logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи фаъолияти бонкӣ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
1.Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти бонкӣ - аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) анҷом додани амалиёти бонкие, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст;
- низоми (системаи) бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии (кредитии) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;
- ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) – шахсони ҳуқуқие (бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ), ки мақсади асосиашон гирифтани фоида буда, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонк – ташкилоти қарзие (кредитие), ки ақаллан ҳуқуқи иҷрои се амалиёти зерин: ҷалби амонату пасандозҳо, додани қарз (кредит), кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкиро дорад;
- ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ – ташкилотҳои қарзие (кредитие), ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- бонки фаръӣ – бонке, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи он ба бонки дигар тааллуқ дорад;
- кормандони роҳбарикунанда – раиси ташкилоти қарзӣ (кридитӣ) ва муовинони ӯ, раиси раёсат ва аъзои дигари он, сармуҳосиби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), инчунин роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), аз ҷумла филиали бонки хориҷӣ;
- ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба ӯ тааллуқ дорад ё аз ҷониби ӯ назорат карда мешавад;
- ҷамъияти вобаста – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзиро  (кредитиро) назорат мекунад, ҳамчунин ҳар гуна шахси ҳуқуқии дигаре, ки аз тарафи ин шахси ҳуқуқӣ назорат карда мешавад, аз ҷумла шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба ин гурӯҳ дохил мешавад;
- ваколати назоратӣ аз болои шахси ҳуқуқии дигар – ваколатҳои шахсест, ки:
а) ба таври мустақим ё ғайримустақим, тавассути як ё якчанд шахс молик, назораткунанда ё дорандаи 25 фоиз ё бештар аз он саҳмияҳои овоздиҳанда ва ё ҳиссаҳои шахси ҳуқуқӣ бошад;
б) имконияти интихоби аксарияти роҳбарони шахси ҳуқуқиро дошта бошад;
в) дорои ваколати назоратии дигаре бошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст.
- филиал – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, аз номи он пурра ё қисман фаъолияти бонкиро иҷро менамояд ва бо ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) сармояи оинномавӣ ва тавозуни ягона дорад;
- филиали бонки хориҷӣ – воҳиди махсуси сохторӣ, ки аз ҷониби бонки хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст;
- намояндагӣ – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиатҳои онро ҳифз ва намояндагӣ мекунад ва ягон намуди фаъолияти бонкиро иҷро наменамояд;
- қарз (кредит) – маблағи пулие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба муштарӣ бо шартҳои мӯҳлатнокӣ, пардохти фоиз ва баргардонидан дода мешавад;
- амонат – маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷойгир карда шудаанд;
- пасандоз – маблағҳои пулие, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дода шудааст;
- резидент – шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои он, ки қароргоҳашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошанд;
- ғайрирезидент – шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии он, ки қароргоҳашон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошанд;
- шахси аз нигоҳи касбӣ коршоям ва боэътимод – шахси воқеие, ки:
а) бо ҳукми суд дар содир намудани ҷиноятҳои қасдона ё хусусиятҳои коррупсионидошта аз озодӣ маҳрум нашуда бошад, ба истиснои ҷиноятҳо, ки ба ақидаҳо ва амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд аст;
б) дар давоми ҳафт соли охир аз тарафи суд муфлис эълон нашуда бошад;
в) аз тарафи суд ё мақомоти салоҳиятдор аз ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти касбӣ барои кирдори ба ақида ва амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманднабуда маҳрум нагардидааст ё фаъолияти касбиаш боздошта нашуда бошад;
г) аз тарафи суд ё мақомоти салоҳиятдор аз нигоҳи касбӣ ҳамчун шахси барои роҳбарии шахси ҳуқуқӣ корношоям эълон нашуда бошад;
- ҳиссаи иштироки афзалиятнок - ҳиссаи иштироки бевосита ё бавоситаи шахсе, ки мустақилона ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон дорои зиёда аз даҳ фоизи сармояи оинномавӣ ё саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мебошад ё ҳиссаи иштироки афзалиятноке, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст;
- шахси вобаста – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:
а) корманди роҳбарикунанда;
б) аъзои оилаи корманди роҳбарикунанда;
в) шахс ва аъзои оилаи ӯ, ки дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорад ва ҳар гуна шахси ҳуқуқие, ки дар он шахс ё корманди роҳбарикунанда дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок мебошад;
г) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳиссаи иштироки афзалиятнок дошта, ҳангоми омодасозии ҳисоботи молиявии маҷмӯӣ ин шахси ҳуқуқӣ ва корманди роҳбарикунандаи он ба инобат гирифта намешавад;
- меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ) – меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ҳатмӣ мебошад ;
- форфейтинг - маблағгузории савдо бо роҳи баҳисобгирии векселҳо бидуни ӯҳдадории фурӯшанда;
- факторинг- маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Амалиёти бонкӣ ва дигар аҳдҳои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
1. Ба амалиёти бонкӣ инҳо тааллуқ доранд:
- ҷалби амонат ва пасандозҳо;
- додани қарзҳо (кредитҳо) (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:
а) қарзҳои (кредитҳои) истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;               
б) факторинг;
в) маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла форфейтинг;
- кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
- хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:
а) воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, ӯҳдадориномаҳо ва сертификатҳои амонатӣ);
б) асъори хориҷӣ;
в) воситаҳои қурбӣ ва меъёри фоизӣ;
г) саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
ғ) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;
- додани кафолат, баҳисобгирии ӯҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;
- хизматрасонии клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла: чекҳо, кортҳои пардохтии кредитӣ, дебетӣ ва ғайра, чекҳои сафарӣ, векселҳо, интиқолҳои электронӣ, дебет ва кредитҳои қаблан иҷозатшуда);
- миёнаравӣ дар бозори пулӣ;
- амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);
- хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
- ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар моддаи мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
- амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
- қабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо;
2. Тартиби гузаронидани амалиёте, ки дар қисми 1 моддаи мазкур номбар шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ғайр аз амалиёти бонкии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда, ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро ба амал бароранд:
- додани замонат, ки иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;
- иҷораи молиявӣ (лизинг);
- амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;
- хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;
- хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;
- хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ (кредитӣ).
4. Машғул шудани ташкилоти қарзӣ(кредитӣ) ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ аст.
Моддаи 4. Муносибати байни ташкилоти қарзӣ ва давлат
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат ва давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд.
2. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд.
3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дахолат кунанд.
4. Барои таъсиси ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), филиал ё намояндагии он дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи онҳо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб карда намешавад.
5. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз рӯи шартномаи махсуси дар асоси озмун басташуда метавонад супоришҳои ҷудогонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатиро иҷро кунад, бо маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ амалиёт ва ҳисоббаробаркуниҳо гузаронад. Чунин шартнома бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн, шарти назорати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин тартиби ҳисоббаробаркунии байниҳамдигариро пешбинӣ намояд.
Моддаи 5. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
1. Ташкилотҳои қарзӣ(кредитӣ) метавонанд бо мақсади ҳимояи манфиатҳои худ иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ғайритиҷоратӣ таъсис диҳанд.
2. Тавассути иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзии (кредитии) аъзо метавонанд фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, ба робитаҳои байни ташкилотҳои қарзии (кредитии) ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намоянд, дастовардҳои мутақобилаи илмӣ, иттилоотӣ ва касбиро дастраси ҳамдигар гардонанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти бонкӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд.

БОБИ 2. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ
Моддаи 6. Таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
1. Тартиби таъсиси ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд” ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
2. Бонкҳо, ба истиснои бонки давлатӣ, дар шакли ҷамъияти саҳомӣ таъсис меёбанд.
3. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 7. Иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ
1. Фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ (минбаъд - иҷозатнома) амалӣ мегардад.
2. Иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар шакли хаттӣ, бемӯҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти бонкиро бе иҷозатнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” анҷом диҳад.
4. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти бонкиро пайдо мекунанд.
5. Розигӣ барои оғози фаъолият ба филиали бонки хориҷӣ танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки бонки асосии он аз ҷониби мақоми дахлдори давлате, ки ин бонк дар он ҷойгир аст, зери танзим ва назорати маҷмӯии бонкӣ қарор дошта бошад.
6. Бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонки хориҷӣ тибқи талаботи нисбат ба бонкҳои ватанӣ муқаррарнамудаи қонунгузории бонкӣ таҳти танзим ва назорат қарор мегиранд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои ватанӣ чунин маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 8. Манъи фаъолияти бонкӣ
1. Ягон шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти бонкӣ бе иҷозатномае, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, машғул шуда наметавонад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барҳам додани шахси ҳуқуқиро, ки бе иҷозатнома амалиёти бонкӣ иҷро мекунад, талаб намояд.
3. Талаботи Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ намегардад:
- ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки фаъолияти онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” танзим мегардад;
- шахсоне, ки барои қарзи додаашон фоиз намегиранд;
- ташкилоти тиҷоратие, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) нест, ҳуқуқ дорад бе иҷозатнома интиқоли маблағҳои пулиро бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ (ба истиснои интиқолҳои почтавӣ) ҳамчун пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ дар сурати мавҷуд будани шартнома бо ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), иҷро намояд. Мутобиқи шартномаи басташуда ташкилоти тиҷоратӣ, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) нест ӯҳдадор мешавад, аз номи худ, аммо аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) интиқоли маблағҳои пулиро бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ (ба истиснои интиқолҳои почтавӣ) ҳамчун пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ ба суратҳисоби бонкии шахсе, ки чунин хизматрасониро (корро) иҷро менамояд, анҷом диҳад.
4. Калимаҳои “ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)”, “бонк”, “ташкилоти қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ” ё калимаҳои аз онҳо бавуҷудомада дар ҳар шакле, ки набошад, наметавонад нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода шаванд, ба истиснои чунин истифодабарие, ки мувофиқи қонун ё шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар ё эътироф шуда бошад ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода шудаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти бонкиро дар назар надорад. 
5. Намояндагӣ калимаҳои “ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)” ё калимаи “бонк”-ро дар номи худ набояд истифода барад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки калимаҳои “ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)” ё калимаи “бонк” қисми ҷудонопазири номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё бонки хориҷиеро ифода кунад, ки онҳо ба ӯ тааллуқ доранд ба шарте ки дар чунин ҳолатҳо калимаи намояндагӣ илова карда шавад.
6. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бояд инҳоро дошта бошад:
- номи расмӣ ва ихтисораи он, ки ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ишора мекунад;
- номгӯи фаъолият, ки ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст;
- мӯҳр, бо зикри номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бо забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ.
7. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳангоми баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома истифодаи номи ташкилоти қарзиро (кредитиро) манъ кунад, агар чунин ном аллакай дар Феҳристи сабти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)мавҷуд бошад.
Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд
1. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) пеш аз бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро бо забони давлатӣ пешниҳод намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд:
- нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ;
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳуҷҷат оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ коршоям ва боэътимод будани ҳар як корманди роҳбарикунанда;
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;
- маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;
- нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ - молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок барои се соли охир бо хулосаи аудиторӣ;
- рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;
- эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;
- нақшаи фаъолият бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла, тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли ояндаи фаъолият;
- барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳали ҷойгиршавии онҳо;
- маълумот оид ба маҳали ҷойгиршавии саридора ва ҳар гуна маҳалли дигари воқеъ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкӣ амалӣ карда мешавад;
- ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;
- ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмӯии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад вобаста ба баррасии дархост иттилооти дигари иловагиро талаб намояд.
Моддаи 10. Тартиби додани иҷозатнома
1. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати то се моҳ аз рӯзи қабули дархост ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар хусуси ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ будан ё набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулосаи худро медиҳад.
2. Бо мақсади таҳияи хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, маълумоти иловагии заруриро аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), мақомоти дигари давлатӣ ва мақоми назоратии хориҷии дахлдор дархост менамояд.
3. Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз санаи аз қайди давлатӣ гузаштани ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба вай иҷозатнома медиҳад.
4. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо ба мӯҳлати то ду моҳ тамдид намуда, дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор мекунад.
5. Дар сурати манфӣ будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ба дархосткунанда дар хусуси радкунии додани иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин ҳолат ҳаққи хизмати баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома баргардонида намешавад.
6. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботеро, ки ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани иҷозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани  иҷозатнома ба ташкилоти карзӣ (кредитӣ) бо назардошти асосҳои зерин қарор қабул мекунад:
- қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
- қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;
- ба талаботи шахсони аз назари касбӣ коршоям ва боэътимод ҷавобгӯ будани моликон, шахсони дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва кормандони роҳбарикунанда;
- ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷорӣ, молиявӣ ва ташаккули сармояи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои иҷрои ӯҳдадориҳо;
- мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;
- воқеӣ будани нақшаи фаъолият;
- тасмими ташкилоти карзӣ (кредитӣ) дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ;
- амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмӯӣ.
8. Баъд аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар муддати як моҳ аз таърихи қабули қарори мазкур маблағи ҳадди ақалли сармояи оинномавиро ворид намуда, маблағи пардохт барои додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон мепардозад. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иҷро кардани шартҳои мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рӯзи корӣ ба вай иҷозатнома медиҳад.
9. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.
10. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) минбаъд дар хусуси ҳама гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшуда дахл доранд, Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.
Моддаи 11. Таъсиси филиал ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилотҳои қарзии (кредитии) ватанӣ
1. Ташкилотҳои қарзии (кредитии) ватанӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Ташкилотҳои қарзии (кредитии) ватанӣ бо ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:
- нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгӯи амалиёти бонкии ба филиал иҷозатдодашуда;
- маълумоти муфассал дар бораи кормандони роҳбарикунанда мутобиқи талаботи Қонуни мазкур.
2. Масъалаи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиал аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ баррасӣ карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон барои оғози фаъолияти филиал дар ҳолатҳои зерин розигӣ намедиҳад:
- ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал; 
- мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти филиал ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон; 
- аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) риоя нагардидани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳатмии иқтисодии Бонки миллии Тоҷикистон.
4. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар хусуси бастани филиалҳои худ бояд Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор намоянд.
5. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохториро (марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, нуқтаи мубодилаи асъор ва ғайра) бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
6. Воҳидҳои сохтории мазкур аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) амалиёти алоҳидаи бонкиеро иҷро мекунанд, ки номгӯи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 12. Таъсиси филиали бонки хориҷӣ
1.Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба бонки хориҷӣ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал бо мақсади анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ розигӣ диҳад.
2. Дархост барои гирифтани розигӣ аз ҷониби бонки хориҷӣ дар шакли хаттӣ бо забони давлатӣ, ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳои зерин ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад:
- қарори бонки хориҷӣ оид ба таъсиси филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавии бонки хориҷӣ ва филиали навтаъсиси он;
- номгӯи амалиёти бонкие, ки бонки хориҷӣ анҷомдиҳии онҳоро ба филиал иҷозат додааст;
- маълумотнома бо зикри ному насаб, миллат, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, дараҷаи маълумотнокӣ, маълумоти муфассал оид ба собиқаи корӣ барои ҳар як корманди роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳисоботи молиявии се соли охири бонки хориҷӣ бо хулосаи аудиторӣ;
- рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳои бонки хориҷӣ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ, миқдори саҳмияҳо ва нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии саҳмиядорон;
- эъломияи хаттии корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;
- нақшаи фаъолият, ки мақсадҳои корӣ ва намудҳои фаъолиятро пешбинӣ кардааст, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои суратҳисобҳои тавозунӣ, суратҳисобҳои даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли минбаъдаи фаъолият;
- маълумотнома оид ба маҳалли ҷойгиршавии филиал;
- ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;
- розигии хаттии мақоми назорати бонкии давлате, ки дар он бонки хориҷӣ таъсис ёфтааст, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдиҳии филиал ва анҷомдиҳии назорати бонкии маҷмӯии фаъолияти бонки хориҷӣ;
- кафолати мақоми олии идоракунии бонки хориҷӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои филиал, ки аз амалиёти бонкии дар иҷозатнома пешбинишуда бармеоянд. Навъи асъор ва ҷои нигоҳдории маблағи чунин кафолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ номгӯи ҳуҷҷатҳои иловагии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбининашударо муқаррар намояд.
Моддаи 13. Таъсиси намояндагии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои кушодани намояндагӣ вазифадор аст розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад.
2. Барои кушодани намояндагӣ ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- қарори мақоми дахлдори ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар бораи кушодани намояндагӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқи хаттии мақоми назорати бонкии давлати дахлдор дар бораи он, ки ташкилоти қарзии (кредитии) хориҷии дархосткунанда барои иҷрои амалиёти бонкӣ иҷозатнома дорад.
3. Дархост дар бораи додани розигӣ барои кушодани намояндагӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Хусусияти таъсиси филиал, намояндагӣ ва бонки фаръии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ташкилоти қарзии ватанӣ бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал , намояндагӣ ё бонки фаръӣ таъсис диҳад.
2. Ташкилотҳои қарзӣ доир ба ҳар гуна тағйирот вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ё қатъи фаъолияти филиал, намояндагӣ ё бонки фаръии худ Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.
Моддаи 15. Сабти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
1. Бонки миллии Тоҷикистон пешбурди Феҳристи ташкилотҳои қарзиро (кредитиро) анҷом медиҳад.
2. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) маълумоти зерин дарҷ мегардад: ном, маҳали ҷойгиршавӣ, рақами шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии филиал, санаи додан ва бекор кардани онҳо, рақами иҷозатнома, санаи додан ва бозхонди он.
3. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) маълумоти дигари иловагӣ дарҷ карда мешавад, агар онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур шуморад.
4. Рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва намуди иҷозатномаро дар бар мегирад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи январ дар васоити ахбори умум нашр карда мешавад.
5. Ҳар гуна тағйирот дар рӯйхати ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар давоми сол рух медиҳад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам дар васоити ахбори умум нашр карда мешавад.
Моддаи 16. Ҳаққи хизмат ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои баррасии дархости гирифтани иҷозатнома барои бонкҳо ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи хизмат ва барои додани иҷозатнома ба маблағи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ ба маблағи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи хизмат ва барои додани иҷозатнома ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ меситонад.
Моддаи 17. Қатъи ихтиёрии амалиёти бонкӣ
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) наметавонад амалиёти худро бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон ихтиёран қатъ намояд.
2. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  пас аз гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон барои қатъи ихтиёрии амалиёт, бо пешниҳоди дархости хаттӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати бозхонди иҷозатнома, метавонад барҳам дода шавад. 
3. Иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон то он вақт бозхонда намешавад, ки агар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон, кредиторон ва кормандонаш пурра иҷро накарда бошад.
Моддаи 18. Бозхонди иҷозатнома
1. Иҷозатнома метавонад танҳо бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабабҳои зерин бозхонда шавад, агар:
- ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар давоми 12 моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани иҷозатнома ба фаъолияти бонкӣ машғул нашуда бошад ё зиёда аз 6 моҳ фаъолияти бонкиро қатъ карда бошад;
- амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;
- ташкилоти қарзӣ қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ё ҳар гуна шарту талаботи иҷозатномаро тавре вайрон кунад, ки ин ба устувории молиявии вай таъсири назаррас расонад;
- ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), бонки хориҷӣ, ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки бонкҳо ва ташкилотҳои  қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм иштирок карда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд;
- дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кӯчонидани ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) монеаҳо пайдо шаванд;
- бо сабаби аъзои гурӯҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё бо сабаби он ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷамъияти фаръии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мебошад, ки ба таври қобили қабул назорат карда намешаванд, ба гузаронидани назорати бонкӣ монеаҳо пайдо шаванд;
- мақоми хориҷии назоратии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкии ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, барои бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст дар ҳолатҳои зерин иҷозатномаро аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бозхонд намояд:
- ҳангоми дар асоси қарори суд муфлис эълон гардидани ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);
- агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ гирифта шуда бошад;
- мутобиқи қисми 2 моддаи 17 Қонуни мазкур.
3. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома мутобиқи моддаи мазкур дар шакли хаттӣ бароварда шуда, асосҳоеро дар бар мегирад., ки аз рӯи онҳо қарор қабул шудааст.
4. Қарор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рӯзи қабули он ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дода мешавад. Қарор дар рӯзи ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) супурдани он эътибор пайдо мекунад, агар дар қарор муддати дигари эътибор пайдо кардан муқаррар нагардида бошад, ки он аз 30 рӯз зиёд буда наметавонад.
5.Талаботи иҷро кардани ин қарор барои бонки хориҷӣ аз ҷониби филиал ё намояндагии он, ки ба вай ин қарор ирсол шудааст, иҷро карда мешавад.
6. Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.
7. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рӯзи қабули он дар васоити ахбори умум нашр карда мешавад.

БОБИ 3. Сармоя
Моддаи 19. Сармояи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) 
1. Сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо пули миллӣ ташаккул меёбад.
2.Ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои ташкилоти қарзии (кредитии) навтаъсис аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ муқаррар мегардад.
3. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) амалкунанда ҳадди ақалли сармояи танзимшавандаро муқаррар мекунад.
4. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ва ҳадди ақалли сармояи танзимшаванда дар муддати 90 рӯзи пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода мешавад.
5. Барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) навтаъсис – бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, татбиқ мегардад.
6. Сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ, ки барои гирифтани мақоми бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, бояд аз ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки барои бонки навтаъсис дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, кам набошад.
7. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба назорати бонкӣ муқаррар мекунад.
8. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) наметавонад сармояи худро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ, грантҳое, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд (ба истиснои ташкилоти қарзии давлатӣ),  воситаҳои ҷалбшуда ва қарзӣ (кредитӣ) ташкил ва пурра намояд.
9. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) наметавонад даромади софи худро ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия байни саҳмиядорони худ тақсим кунад, агар ин гуна амал боиси аз андозаи ҳадди ақал камшавии сармояи танзимшаванда гардад.
10. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) наметавонад даромади софи худро то пӯшонидани ҳамаи хароҷоти марбут ба  таъсисёбии худ дар байни саҳмиядорон ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия тақсим намояд.
Моддаи 20. Меъёри дороиҳои софи дохилӣ барои филиалҳои бонкҳои хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои филиалҳои бонкҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда меъёри барзиёдии дороиҳо нисбат ба ӯҳдадориҳояшонро дар назди резидентҳо муқаррар мекунад.

БОБИ 4. Идоракунии ташкилотҳои қарзӣ
Моддаи 21. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ
1. Тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд” ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
2. Идоракунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ мегардад:
- мақоми олии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) - маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён);
- мақоми идора - Шӯрои нозирон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад;
- мақоми иҷроия, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
3. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии (кредитии) давлатӣ ва ваколатҳои онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Қонуни мазкур муайян менамояд.
4. Шӯрои нозирон барои муайян ва татбиқ кардани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) масъул мебошад. Шӯрои нозирон стандартҳои идоракунии хавфҳо, сиёсати сармоягузорӣ, меъёрҳои ҳадди ақалли мақбули (пруденсиалии) дохилӣ ва низоми назорати дохилии ташкилоти қарзиро (кредитиро) муқаррар менамояд.
5. Ҳайати Шӯрои нозирон наметавонад камтар аз панҷ нафар бошад. Аъзои Шӯрои нозирон ба мӯҳлати 4 сол дар маҷлиси умумии саҳмиядорон интихоб мегарданд. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд дар давраҳои минбаъдаи мӯҳлаташон баробар аз нав интихоб шаванд.
6. Шӯрои нозирон метавонад ҳам аз ҳисоби саҳмиядорон, аз ҷумла муассисон ва ҳам аз ҳисоби дигар мутахассисон - коршиносони даъватшаванда, ки дорои таҷрибаи касбии дахлдор мебошанд, интихоб гарданд. Шӯрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шӯроро интихоб мекунад.
7. Аъзои Шӯрои нозирон бояд:
- дорои қобилияти ҳуқуқӣ, соҳиби салоҳияти корӣ буда, шахсони аз назари касбӣ коршоям ва боэътимод бошанд;
- дорои маълумоти олӣ бошанд;
- дар ягон ташкилоти қарзии (кредитии) дигар, ба истиснои ҷамъиятҳои вобаста кор накунанд;
- роҳбар, муовини роҳбар, сардори воҳиди сохтории мақомоти давлатӣ набошанд.
8. На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ таҷрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд.
Моддаи 22. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)
1. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз ҷониби мақоми иҷроияи он - Раёсат (мақоми машваратии иҷроия) ё Раиси ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) (мақоми инфиродии иҷроия) ё Раёсат ва Раиси ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) амалӣ мегардад. Яке аз намудҳои мазкури мақоми иҷроия аз ҷониби Шӯрои нозирон интихоб гардида, таъсис дода мешавад. Агар Раёсат ва Раиси ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар як вақт ҳамчун мақоми иҷроия таъсис дода шаванд, пас Раис вазифаи раиси Раёсатро иҷро менамояд.
2. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон ва идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) масъул мебошанд.
3. Бо назардошти талаботи қисми 5 моддаи мазкур, Шӯрои нозирон Раис ва ё аъзои Раёсати ташкилоти қарзиро (кредитиро) таъин (интихоб) менамояд.
4. Узви Раёсати ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) наметавонад узви Шӯрои нозирон интихоб гардад. Раиси Шӯрои нозирон наметавонад Раиси ташкилоти қарзӣ таъин карда шавад.
5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- шахси аз нигоҳи касбӣ коршоям ва боэътимод;
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, салоҳият, таҷрибаи зарурӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар низоми бонкӣ, ки на камтар аз се соли он ҳамчун роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бошанд;
- доштани дониши кофӣ оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
- корманди ташкилоти қарзии (кредитии) дигар набошанд;
- дар ҳамин ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) пурра кор кунанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.
Моддаи 23. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунада
1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) баъди гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба вазифа таъин карда мешаванд.
2. Муовинони раис, сармуҳосиб, роҳбарон ва сармуҳосибони филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) аз ҷониби Раиси ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар мувофиқа бо Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба вазифа таъин карда мешаванд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон баъди муайян кардани мувофиқати номзадҳо ба вазифаи корманди роҳбарикунанда тибқи талаботи қисми 5 моддаи 22 Қонуни мазкур, аз ҷумла тавассути гузаронидани санҷиши тахассусии онҳо ба таври хаттӣ розигӣ медиҳад. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Ташкилотҳои қарзӣ дар бораи аз кор озод кардани кормандони роҳбарикунанда бо зикри сабабҳои он дар давоми се рӯзи корӣ аз санаи озодкунии онҳо Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ мекунанд.
5. Корманди роҳбарикунанда, ки мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо талаби Бонки миллии Тоҷикистон аз вазифа барканор шудааст, наметавонад минбаъд узви Шӯрои нозирон, корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии (кредитии) дигар интихоб ва таъин шавад.
6. Раис, муовинони ӯ, сармуҳосиби ташкилоти қарзие (кредитие), ки иҷозатномааш бозхонда шудааст, наметавонанд минбаъд корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии (кредитии) дигар таъин шаванд.
7. Шахсони дар боло зикрдшуда метавонанд баъд аз панҷ соли аз вазифа барканор шуданашон бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон аз нав ба вазифаи узви Шӯрои нозирон интихоб ва ба вазифаи корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) таъин шаванд.
Моддаи 24. Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилоти  қарзӣ (кредитӣ)
1. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бояд Кумитаи аудит таъсис диҳад. 
2. Аъзои кумита ва Раиси он аз ҷониби Шӯрои нозирон ба мӯҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд.
3. Раиси Шӯрои нозирон, Раиси ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё аъзои Раёсати ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд.
4. Кумитаи аудит дар назди Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) амал карда, дорои ваколату ӯҳдадориҳои зерин мебошад:
- баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);
- додани тавсия барои таъини аудитори берунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мутобиқи моддаи 45 Қонуни мазкур;
- баррасии ҳисоботи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва ба Шӯрои нозирон хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда то аз ҷониби он маъқул донистани ҳисоботи молиявӣ;
- талаб кардани ҳисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);
- мониторинги мутобиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба қонунҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Шӯрои нозирон;
- баррасии ҳисоботи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;
- гузориш оид ба ҳар гуна масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;
- баррасии амалиёт ва аҳдҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит қабул кардааст, мутобиқи дархости Шӯрои нозирон, дархости саҳмиядорони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаро соҳибанд ё тавре ки инро оинномаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) муқаррар кардааст;
- ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳоди ҳисобот дар маҷлиси умумии саҳмиядорон оид ба фаъолияти худ.
5. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул мешаванд. Ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.
6. Дар ташкилоти қарзӣ хадамоти аудити дохилӣ амал менамояд, ки ба он сараудитори дохилӣ роҳбарӣ менамояд.
7. Сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бояд ба талаботи қисми 5 моддаи 22 Қонуни мазкур ҷавобгӯ бошад.
Моддаи 25. Ифшо кардани манфиатҳои шахсӣ
1. Корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд бо таври хаттӣ ба Шӯрои нозирон оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ ва аҳли оилааш маълумот диҳад.
2. Агар масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Шӯрои нозирон ё дигар кумита ё гурӯҳи кории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки ҳуқуқи қабули қарорро доранд, гузошта шавад, корманди роҳбарикунанда, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онҳоро ифшо карда, дигар дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ӯ сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин корманди роҳбарикунанда ба ҳисоб гирифта намешавад.
Моддаи 26. Тартиби хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок
1. Хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ҳар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) харидорӣ намояд, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ манзур менамояд.
3. Дархост дар бораи хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок инҳоро дар бар мегирад:
- ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷои доимии истиқомат, фаъолияти корӣ ё касби ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок; 
- маълумотнома барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;
- дар ҳолате ки агар шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ  ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз  аудит гузаштааст;
- номгӯ ва маҳали ҷойгиршавии ҳар намуди фаъолияте, ки дар он ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок соҳиби ҳисса мебошад, бо нишон додани андозаи ҳисса;
- шартҳои харидани ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
- манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои харидорӣ истифода мешаванд;
- ҳар гуна нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);
- дигар маълумоте, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб кунад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии моликро ба устувории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгорони моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост ба дархосткунанда ё дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ ё радкунии дархост ҷавоб медиҳад. Ҳангоми радкунӣ асоси он бояд нишон дода шавад.
5. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мӯҳлати зикршуда хабар надиҳад, пас ин маънои додани розигӣ барои хариду фурӯши ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳангоми баъдан ошкор кардани ғайриқаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва обрӯю эътибори моликон бекор кардани ин аҳдро талаб намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолате дархостро маъқул намешуморад, агар вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳо, боэътимодии ҳар як шахси харидори бевосита ё бавоситаи ҳисаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шаванд ё агар ин харидорӣ рақобатро то андозае маҳдуд карда, устувории молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё манфиатҳои амонатгузорон ё ташкилоти қарзиро (кредитиро)  зери хатар гузорад.
7. Ҳар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  то ба 10, 20, 33, 50 ё 75 фоизи сармоя ё мутаносибан ба ҳамин ҳиссаи саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  ё аз он зиёд намояд, бояд на кам аз 30 рӯз пеш Бонки миллии Тоҷикистонро бо таври хаттӣ огоҳ намояд. 
8. Ташкилоти қарзие (кредитие), ки аз пешниҳоди хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабардор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ мефиристад.
9. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати хабардор шуданаш аз он, ки моликони вай аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахсони аз нигоҳи касбӣ коршоям ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ мекунад.
Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
1. Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) танҳо бо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) қабл аз азнавташкилдиҳӣ дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯз пеш дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости пешакӣ фиристода, маълумоти заруриро ирсол мекунад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ, идоракунӣ ва дурнамои фаъолияти ташкилотҳои қарзии (кредитии) амалкунанда ва навтаъсис баҳо дода, то ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҷавобгӯ нагардидани ташкилоти қарзии (кредитии) навтаъсис ба дархости онҳо розигӣ намедиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон ба амали дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, дар ҳолати риоя нашудани талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ низ розигӣ намедиҳад.

БОБИ 5. Танзими фаъолияти
ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
Моддаи 28. Қоидаҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)
1. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)  фаъолияти худро устуворона ва оқилона, мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, меъёрҳои байналмилалии идоракунии корпоративӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
2. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бояд:
- кифоятии сармоя ва пардохтпазириро нигоҳ доранд;
- ҳангоми пастшавии арзиши дороиҳо, пардохти ӯҳдадориҳои қарзӣ ва зиён ба андозаи кифоя захира ва фонди талафоти имконпазирро аз рӯи дороиҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил кунанд;
- ҳисобдории мувофиқ ва дигар баҳисобгириро ба роҳ монанд;
- назорати мукаммал ва самаранокро аз рӯи хавфҳо амалӣ намоянд;
- дороиҳои худро вобаста аз хавфи зиён мураттаб созанд.
3. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) набояд сохторҳои гурӯҳиеро, ки ба амалӣ кардани назорати босамар монеъ мегарданд, ташкил кунанд. Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳоро барои ҷамъияти вобастаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), аз ҷумла талабот ба аҳдҳои байни ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва ҳар гуна ҷамъиятҳои вобастаи онро, ки ҳангоми таҳия ва ҷамъбасти ҳисоботи молиявии маҷмӯӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд, муқаррар мекунад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон талаботеро, ки мутобиқи меъёрҳои боби мазкур барои ташкилотҳои қарзии (кредитии)  ватанӣ муқаррар шудаанд, нисбат ба филиалҳои бонкҳои хориҷӣ низ татбиқ менамояд.
5. Агар ба раиси ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) маълум гардад, ки сармояи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз ҳадди ақали аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррарнамуда кам гардидааст, ӯ бояд дар ин хусус дар шакли хаттӣ фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад.
Моддаи 29. Меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ)
1. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) меъёрҳои мақбули (пруденсиалии) зерин муқаррар карда мешаванд:
- ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии)  ғайрибонкии навтаъсис;
- ҳадди ақалли сармояи танзимшаванда барои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкии амалкунанда;
- андозаи ниҳоии  қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ;
- андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;
- меъёри кифоятии сармоя;
- меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;
- меъёри хавфҳои асъорӣ, фоизӣ ва ғайра;
- меъёри истифодаи маблағҳои худии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ барои харидани cаҳмияҳои (ҳиссаҳои) шахсони ҳуқуқӣ;
- андозаи ниҳоии қарзҳо (кредитҳо), кафолатҳо ва замонатҳое, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ ба саҳмиядорони (иштирокчиёни) худ додаанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи пешқадам ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар намуда, ҳангоми амалӣ намудани назорат онҳоро истифода мекунад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи мутобиқи меъёрҳои боби мазкур муайяншударо, ки нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва бонкҳои фаръии онҳо дар заминаи назорати ҳамаҷонибаи маҷмӯӣ татбиқ мегарданд, муқаррар мекунад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои мақбули дигарро, ки дар амалияи байналмилалии танзими фаъолияти бонкӣ истифода мешаванд, муқаррар намояд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба меъёри фоизӣ, мӯҳлати пардохт ва дигар шартҳои қарздиҳӣ (кредитдиҳӣ) ва ҷалби маблағҳо (аз ҷумла, амонат) ё ӯҳдадориҳои ғайритавозунӣ низ талабот муқаррар намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои тафриқашудаи идоракунии хавфҳо ва тартиби ҳисобкунии онҳоро аз рӯи намудҳои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар намояд. 
7. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳо ва тартиби ҳисобкунии онҳо на пештар аз се моҳи баъди қабули он эътибор пайдо мекунад.
8. Ташкилоти қарзӣ сиёсати дохилии худро бо риояи ҳадди ақал ва ниҳоии хавфҳо, қоидаҳои идоракунии хавфҳо, сиёсати сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ (кредитдиҳӣ), инчунин дигар меъёрҳои мақбули танзими сармоя, дороиҳо, суратҳисобҳои ғайритавозунӣ ва захираҳо пеш мебарад.
9. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) сиёсати дохилии идоракунии меъёрҳои мақбулро дар самтҳои зерин таҳия ва амалӣ менамояд:
- дороиҳои пардохтпазир нисбат ба дороиҳои умумӣ ё  ӯҳдадориҳо ва ё тағйирёбии онҳо (аз ҷумла, кафолатҳо ва гарави гирифташуда), ба шарте ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳуқуқи дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории қисме аз дороиҳои пардохтпазири худро дошта бошад;
- ҳадди ниҳоии қарзҳо (кредитҳо) ва сармоягузориҳо ё қисме аз онҳо;
- тасниф ва баҳогузории дороиҳо, ташкили захира ва фонди талафоти имконпазири дороиҳо дар заминаи чунин тасниф ва баҳодиҳӣ, инчунин муқаррар кардани мӯҳлате, ки бо мурури он даромад аз фоизи қарзҳои пардохтнашаванда наметавонад ҳамчун даромад ҳисобида шавад, ба истиснои даромад бо пули нақд;
- шартҳои қабули амонат, пасандоз ва додани қарз (кредит), аз ҷумла мӯҳлат ва фоизи онҳо;
- мамнуиятҳо, маҳдудиятҳо ё шартҳои дигари вобаста ба:
а) навъи қарзҳо (кредитҳо), сармоягузориҳо ва ӯҳдадориҳо, мутобиқати дороиҳо ва ӯҳдадориҳо аз рӯи мӯҳлат ва фоизи онҳо, инчунин дороиҳо ва ӯҳдадориҳои шартӣ;
б) мавқеи кушода:
- бо асъори хориҷӣ, металлу сангҳои қиматбаҳо; 
- воситаҳои қурбӣ ва меъёри фоизӣ;
- саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
- қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳои ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахлдошта, ки хавфи онҳо суғурта нашуда, аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд мебошад.
Моддаи 30. Хавфҳои қарзи калон
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин қарз намедиҳад, агар:
- маблағи умумии бақияи қарзҳои (кредитҳои) асосии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба ин шахс аз панҷ  фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) зиёд шавад, ба истиснои ҳолате ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) розигии пешакии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гирифта  бошад;
- маблағи умумии бақияи қарзҳои (кредитҳои) асосии калони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба ин шахс аз бист фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) зиёд бошад;
- маблағи умумии бақияи қарзҳои (кредитҳои) асосии калони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз андозаи секаратаи маблағи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) зиёд бошад.
2. Маҳдудиятҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ба маблағи асосии қарзе (кредите), ки бо гарави зудфурӯш пурра таъмин шудааст, дахл надорад, агар дар натиҷаи додани чунин қарз (кредит) бақияи қарзҳои (кредитҳои) асосии таъминшудаи он ба шахси қарзгир (кредитгир) аз понздаҳ фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) зиёд бошад.
3. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нисбат ба аҳдҳои зерин татбиқ намегардад:
- аҳдҳои бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё таҳти кафолати он басташуда;
- аҳдҳои байни ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки мӯҳлати пардохташон як сол ё камтар аз он мебошад.
4. Бо мақсади татбиқи моддаи мазкур муқаррар карда мешавад, ки шахси дар ин модда зикршуда шахсест, ки бо шахси дигар бевосита ё бавосита тавре вобаста аст, ки устувории молиявии яке аз онҳо метавонад ба устувории молиявии дигарӣ ё дигарҳо таъсир расонад, ё ҳамон омилҳо метавонанд ба устувории молиявии якчанд нафар ё ҳамаи онҳо таъсир расонанд ё вобаста аз муносибатҳои онҳо шахси дигар воқеан барои баргардонидани қарз (кредит) дар назди ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷавобгар бошад.
Моддаи 31. Қарз (кредит) ба шахси вобаста
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) наметавонад ба шахси вобаста қарз (кредит) диҳад, агар:
- қарз (кредит) ва шартҳои он аз ҷониби Шӯрои нозирон ё дар ҳолати филиали бонки хориҷӣ будан, аз тарафи роҳбари он маъқул дониста нашавад;
- фоизи қарз (кредит) аз меъёри фоизии бозории барои чунин қарзҳо амалкунанда пасттар бошад;
- қарзи (кредити) ба корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) додашуда, аз ҷумла ҳар гуна қарзи (кредити) аз тарафи як ё якчанд бонки фаръии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) додашуда аз сӣ фоизи даромади солонаи ин шахс зиёд бошад;
- маблағи умумии ҳамаи қарзҳои ба шахсони вобаста додашуда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) зиёд бошад.
2. Маҳдудиятҳои фоизии мазкур ба қарзе (кредите), ки бо гарави  ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида таъмин мебошад ва арзиши он на камтар аз яксаду сӣ фоизи маблағи қарзи (кредити) асосиро ташкил медиҳад, татбиқ намегарданд.
3. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар хусуси ҳар як қарзе (кредите), ки ба шахси вобаста дода мешавад, фавран ба Кумитаи аудити худ хабар медиҳад. Агар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) қарзро (кредитро) ба шахси вобаста бо риоя накардани шартҳои қисми 1 моддаи мазкур диҳад, он гоҳ чунин қарз (кредит) бояд фавран баргардонида шавад. Аъзои Шӯрои нозирон ё роҳбари филиали бонки хориҷӣ вобаста аз вазъу ҳолати мавҷуда барои пардохти қарзи (кредити) асосӣ, фоиз ва дигар хароҷот оид ба ҳар як қарзе (кредите), ки бо огоҳӣ ва розигии онҳо бо риоя накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур дода шудааст, масъулияти шахсӣ ва муштаракро ба зимма доранд.
Моддаи 32. Хавфи асъорӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои ҳадди ниҳоии мавқеи кушодаи асъорӣ ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзие (кредитие), ки дорои ҳуқуқи гузаронидани  амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷиро доранд, муқаррар менамояд.
Моддаи 33. Маҳдудияти сармоягузорӣ
1.Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад сармоягузориро бо роҳи хариди саҳмияҳо, вомбаргҳои ба сармоя алоқаманд ва ҳар гуна коғазҳои қиматноки дигар ба андозаи зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандааш  анҷом диҳад. Дар ҳолатҳое ки чунин сармоягузорӣ зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаро ташкил диҳад, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  ӯҳдадор аст ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди харидории чунин коғазҳои қиматнок онҳоро фурӯшад.
2. Мӯҳлати мазкур бо дархости ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон метавонад боз то як сол тамдид карда шавад.
3. Ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) молик шудан ба саҳмияҳои дигар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бе гирифтани розигии пешакии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба истиснои саҳмияҳое, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шудааст. Дар ин ҳолат агар Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои нигоҳдории саҳмияҳои мазкур розигӣ надиҳад, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) саҳмияҳоро ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат, дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданашон мефурӯшад. 
4. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳуқуқ надорад соҳиби амволи ғайриманқул гардад, ба истиснои амволи ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст, ҳамчунин амволи ғайриманқуле, ки дар натиҷаи додани қарзҳои (кредитҳои) ипотекӣ ба даст овардааст.
5. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадор аст ҳар гуна амволи ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба моликияташ гузаштааст, ба ғайр аз ҳолатҳои қарзҳои ипотекӣ, ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат, дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурӯшад.
6. Мӯҳлати мазкур бо дархости ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон метавонад то ду соли дигар тамдид карда шавад.
7. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳар гуна қисми зиёдатии амволи ғайриманқулро ба иҷора дода метавонад, ба шарте ки он ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) халал нарасонад.
8. Ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) харидани саҳмияҳои ҷамъияти хориҷӣ (ғайрирезидент) бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шуда бошад.
Моддаи 34. Реҷаи кории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)
1. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар давоми соатҳои кории аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда ба муштариён хизмат мерасонанд.
2. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариён Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар хусуси боз доштани кор ва қатъи амалиёт супориш диҳад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) танҳо бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон аз нав ба кор шурӯъ карда метавонанд.
Моддаи 35. Аҳдҳои шубҳанок
1. Агар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) огаҳӣ ёбад, ки иҷрои ҳар гуна аҳд, гирифтан ё пардохти ҳар гуна маблағи пулӣ ба ягон ҷиноят ё амали ғайриқонунӣ дахл дорад ё метавонад дахл дошта бошад, он гоҳ вай вазифадор аст фавран дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳад.
2. Аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) холисона ифшо намудани маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда вайронкунии талаботи сирри бонкӣ ҳисоб нашуда, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва Бонки миллии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгар намебошанд. 
Моддаи 36. Маҳдудияти саҳмияҳо
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) наметавонад таҳти гарави саҳмияҳои худ ягон хел қарз (кредит), пешпардохт, кафолатнома ё коғази қиматноки дигар диҳад.
2. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) метавонад саҳмияҳои худро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ намояд. 
Моддаи 37. Суратҳисобҳои ғайрифаъол
1. Ҳисоби бонкие, ки соҳибаш дар давоми даҳ соли охир ба он ягон хел таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст, суратҳисоби ғайрифаъол дониста шуда, маблағи амонатии ба ин суратҳисоб гузошташуда бо риояи қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад.
2. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар рӯзи аввали кории соли ояндаи тақвимӣ ба соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол ба нишонии охирини маълумбудаи вай тавассути почта огоҳинома ирсол намуда,  ҳамзамон дар на камтар аз ду рӯзномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол эълон медиҳад. Агар соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол дар давоми як моҳи баъди ирсоли огоҳинома ва нашри эълон аз худ дарак надиҳад, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) суратҳисоби ғайрифаъолро баста, маблағи онро барои нигоҳдории минбаъда ба суратҳисоби махсуси дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда интиқол медиҳад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои суратҳисоби махсусро ба коғазҳои қиматноки давлатӣ ва дар ҳолати набудани онҳо ба дигар коғазҳои қиматнок сармоягузорӣ мекунад. Дар давоми 20 соли дигар ҳар як шахс, бо далели тасдиқкунандаи соҳибият ба ин маблағҳо, метавонад ба Бонки миллии Тоҷикистон барои гирифтани онҳо муроҷиат намояд. Баъди ба охир расидани давраи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон маблағи дархостнашудаи чунин суратҳисобро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амонат нигоҳ доштан дар Хазинадории давлатӣ мегузаронад.
Моддаи 38. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва сабтҳо
1. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ҳуҷҷатҳо ва сабтҳои зеринро аз рӯи ҳар як аҳд ба мӯҳлати на кам аз панҷ сол нигоҳ медоранд:
- маълумоти мушаххасшуда оид ба муштарӣ;
- дархост ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба аҳдҳо (аз ҷумла, созишномаҳои қарз ва кафолатҳои таъминшуда) ва қарорҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар бораи маъқул донистани онҳо;
- сабти аҳдҳо бо шарикон (аз ҷумла, кредитор, дебитор  ва кафилон) ва ҳар гуна гувоҳиномаҳои дигари ҳуҷҷатӣ, ки барои маъқул донистани ин аҳдҳо асос шудааст;
- кушодани суратҳисобҳои бонкии онҳо;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар кардааст.
2. Сабтҳо дар шакли хаттӣ анҷом дода мешаванд. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бояд сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, муросилот (мактубҳо), интиқолҳои телеграфӣ, огоҳиномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти молиявии вай дахлдоштаро дар шакли мухтасар (микрофилм, шаклҳои гуногуни электронӣ ва ғайра) ба ҷои нусхаи асл ба мӯҳлати муқарраркардаи қонун тавре нигоҳ дорад, ки низоми мувофиқ ва қоидаҳои пурра барқарорсозии маълумот дар ҳамон ҷой вуҷуд дошта бошанд. Ин гуна нусхаҳои мухтасар баробари нусхаи асл эътибор доранд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад оид ба низоми нигоҳдории ҳуҷҷатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд.
Моддаи 39. Низоми пардохт
1. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) метавонанд бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон низоми муштараки клирингро барои интиқоли маблағ, дигар воситаҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо таъсис диҳанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаву усулҳои идоракунии низоми мазкур, аз ҷумла шаклҳои ҳисоббаробаркуниро муқаррар мекунад.
3. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар сурати набудани низоми муштараки клиринг ҳисоббаробаркунии байнибонкиро бо мувофиқаи тарафҳо ё мутобиқи амалияи байналмилалӣ анҷом медиҳанд.

БОБИ 6. Ҳисобдорӣ ва ҳисоботи молиявӣ
Моддаи 40. Соли молиявӣ
Соли молиявии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад. Барои филиали бонки хориҷӣ соли молиявӣ метавонад дигар бошад.
Моддаи 41. Пешниҳоди ҳисобот
1. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро муқаррар менамояд.
2. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи молиявӣ, инчунин маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
- оид ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳо;
- оид ба риояи меъёрҳои мақбул;
- оид ба суратҳисобҳо ва нишондиҳандаҳои молиявӣ;
- ҳисоботи оморӣ дар алоҳидагӣ ва дар шакли маҷмӯӣ;
- дигар иттилооти зарурӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб мекунад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми зарурат аз ҳар як бонки фаръӣ ё ҷамъияти вобастаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои амалӣ намудани назорати маҷмӯӣ ҳисобот талаб кунад.
Моддаи 42. Асосҳои ҳисобдорӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳисобдорӣ ва ҳуҷҷатгузориро тибқи моддаи 36 Қонуни мазкур ба роҳ монда, қоидаву низоми ҳисобдорӣ, аз ҷумла баҳисобгирии пурраи ҳаррӯзаи хароҷоту даромадро риоя мекунад.  
2. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён, ҳисобот дар бораи ҳаракати маблағҳои пулӣ ва ҳисобот дар бораи тағйирот дар сармоя иборат мебошад, мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва талаботи иловагии Бонки миллии Тоҷикистон омода мекунад.  
3. Ҳисоботи молиявӣ вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва филиалҳои онро инъикос намуда, маълумот дар бораи низоми идоракунии дохилии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), аз ҷумла ҳисоботи Шӯрои нозирони ташкилоти қарзиро (кредитиро) низ дар бар мегирад.
Моддаи 43. Ҳисоботи молиявии солона
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳисоботи молиявии солона ва дар сурати доштани як ё якчанд бонки фаръӣ ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро омода мекунад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дигар ҷамъиятҳои вобастаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), аз ҷумла ҷамъияти назораткунандаи он ва ягон ҷамъияти дигари аз тарафи ҷамъияти назораткунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) назоратшавандаро муайян кунад, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бояд оид ба онҳо ҳисоботи молиявии маҷмӯии солона пешниҳод намояд.
3. Филиалҳои бонки хориҷӣ маълумот оид ба суратҳисобҳо ва ҳисоботи молиявӣ доир ба амалиёти солонаи худро омода намуда, бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
4. Нусхаи ҳисоботи молиявии солона, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи ташкилоти қарзӣ, ки аз аудит гузаштааст, на дертар аз чор моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
5. Бонки хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё якчанд филиал дорад, нусхаи ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳи баъди анҷоми соли молиявии он ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Моддаи 44. Нашри ҳисоботи молиявии солона
1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳисоботи молиявии солонаи худ, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар на камтар аз ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр менамояд.
2. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои худ нусхаи ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст ва рӯйхати аъзои Шӯрои нозирони хешро дар ҷойи ба муштариён намоён ба намоиш мегузорад.

БОБИ 7. Аудит
Моддаи 45. Аудит
1. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои аудиториеро, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) буда, аудити ташкилотҳои қарзиро (кредитиро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида метавонанд, муайян ва нашр мекунад.
2. Ташкилоти қарзӣ танҳо аз рӯи ҳамин рӯйхат ташкилоти аудиториро барои гузаронидани аудит таъин менамояд.
3. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” нисбат ба ташкилотҳои аудитории хориҷие, ки ба рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, татбиқ намегардад.
4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро (кредитиро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни мазкур татбиқ мегардад.
5. Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани амонат дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), метавонад аудитори он таъин гардад.  
6. Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби ин гуна манфиат  дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) гардад, пас хизматрасонии аудитории вай қатъ гардида, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад.
7. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ намебошанд.
8. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба мӯҳлати зиёда аз панҷ сол бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон аудитор таъин намояд.
9. Мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ташкилоти аудиторӣ аудити ташкилоти қарзиро дар асоси назорати маҷмӯӣ анҷом медиҳад ва:
- изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди ташкилоти аудиторӣ дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  ягон манфиат надорад ва талаботи қисми 7 моддаи мазкурро иҷро мекунад;
- дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобгирӣ ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) кӯмак мерасонад;
- дар нигоҳдории низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мадад мерасонад; 
- бо дархости Кумитаи аудити ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар маҷлисҳои он иштирок менамояд;
- дар мӯҳлати 3 моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) маълумоти муфассал пешниҳод мекунад;
- ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо (кредитҳо) ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла, қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишон додани камбудиҳо назари ташкилоти аудиториро пешниҳод мекунад;
- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки аз нигоҳи он вайрон кардани талаботи ин Қонун ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад хабар медиҳад;
- ба ҳар як узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ошкоршуда, хабар медиҳад.
10. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ инҳо бояд ба назар гирифта шаванд:
- қаноатбахш будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳангоми аудит талаб шудааст;
- дараҷаи воқеан ҷавобгӯй будани ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)  ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва ҳисобдорӣ; 
- усуле, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёт, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ зарур аст, истифода мебарад;
- қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);
- камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои солҳои гузашта; 
- дараҷаи дақиқ будани ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.
11. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди  дастрасии хулосаи аудиторӣ нусхаи онро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол мекунад.
12. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти аудиторӣ маълумоти иловагиро вобаста ба хулосаи он талаб намояд.
Моддаи 46. ӯҳдадориҳои иловагӣ
1. Илова ба муқаррароти дар моддаи 45 Қонуни мазкур зикргардида, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи ташкилоти аудиторие, ки аудити ташкилоти қарзиро (кредитиро) мегузаронад, ӯҳдадориҳои зеринро вогузор намояд:
- пешниҳоди маълумоти иловагӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аудит, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур мешуморад;
- пешниҳоди ҳисобот, амалӣ кардани бозрасӣ ё иҷро намудани ҳар гуна қоидаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи ҳисобдорӣ ва назорати дохилӣ;
- додани хулоса оид ба ҷавобгӯ будани чораҳои мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон андешидааст.
2. Хароҷоти вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳо ба зиммаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) вогузор карда мешавад.
Моддаи 47. Масунияти ташкилоти аудиторӣ
1. Ташкилоти аудиторӣ риояи талаботи махфияти касбӣ ва сирри бонкиро дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) арзёбӣ мекунад.
2. Ташкилоти аудиторӣ барои мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод намудани маълумоти дорои сирри бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар намебошад.
3. Ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти дар сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми қисми 9 моддаи 45 Қонун мазкур пешбинигардида, риоя накардани ӯҳдадории нигоҳдории сирри маълумот дониста намешавад.

БОБИ 8. Махфият
Моддаи 48. Сирри бонкӣ
1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад.
2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:
- дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ, соҳибони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо иҷрошавандаи муштариён;
- дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо;
- дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) нигоҳ дошта мешаванд.
3. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:
- ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо;
- ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;
- ба судҳо дар асоси таъиноти суд;
- ба Бюрои таърихи қарз (кредит) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)”;
- ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолоташон қарордошта нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), дар сурате ки агар маблағҳои пулии дар суратҳисоби бонкӣ мавҷудбуда, маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштариён, ки дар ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) нигоҳ дошта мешаванд, мумкин аст ҳабс, мусодира ё ситонида шаванд - дар асоси қарори таҳқиқкунанда ё муфаттиш, ки мувофиқан аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои вилоят, шаҳр ва ноҳия тасдиқ шудааст;
- ба мақомоти андоз аз рӯи масъалаҳои пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз бо пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оид ба санҷиши онҳо, агар ин бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
4. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) низ эътибори худро гум намекунанд.
5. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ дода мешавад:
- ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;
- ба судҳо, идораҳои нотариалӣ ва муассисаҳои консулгарии хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.
6. Ифшои сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, агар Қонуни мазкур ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад.
7. Барои ғайриқонунӣ ошкор намудани сирри бонкӣ шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
8. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо мақсади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонкӣ ҳуқуқ доранд хадамоти махсуси худро таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи яроқ” яроқ ва воситаҳои зарурии техникиро дастрас намуда истифода баранд.
9. Маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ  ё маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дигари дар ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) нигоҳдошташаванда  дар асоси қарори суд, инчунин  қарори мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ, ки онро прокурор тасдиқ кардааст, ҳабс карда мешаванд.
10. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ буда, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ мекунад.
11. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қиматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) нигоҳ дошта мешаванд, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) додани онҳоро ба соҳибонаш қатъ менамояд.
Моддаи 49. Ҳифзи сирри бонкӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва шахсони сеюм
1. Аз ҷониби кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндагони амалкунанда ё собиқи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) пешниҳод намудани сирри бонкӣ ба шахсони сеюм, ошкор кардан ё додани имконият барои таҳлили он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозат дода шудаанд.
2. Маҳдудият ҳамчунин ба кормандон ва нозирони Бонки миллии Тоҷикистон ва шахсоне, ки аз ҷониби он барои санҷиш мутобиқи моддаи 52 Қонуни мазкур таъин гардидаанд, инчунин ба онҳое, ки чунин иттилоот ё маълумотро бо тақозои касб, вазифа ё фаъолияти худ мустақиман ё ғайримустақим таҳқиқ менамоянд, тааллуқ дорад.
Моддаи 50. Ҳолатҳои истисноӣ
Талаботи моддаҳои 48 ва 49 Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ӯҳдаи ташкилоти аудиторӣ вогузор карда шудаанд;
- нисбат ба маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ё Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иҷрои вазифаҳои он талаб карда мешаванд;
- ҳангоми андешидани тадбирҳо ва иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо ё чораҳои дигари зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ки мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;
- ҳангоми додани тасдиқнома ё огоҳнома сабабҳои рад кардани пардохти чек бо талаби соҳиби қонунии он;
- ҳангоми пешниҳоди маълумот дар хусуси қарздории муштарӣ ҷиҳати муайян намудани эътимоднокии баргашти қарз, чекҳои қалбакӣ ва оид ба ҳар гуна аҳдҳои дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории низоми бонкӣ  зарур меҳисобад;
- ҳангоми аз тарафи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ошкор намудани ҳама ё  қисме аз маълумот дар бораи аҳдҳои муштариён, бо мақсади исботи талаби худ дар баҳси судӣ;
- нисбат ба маълумоте, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон  мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”  ба дигар мақомоти назораткунанда пешниҳод мегардад.
Моддаи 51. Ҳифзи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) пешниҳод шудааст    
1. Ҳар гуна маълумоти аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) оид ба ҳар як муштарӣ, аҳдҳои муштарӣ ва дигар маълумоти муфассал дар хусуси муносибатҳои он бо муштариён ҷамъовардашуда махфӣ нигоҳ дошта шуда, танҳо бо розигии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда мешавад.
2. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дастрасӣ ба ин гуна маълумот танҳо ба он кормандоне иҷозат дода мешавад, ки дорои ваколати дахлдор мебошанд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маълумоти ифшошавандаи аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) гирифташударо пурра ё қисман нашр намояд. 
4. Бонки миллии Тоҷикистон бе розигии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тафсилоти амалиёти ташкилоти қарзиро (кредитиро) ифшо мекунад, агар чунин тафсилот дар ҳисоботи молиявии аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тасдиқшуда дарҷ шуда ё аллакай дастраси умум гардида бошад.

БОБИ 9.  Назорат ва санҷиш
Моддаи 52. Назорат ва  санҷиш
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо тартиби зерин назорати маҷмӯӣ мебарад:
- ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;
- аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;
- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмиядорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва оид ба шахсе, ки барои соҳиб шудан ба даҳ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва зиёда аз он муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;
- санҷиши ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), бонкҳои фаръӣ ва вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.
2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзиро (кредитиро) барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии онро дар бар мегирад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол санҷиши ҳамаҷонибаи ҳар як ташкилоти қарзиро (кредитиро) анҷом медиҳад, ба истиснои намояндагиҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиш карда мешаванд.
4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда барои риояи талаботи сирри бонкӣ масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба кассаҳо, хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд.
5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб мегардад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) вазифадоранд дар гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзиро (кредитиро) оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.
7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Мақомоти андоз метавонанд ташкилоти қарзиро (кредитиро) аз рӯи масоили пардохти андоз аз фаъолияти бонкӣ санҷиш намоянд.
9. Мақомоти дигари давлатӣ наметавонанд фаъолияти ташкилоти қарзиро (кредитиро) санҷанд. Муносибати байни онҳо ва ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба тартибе, ки моддаи 48 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Моддаи 53. Чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ  
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд.

БОБИ 10. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 54. Баррасии баҳсҳо
1. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) метавонанд нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба рад кардани дархости гирифтани иҷозатнома, татбиқи чораҳои ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 рӯз аз рӯзи гирифтани онҳо шикоят намоянд.
2. Пешниҳоди шикоят ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали қарори Бонки миллии Тоҷикистонро боз намедорад. 
Моддаи 55. Ҳимояи манфиати муштариён
1. Муносибати муштариён бо ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар асоси шартнома сурат мегирад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. 
2. Мӯҳлат ва меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо, пасандозҳо, инчунин ҳаққи хизмат аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар шартнома бо  муштарӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Пеш аз оғози хизматрасонӣ ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба муштарии худ ҳатман дар бораи талаботи зикргардида, аз ҷумла дар бораи ҳаққи хизмат, меъёрҳои фоизӣ ва дигар хароҷоти иловагии муштарӣ хабар медиҳад.
4. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадор аст интиқоли маблағи муштарӣ ва ба суратҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар дар қонунгузорӣ, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
5. Дар сурати дер ё нодуруст ба суратҳисоби муштарии худ гузаронидан ё аз он хориҷ кардани маблағҳои пулӣ, ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бояд барои ҳар рӯзи таъхир ба муштарӣ аз рӯи маблағи мӯҳлати пардохташ батаъхирафтода мувофиқ ба меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима диҳад.
6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар интихоби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) озод буда, метавонанд дар як ё якчанд ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) суратҳисоби бонкӣ кушоянд.
7. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадор аст бо талаби аввалини муштарӣ маълумот дар бораи доштани иҷозатнома, тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, дар бораи хавф ва хароҷоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, тавозуни муҳосибавӣ, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён ва хулосаи аудитории соли гузаштаро пешниҳод намояд.
8. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад меъёрҳои фоизии қарзҳои (кредитҳои) додашуда, амонатҳо, пасандозҳо, ҳаққи хизмат ва мӯҳлати амали шартномаҳои бо муштариён басташударо якҷониба тағйир диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаи бо муштариён басташуда пешбинӣ гардидааст.
9. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳукуқ надорад, ки ба муштарӣ қарз (кредит) дода ё хизмати дигар расонида, дар назди вай шарт гузорад, ки ҳатман аз дигар хизматрасониҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё муассисаҳои он истифода барад.
10. Ташкилотҳои қарзии (кредитии) навтаъсис ҳуқуқи ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеиро пас аз як соли фаъолияти бе зиён ва бо шарти узвият ба низоми кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ пайдо мекунанд.
11. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ ва баргардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеиро дар бонки давлатӣ кафолат медиҳад.
12. Нисбат ба талаботи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар бораи баргардонидани қарзҳои (кредитҳои) додашуда мӯҳлати панҷсолаи даъво муқаррар карда мешавад.
Моддаи 56. Муқаррароти хотимавӣ
1. Ташкилоти қарзие (кредитие), ки дар рӯзи эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур идома медиҳад.
2. Чунин ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ба Бонки миллии Тоҷикистон номгӯи саҳмиядорон ва барои ҳар як дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок, маълумот ва гувоҳинома, ҳамчунин маълумоти дигарро дар бораи онҳо, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб мекунад, дар давоми 3 моҳи баъди эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур пешниҳод мекунанд.
3. Талаботи сархати дуюми қисми 1 моддаи 30 Қонуни мазкур нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) то 1 сентябри соли 2010 татбиқ намегардад, бо шарте ки онҳо маблағи асосии чунин қарзҳои (кредитҳои) калонро дар ин муддат зиёд накунанд.
4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд” нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар он қисме татбиқ мегардад, ки ба муқаррароти Қонуни мазкур мухолифат надошта бошад.
5. То мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни мазкур, онҳо дар қисме татбиқ карда мешаванд, ки хилофи меъёрҳои Қонуни мазкур нестанд.
Моддаи 57. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 58. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ”
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 10, мод. 143; с. 2002, № 11, мод. 669; с. 2005,     № 12, мод. 647; с. 2007, № 7, мод. 678) беэътибор дониста шавад.
Моддаи 59. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,  19 майи соли 2009,  № 524


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 30 апрели соли 2009, № 1329


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 644


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1121

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед