logo

сиёсат

ПУШТИБОНОНИ СОБИҚ ҲНИТ МАВРИДИ ЭЪТИМОД НЕСТАНД

Тавре аз матбуот огоҳ шудем, 27-28-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон конфронси байналмилалии «Ваҳдати исломӣ» баргузор шуд. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатов, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода намояндагӣ намуданд. Ҷойи нигаронӣ буд, ки мақомоти Эрон раиси собиқ ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, ба ин ҳамоиш даъват ва дар канори намояндагони расмии кишвари мо шинонданд. Ин амали ғайридипломатӣ андешаеро тавлид кард, ки мақомдорони Эрон ва масъулони ҳамоиш паёме бо худ доранд, ки барои мо норӯшан аст.

Чунин бархӯрди кишвари ба мо дӯст хилофи оинҳои суннатӣ дар равобити ду кишвар аст, зеро Тоҷикистон солҳост, ки Эронро ба ҳайси шарики муҳими хеш меҳисобад. Мусаллам аст, ки дар кишвари мо, ба нақши Эрон дар амалӣ намудани лоиҳаҳои калонҳаҷме, назири неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 2» нақби мошингузари «Истиқлол» ва дигар пружаҳои дорои аҳамияти иқтисодӣ эҳтиром мегузоранд. Вале амалкарди ахири мақомдорони ин кишвар, ки бе ҳеҷ шубҳа огоҳона буд, Тоҷикистонро ҷиддан нигарон ва умед ба тавсеи равобити дӯстонаро ба шиддат коҳиш додааст. Ин рафтор ба маънои пуштибонӣ аз ҳизбест, ки дар Тоҷикистон амалҳои зиёди тахрибкорӣ анҷом додааст.
Мулло Абдураҳим Каримов, ки дар гузашта яке аз таъсисдиҳандагони ин ҳизб ба шумор мерафт ёддоштҳояшро чунин баён кардааст: «ҲНИТ аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии динӣ ҳаст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин шуда, аз ҳастии худ дар қаламрави Осиёи Миёна хабар дод. Яъне, ҲНИТ аз фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона, бисёре аз аъзо ва роҳбарони бахшҳои ҲНИТ, аз ҷумла банда дар бораи барномаи сиёсии пинҳони ҲНИТ огоҳӣ надоштем. Аслан ҳизб барои ислом бегона аст. Бунёд кардани ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон, ки қариб сад дар сади сокинони он мусулмон ҳастанд, худ тафриқа андохтан миёни мардуми кишвар мебошад. Аз ин ҷост, ки мардуми мусулмон, аз ҷумла рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИТ - ро намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобия дониста, фаъолияташро номашрӯъ ҳисобиданд. Аммо ҲНИТ иродаи мардуми мусалмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда бо кумаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. То имрӯз ин рақобати рӯҳониёни исломи асил бо ҲНИТ боқӣ мондааст ва онро онҳо эътироф намекунанд».
Мардуми тоҷик ба хубӣ медонанд, ки солҳои 90 - уми асри гузашта ҷонибдорони собиқ ҲНИТ дар як тарафи ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштанд. Дигар касе намехоҳад, ки он ҳодисаҳои нангину даҳшатбор дар мамлакат такрор шаванд. Аз ин рӯ, пазироии кишвари дӯст аз ҲНИТ барои мардуми мо ҳанӯз ҳам норушан боқӣ мемонад.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ 14 - уми январи соли ҷорӣ ҳангоми мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов таъкид намуд, ки «Оромиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз рушди ифротгароӣ дар минтақа хостаи мост. Мо, ҳамон гуна, ки дар солҳои гузашта ва дар шароити сахт бо ҳадафи ҳифзи оромиш ва ваҳдат дар канори миллат ва давлати Тоҷикистон будем, дар шароити ҳассоси кунунӣ ҳам барои муқобила бо рушди ифротгароӣ дар ин кишвар ва кули минтақа омодаи ҳамкорӣ ҳастем».
Умедворем, ки ҷониби Эрон тибқи ин гуфтаҳо амал намуда, ба арзишҳои дӯстиву ҳамзабонии мо эҳтиром мегузорад. Зеро тибқи суннати ниёгоннамон дӯст ҳеҷ гоҳ хилофи раъйи дӯст рафтор намекунад.
Хайрулло САЛИМЗОДА,
 сокини шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2016    №: 15    Мутолиа карданд: 625

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед