logo

фарҳанг

ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ 1066 КАДР НАМЕРАСАД

Солҳои охир бобати норасоии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг сару садоҳои зиёде боло шуда истодаанд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ таҳти унвони «Кадрҳои мо куҷо мешаванд?» матолиберо аз боби дар соҳаи худ ба кор нарафтани мутахассисон нашр намуд. Билохира, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки вазъияти омода намудани кадрҳо ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳоро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, миқдори дақиқи норасоии кадрҳоро муайян созад. Дар ин бора муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ибодулло Машрабов ҳини суханронии хеш дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳа махсус ҳарф зад.

Мутобиқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2016, дар ташкилоту муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои соҳавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 12996 нафар корманди соҳа фаъолият мекунад.
Чуноне муовини аввали вазири фарҳанг Ибодулло  Машрабов иттилоъ дод, норасоии кадрҳо дар муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ алҳол  1066 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ 94 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг фаъолият менамояд.  Соли гузашта ин муассисаҳоро 834 нафар хонандагон ва донишҷӯён хатм намуданд. Маълум мегардад, ки вазорат ҳатто аз ҳисоби мутахассисони дар муассисаҳои тобеи худ омоданамуда метавонад аз нисф зиёд эҳтиёҷот ба кадрҳои баландихтисосро қонеъ гардонад. Мутаассифона, дар соли гузашта танҳо 332 нафар хатмкунандаи муассисаҳои олии касбии соҳа бо кор дар муассисаҳои фарҳангии мамлакат таъмин гардиданду халос.
Дар натиҷаи таҳқиқоти гузарондаи раёсати илм ва омода намудани кадрҳои вазорат маълум гардид, ки ба таври умум, дар муассисаҳои фарҳангии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 7229 нафар корманд фаъолият дорад. Аз миқдори умумии кормандони соҳа танҳо 4998 нафар (38,5 дарсад) дорои маълумоти олӣ, 3341 нафар (26 дарсад) маълумоти миёнаи махсус ва 4657 нафар (36 дарсад) маълумоти миёна мебошанд. Аз маълумоти пешниҳодгардида равшан мешавад, ки аз нисф зиёди шумораи умумии кормандони соҳаро шахсони дорои танҳо маълумоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳанд.
Вазъият, асосан, дар минтақаҳо хеле ташвишовар аст. Зимнан, дар муассисаҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 855, вилоятҳои Хатлон - 2396, Суғд - 2167, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 1211 ва  шаҳри Душанбе 477 нафар корманд фаъолият менамоянд. Аз ин миён мутахассисони маълумоти олӣ ва миёнаи махсусдошта дар ВМКБ - 221, Хатлон - 1025, Суғд - 1213, шаҳру навоҳии тобеи марказ - 732, Душанбе - 244 нафарро ташкил медиҳад. Маълум мегардад, ки 3 мактаби олии соҳа - Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа  Сатторов, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи фарҳанг, санъат ва хореографии ҷумҳурӣ талаботи дар назари аввал ночизи соҳаро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин карда натавониста истодаанд. Барои мисол, соли гузашта танҳо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро 488 нафар донишҷӯи шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона хатм карда, тибқи тақсимоти давлатӣ дар шуъбаҳои фарҳанг ва китобхонаю бойгониҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба кор равона карда шуданд. Вале маълумоти дақиқ ҷиҳати дар соҳа кор кардан ё накардани онҳо вуҷуд надорад. Мусаллам аст, ки дар маҳалҳо онҳоро сабти ном намуда бошанд ҳам, бо иллати кам будани маош ва набудани шароити дурусти корӣ ба он ҷо ҳозир нашудаанд ё ҳозир шуда бошанд ҳам ба таври «сарам – дилам» фаъолият менамоянд.      
Миқдори ками кадрҳои маълумоти олӣ ва миёнаи махсусдошта дар ВМКБ ба назар мерасад. Дар ҳоле ки аксари донишҷӯ ва хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи махсуси соҳаро намояндагони ин минтақа ташкил медиҳанд. Маълум мешавад, ки бештари онҳо пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ ба навоҳии худ барои оғоз намудани фаъолияти корӣ намераванд. Дар аксари муассисаҳои соҳа таълими  буҷавӣ ҷорӣ шудааст ва бояд ҳатман баъди хатми донишкадаву коллеҷҳо хатмкардаҳои онҳо дар муассисаҳои соҳа фаъолият намоянд. Дар ин самт фаъолияти раёсату шуъбаҳои махсуси вазоратро ҷоннок намудан зарур аст. Бо чанд муроҷиати судӣ кор ҳал намешавад. Пасон, аз корманди тариқи суд ба кор ҷалбшуда оё метавон умеди нек дошт?  
Норасоии кадрҳо дар муассисаҳои фарҳангии ВМКБ - 111, вилоятҳои Хатлон - 202,  Суғд - 413, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 157 ва шаҳри Душанбе - 18 нафарро ташкил медиҳад. Чуноне, ки аз маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати фарҳанг маълум гардид, бештар аз ҳама вилояти Суғд ба кадрҳо ниёз дорад. Ҳол он ки сатҳи зиндагӣ дар ин минтақа нисбат ба дигар минтақаҳо болотар буда, шароити муассисаҳои фарҳангӣ беҳтар мебошад. 
Маблағгузории аксари муасси-саҳои фарҳангӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ мешавад. Вобаста ба ин, ҳар минтақа, албатта, бо назардошти қисмати даромади буҷет, ҳаққи хизмати кормандони соҳаро  муайян месозад. Дар натиҷа, маоши кормандони соҳаи фарҳанг дар минтақаҳои гуногун аз ҳам фарқ мекунанд.  Масъулони соҳаро зарур аст, ки меъёрҳои ягонаро барои кормандони соҳа таҳия намуда, ба тасвиб расонанд.
Маоши кам ва набудани шароити мусоиди корӣ танҳо як ҷиҳати мушкилӣ мебошад. Мушкили асосӣ набудани талабот ба фаъолияти чунин муассисаҳо ва мутахассисони он дар маҳалҳо мебошад. Имрӯзҳо муассисаҳои фарҳангии маҳалҳо хеле суст фаъолият менамоянд. Дар ҳоле ки мо аз гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бонги хатар мезанем, боре ҳам андеша намеронем, ки ҷавонони деҳот дар куҷо маърифати хешро боло бардоранд ва ба тарбияи баданашон машғул шаванд. Солҳои охир бозии футбол дар байни ҷавонон хеле вусъат ёфтааст. Вале аксари деҳот майдони варзишӣ надоранд. Умуман, кайҳо вақти он расидааст, ки барномаи рушди фарҳанг дар деҳот таҳия шуда, дар он беҳтар намудани базаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти онҳо ба нақша гирифта шавад.

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2016    №: 15    Мутолиа карданд: 640

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед