид аст. Зеро дар аксар ҳолатҳо роҳбарони  масъули сохторҳои давлатӣ ба муроҷиати шаҳрвандон маҳз ҳамин хел – хунукназарона рафтор мекунанд. Ин хеле нодуруст аст…
Саидмир САИДМЕТАРОВ,
шаҳри Хоруғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2016    №: 13    Мутолиа карданд: 895

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед