logo

фарҳанг

САҲИФАИ «ШОМИ ШАНБЕ»

Саъдии ШЕРОЗӢ
ҲИКОЯТ

Мардеро чашмдард хост, пеши байтор рафт, ки даво кун. Байтор аз он чи дар чашми чорпоён мекунанд, дар дидаи ӯ кашид ва кӯр шуд. Ҳукумат ба довар бурданд. Гуфт:
- Ба ӯ ҳеҷ тавон нест, агар ин хабар набудӣ, пеши  байтор нарафтӣ!
Мақсуд аз ин сухан он аст, ки бидонӣ, кӣ ҳар он кӣ ноозмударо кори бузург фармояд, бо он ки  надомат  барад, ба назди хирадмандон ба хиффати рой мансуб гардад.

Надиҳад ҳушмандӣ равшанорой
Ба фурӯмоя корҳои хатир.
Бурёбоф агарчӣ бофанда – ст,
Набарандаш ба коргоҳи ҳарир.

* * *
Мардумонро айби ниҳонӣ пайдо макун, ки мар эшонро расво кунию худро беэътимод.
Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад – он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд.
Аз тани бедил тоат наёяд ва пӯсти бемағз бизоатро  нашояд.
Бас қомати хуш, ки зери чодар бошад,
Чун боз кунӣ, модари модар бошад.

Нукта
Агар шабҳо ҳама қадр будӣ, шаби қадр беқадр будӣ!
Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ,
Пас, қимати лаълу санг яксон будӣ.

 


7 САБАҚИ ДЕЙЛ КАРНЕГӢ
Дейл Карнегӣ - номест ба ҳама шинос, хосса барои онҳое, ки ба рушди шахсият ва кордонии худ аҳамият медиҳанд. Барои оне, ки бори нахуст бо ин ном рӯ ба рӯ мешавад, донистани он ки ин шахс омӯзгори бузург, адиби мумтоз ва муаллифи бисёр маҳфилҳои худомӯзӣ буд, кофист.
Дейл Карнегӣ дар оилаи фермери Миссурӣ ба дунё омадааст, ҳарчанд наврасиаш басо қашшоқона пушти сар шудааст, тавонист, ки дониш андӯзад. Воқеан, агар то ҳол ягон китобашро нахонда бошед, тавсия медиҳем, ки китоби «Чӣ тавр дӯстонро ба даст овард ва ба одамон таъсир расонд» - ро хонед. Ин китоб соли 1936 бори нахуст нашр шуд ва ба асари дӯстдошта табдил ёфт, онро ҳоло ҳам бо шавқ мехонанд. Ҳар сол ба ифтихори мавлуди Дейл Карнегӣ 24 ноябр дар ИМА Рӯзи ба даст овардани дӯстон ва таъсир расонидан ба одамон ё худ Рӯзи дӯстон таҷлил мегардад.
Яке аз ақидаҳои дӯстдоштаи ман, ки аз Карнегӣ баргирифтаам, ин ҳамон аст, ки метавонӣ ба муносибати дигарон нисбат ба худ ба он ба таври дигар назар андохта, маъниашро тағйир бидиҳӣ. Дар ин бобат биандешед, онро қабул фармоед ва шояд ин зиндагии шуморо дигаргун созад. Ҳамчунин Карнегӣ муаллифи 7 сабақи пешрафт аст, ки ин ҷо дар бораи онҳо бароятон ҳикоят мекунам.

1. БЕАМАЛӢ - ТАВЛИДКУНАНДАИ ТАРС
«Беамалӣ офарандаи шубҳа ва тарс буда, амал офарандаи боварӣ ва далерист. Агар хоҳӣ, ки тарсро мағлуб созӣ, дар хона нашин ва пайваста дар андеша бош. Аз хона баро ва ба амал оғоз намо».
Ба амал аз ҳамин рӯз оғоз бахш! Агар идеяи тоза дошта бошӣ бисанҷ. Беамалӣ беамалии аз ҳад зиёд кароҳатангез ба бор меорад, амал бошад зояндаи амали фаъолтар аст. Як чизро аниқ медонам: агар комёбӣ ба даст овардан хоҳӣ, ҳамеша дар амал бош, аз ин рӯ, аз ҳоло амал намо!

2. ВАҚТИ ХУДРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БАР
 «Ба ҷойи он ки хавотир бикашӣ, ки одамон дар бораи ту чӣ мегӯянд, чаро ҳамин вақтро барои иҷрои кори фоиданок сарф намекунӣ, то ки онҳо аз ин ба шавқ оянд».
Вақтро дар фикри он, ки дигарон дар бораи ту чӣ андеша доранд, гузарондан, аз даст додани умри гаронбаҳост. Фикрро ба як нуқта равона намуда, як чизи фавқулода бисоз, то дигарон бинанду эҳтиром гузоранд.
(Давом дорад)
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ 

 


ДУХТАРЧАЕ, КИ ЭҲСОСИ ДАРД НАДОРАД

Дар Британия духтарчаи ҳафтсолае ба сар мебарад, ки дардро ҳис намекунад, инчунин қариб хоб намеравад ва намехӯрад.

Сабаби ин нуқс дар хромосомаи шашум нуҳуфтааст. Қисми маълумоти ирсӣ, ки бояд дар ин хромосома бошад, дар духтарча нест.
Оливия Фарнсуорт вақте мавриди таваҷҷуҳи хоси табибон қарор гирифт, ки модараш ӯро пас аз мошин задан беморхона овард. Лекин Оливия ҳатто гиря намекард, ба назар чунин менамуд, ки вай умуман чӣ ҳодиса руй доданашро нафаҳмидааст.
 «Ӯро мошин зада, ба масофаи даҳ баробари дарозии худи мошин кашола карда бурд. Ин манзараи беҳад мудҳиш буд, ба гумонам, онро ягон вақт фаромуш намекунам, - ёд меорад модари Оливия. - Ман фарёд задам, дигар фарзандонам ҳам дод гуфтанд... Аммо Оливия бошад, оромона “Чӣ ҳодиса шуд” гуфту аз ҷояш хест ва наздамон омад».
Аз садама кӯдак воқеан осеби ҷиддӣ надид - аммо духтарча дард ҳам ҳис накард. Духтурон баъди ташхис гуфтанд, ки шашум хромосомаи Оливия нуқсдор аст - маълумоти ирсӣ дар он мавҷуд нест. Эҳсоси дард накардан яке аз оқибатҳои ин нуқс мебошад. Вале Оливия, эҳтимол ягона одам дар дунё бошад, ки аз ҳамаи се оқибати хромосомаи ноқис азоб мекашад. Духтарча ғайр аз эҳсоси дард надоштан амалан хӯрок намехурад ва паиҳам се рӯз хоб нарафта метавонад.
Модари духтарча мегӯяд, ки аломатҳои беморӣ дар вай пас аз чанд муддати таваллуд зуҳур кард: Оливия ягон вақт гиря намекард, ҳатто дар тифлӣ, аз нуҳмоҳагӣ бошад, рӯзона хоб намерафт.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”

 

АЗ ТАЪРИХИ КИТОБХОНАҲОИ ҶАҲОН

Китобхонаи «Конгресс», ки дар шаҳри Вашингтон ҷойгир аст, яке аз калонтарин китобхонаҳои ҷаҳон ба шумор рафта, қариб 34 миллион китобу дастнавис дорад, ки бо 460 забон навишта шудаанд. Китобхонаи мазкур дар фаъолияти дусадсолаи худ ду сухтори азимро аз сар гузарондааст. Китобхона аз се бинои калон иборат буда, танҳо барои тамошо чанд рӯз лозим аст.

* * *
Китобхонаи «Британия», ки калонтарин китобхонаи Британияи Кабир аст, аз 14 ошёна иборат буда, 5 ошёнаи он дар зери замин сохта шудааст. Дар он зиёда аз 150 миллион китобу дастнавис, харитаву нақшаҳо ва маҷаллаву иҷозатномаҳо маҳфузанд. Ҳаҷми умумии рафҳои китоб, 625 киллометр - дарозӣ, 12 киллометр баландиро дар бар мегирад. Ҳар рӯзе ба ҳисоби миёна ба ин китобхона 16 ҳазор нафар ворид мешаванд.

* * *
Китобхонаи калонтарини Канада, ки дар шаҳри Оттава ҷойгир аст, аслан маҳфузгоҳи филму расмҳо ва таъриху фарҳанги Канада мебошад. Дар он қариб 22 миллион расму сурат ва зиёда аз 71 ҳазор соат филмҳои кӯтоҳмудат, ки аз соли 1897 инҷониб сабт шудаанд,  нигаҳдорӣ мешавад. Ғайр аз ин, китобхона базаи электронӣ дорад, ки 4 миллион мегабайтро дар бар мегирад.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР,  "Ҷумҳурият"

 


САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗ

Майкл Делл

Шавқу рағбатро ба бизнес Майкл ҳанӯз дар бачагӣ бо шарофати волидони худ пайдо карда буд. Падараш  духтури дандон ва модараш мушовири молиявӣ буданд. Дар хонадони онҳо суҳбат ҳамеша дар бораи пул, молия, ҳисоботи муҳосиботӣ ва иқтисодиёт мерафт, ки ин барои ӯ хеле шавқовар буд. Бинобар ин, Майкл аллакай дар бачагӣ дарк карда буд, ки арзиши ҳама чиз дар ин дунё бо пул аст ва кор кардани онро бояд омӯхт.
Майкл дар Остин ба донишгоҳи иёлоти Техас дохил шуда, асосан алоқаманди компютерҳо буд ва ба фанҳои донишгоҳӣ кам мароқ зоҳир мекард, зеро аҳли амал буд ва талош мекард, ки дониши худро  барои гирифтани даромад истифода барад. Дар ин маврид ба ҳар коре, ки Майкл машғул мешуд, ба вай писанд омада, барояш ҳузуру ҳаловат мебахшид, ин низ як омили муҳим буд. Дейл баъд аз фикру андешаи начандон тулонӣ корхонаи васл ва савдои компютерҳои мукаммалро ташкил кард. Фаъолияти амалӣ ба ӯ кумак кард, ки самти заифи  савдои компютерҳоро дар он лаҳзаҳое, ки миёнаравон аз дистрибютерҳо молҳои тайёрро  харидорӣ  карда, талаботи харидоронро ба инобат нагирифта, бо нархи иловагӣ  онҳоро мефурӯхтанд, дарёфт кунад.
Ӯ дарк кард, ки ғалабаи осон вуҷуд надорад ва танҳо тавассути суботкорӣ ва меҳнатдӯстӣ ба мақсади худ расидан метавон. Майкл тасмим мегирад, ки тамоми фаъолияти худро ба тиҷорат бахшад. Соли 1984 маблағи аввалияро ба миқдори 1000 доллар ҷамъ карда, ӯ ширкати худро таҳти унвони «Dell Computer Corporation» сабти ном мекунад.
Барои он ки ба комёбӣ даст ёбад, барои  ӯ таҳияи низоми фурӯш ва ҷалби харидорон зарур буд. Делл тасмим гирифт, ки бояд ними кормандонро аз телефончидухтарон ташкил диҳад, то ки онҳо ба қабули фармоиш машғул шаванд. Кормандони дигар ба кори васлу насби компютерҳои фармоишӣ машғул буданд. Илова бар ин, ӯ мутахассисони баландихтисосро интихоб мекард ва ба онҳо пули хуб медод. Ӯ медонист, ки кори хуб бояд ба подоши муносиб мувофиқат кунад ва чӣ қадаре, ки кормандонро музди кам диҳӣ, ҳамон қадар сифати кор низ паст мегардад. Натиҷа бошад, мустақиман аз кормандон вобаста аст.
Ҳамин тариқ, намуди нави тиҷорат - фурӯши компютерҳои аз рӯи фармоиши муштариён васлу насбшуда ба вуҷуд омад. Илова бар ин, васли компютерҳо танҳо баъди гирифтани фармоиш шурӯъ мешуд. Хароҷоти фурӯш кам шуда, он дар навбати худ нархҳоро ба поён мекашид, аммо ҷозибияти молҳо боло мерафт. Бартарияти чунин тарзи муомила боиси робитаи мустақим бо мизоҷон ва таъмини нархҳо гардида, бар болои  ин дар бораи талаботи хоси харидор ба ширкат комилан иттилооти ройгонро мерасонид.
Ҳамчунин, Майкл принсипҳои фаъолияти худро бо лоиҳаҳои нав таҳия намуд. Агар идеяро дорои дурнамои ночиз меҳисобиданд, самти ҳаракати он баста намешуд, аммо танҳо то замоне мавқуф гузошта мешуд, чуноне ки нокомии имрӯза ҳамеша метавонад дархости фардо бошад. Барои мисол, муваққатан аз бозори ноутбукҳо рафтани «Dell» бисёриҳоро ба ҳайрат гузошт, баъд ин самт дар якуним даҳсолаи охир зуд рушд кард.
Аммо ҳама чиз он гоҳ аниқ шуд, ки дар бозор хати нави ноутбукҳои аз рӯи вақти кори батареяҳо рақибонро дасткӯтоҳкунанда пайдо шуд. Ин ба ширкат шароит фароҳам овард, ки ба сатҳи нав барояд.
Ҳамчунин  бисёр одамон аз ин тасмим дар ҳайрат афтоданд. Вақте ки «Dell» ба ҷойи он, ки ҳиссаи худро дар бозори компютерҳои рӯимизӣ зиёд кунад, қисман ба самти нав – истеҳсоли серверҳо шурӯъ кард. Соли 1996 сервери «Power Edge» - ро пешниҳод намуд. Идея то андозае муваффақ гардид, ки дар тӯли чанд сол ширкат дар бозори ҷаҳонии серверҳо ҷойи дувумро ишғол карда, ҳиссаи худро  қариб ду маротиба афзоиш дод. Ин мисол шоҳиди он аст, ки тасмими дуруст ҳамеша дар рӯ ба рӯй қарор надорад, дар бисёр мавридҳо фақат муносибати эҷодӣ комёбиро муайян мекунад.
Соли 2002 ширкати «Dell» ба воситаи почта 35 миллиард доллар компютер фурӯхт ва 36 ҳазор ҷойи корӣ ташкил дод. Соли минбаъда ҳисси «Dell Computer» дар бозор 22 дарсадро ташкил кард ва худи ширкат дар ҷамъбасти сол дар рӯйхати бузургтарин ширкатҳои дунё ҷойи 33 - юмро ишғол кард, Майкл Делл бошад бо 18 миллиард доллар дороӣ ба сафи сарватмандтарин одамони ҷаҳон ворид гардид.
таҳияи Т. МУҲАММАДУЛЛО, «Ҷумҳурият» 

 


ЛАТИФАҲОИ ДЕҲОТ
Хоҷа Насриддин аз фурӯши тухм зиндагиашро пеш мебурд. Боре ба мағозаи ӯ харидоре омада гуфт:
- Биёб, ки дар дасти ман чист?
- Ба ман ягон нишонаашро бигӯй, - хоҳиш намуд Хоҷа Насриддин.
- Ман ба ту якчанд нишонаашро мегӯям: шаклан тухммонанд, ҳаҷмаш баробари тухм, худаш тухм барин, мазаи тухмро дорад, бӯйяш ҳам мисли тухм аст. Дар дохилаш моеъи сафеду зард аст. То пухтан обакист, баъди пухтан сахт мешавад. Ба ғайр аз ин онро мурғ зоидааст…
- Эҳа! Ёфтам! – хитоб кард Насриддин. – Ин фатирмаска аст.

* * *
Яҳудӣ хоб мебинад, ки дар болои кӯҳи Сино истодааст ва бо Худо суҳбат дорад.
- Оҳ, Парвардигор! – бо сӯзу гудоз гуфт яҳудӣ. – Барои ту сад ҳазор сол чӣ қадар аст?
- Як дақиқа, - посух дод Худо.
- Сад ҳазор тангаи тилло чӣ?
- Як пули сиёҳ.
- Ин тавр бошад, ба ман як пули сиёҳ бибахш,- зора кард яҳудӣ.
Ва дар посух шунид: 
- Як дақиқа сабр бикун…
Бояд аз ёд набарорем, ки дар ин дунё ҳама чиз нисбист.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
 Тарҷума аз русӣ

 

 

СУХАНОНИ БУЗУРГОН

Агар касе ба ту як бор хиёнат кард, ин хатои уст, агар дубор хиёнат кард, ин хатои туст.
* * *
Агар зиндагӣ туро ба зону афтонад, рӯҳафтода нашав ва роҳатро ба зону идома деҳ.
* * *
Вақте касеро фиреб медиҳед, фикр накунед, ки ӯ ахмақ асту ба доми Шумо афтодааст, баръакс андешаи инро кунед, ки ӯ чӣ қадар ба Шумо боварӣ доштааст, то Шумо тавонистед ӯро фиреб диҳед.
* * *
Гирифтани озодӣ аз миллате, ки намехоҳад ғулом бимонад, мушкил аст, вале додани озодӣ ба миллате, ки хоҳиши ғулом мондан дорад, мушкилтар.
* * *
Дониш ва маълумот ягона калидест, ки тамоми дарҳои баста бо он боз мешаванд.
* * *
Дониши бе андеша дом аст ва андешаи бедониш бало.
ГУЛНИСОИ С, «Ҷумҳурият» 

 

 

ЛУТФИ БУЗУРГОН

Телеграммаи кӯтоҳтарин
Математики олмонӣ Петер Густав Дирихле хеле одами дамдузд ва камгап буд. Вақте ки ӯ соҳиби писар шуд, ба хусураш чунин телеграмма фиристод: «2+1=3».
Ин дар таърихи телеграфия аз ҳама кӯтоҳтарин телеграмма ба ҳисоб меравад.

Даҳшат
Боре  стенографисте ба назди нависанда ва мунаққиди фаронсавӣ Анатол Франс омада хоҳиш намуд, ки ӯро ба кор гирад.
- Шумо чӣ кор карда метавонед? – пурсид нависанда.
- Метавонам дар як дақиқа 150 калима чоп намоям!
- Оҳ, - ба даҳшат афтод нависанда, - ман аз куҷо барои Шумо ин қадар калима меёбам?!

Таҷриба
Шоҳи Пруссия Фридрихи II худро шахси соҳибмаърифат мешуморид. Ӯ бо олимон  суҳбат карданро дӯст медошт. Бинобар ин, онҳоро зуд – зуд ба наздаш мехонд. Боре Фридрих аз олиме пурсид:
- Чаро қадаҳи бо шампон пуркардашуда аз қадаҳи майи бургундидошта садои баландтар дорад?
Профессор Зултсер, ки бо зарофатгӯияш машҳур аст, филфавр аз номи олим чунин посух дод:
- Олимони мо бо он маоше, ки аз хазинаи Аълоҳазрат ҷудо шудааст, айни ҳол, имкони гузаронидани чунин таҷрибаро наёфтаанд!
Таҳияи М. ТАБАРӢ, "Ҷумҳурият"

 

 

ЧЭН - ПИСАРАКЕ, КИ ҶОН ДОДУ СЕ ҶОН ХАРИД
Писарча Чэн Сяотян гирифтори варами майнаи сар буд. Модараш ҳам бемории ҷиддии гурда дошт. Вақте  табобати тӯлонӣ суде накарду ба дами марг расиданд, Чэн ба ивази ҳаёти худ ҷони модар харид.
Пас аз чанд моҳи аниқ шудани бемории Чэн модараш аз бемории гурдаҳои худ дарак ёфт. Писарчаро ҷарроҳӣ карданд, аммо баъди он варам боз пайдо шуда, беморро маҳкуми марг кард.
Муддати мадид писару модар бо бемории худ мубориза бурданд. Оқибат Чэн на беҳ гашт, балки нобиною фалаҷ шуд.
Писарча ҳангоми муайянсозии беморияш ҳамагӣ панҷуним сол дошт. Модараш Чжоу Лу аз уремия (хуншошӣ) азият мекашид ва ягона илоҷи наҷоташ васли гурдаи нав буд.
Духтурон медонистанд, ки Чэн ба қарибӣ мемирад, ҳамчунин медонистанд, ки модарашро низ рӯзҳои башумор монда, агар гурдаашро иваз накунанд ва дар ин амр аз ҳама беҳтараш гурдаҳои писараш хоҳад буд. Аммо замоне модараш инро фаҳмид, ҳатто шунидан нахост.
Вақте Чэн аз хоҳиши табибонро рад наму- дани модараш хабар ёфт, наздаш рафт, то илоҷе карда ба гирифтани гурдаҳо розияш кунонад. Зеро бисёр мехост модарашро наҷот диҳад.
Ниҳоят Чжоу Лу розӣ шуд, бо фикри он ки писаракаш дар ҷисми ӯ зиндагӣ хоҳад кард. Ҷарроҳии гурда бобарор гузашт.
Чэн дар ҳафтсолагӣ чашм аз олам пӯшид. Вай гурдаи чапашро ба модараш дод. Бо розигии модар гурдаи рост ва ҷигарашро ба беморони дигар васл карданд. Ҳамин тавр, Чэни кӯчак бо қимати умри худ ҳаёти се касро идома бахшид.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”

 


ДУНЁИ ВАРЗИШ

Кадом даста аз ҳама серпул?
Дастаи «Реал» Мадрид 11 - ум  маротиба  паиҳам тими сердаромадтарини футболи дунё шуд. Он аз рӯи ҷамъбасти соли 2015 577 миллион евро кор кард, ки нисбат ба соли гузаштааш 27,5 миллион евро зиёд мебошад.
Қобили қайд аст, ки аз “баландии” 500 миллион боз як дастаи испанӣ “Барселона” (560,8 миллион евро) ва англисии “Манчестер Юнайтед” (519 миллион евро) гузашта тавонистанд. 
Ба панҷгонаи серпултаринҳо инчунин “Бавария” ва “Манчестер Сити” дохил шуданд.

Ҷаҳиш ба замин аз баландии 39 километр
Рекорди ҷаҳонии ҷаҳидан аз баландӣ бо парашют ба Феликс Баумгартнери 43 сола аз Австралия мансуб аст. Вай 14 октябри соли  2012  бо парашют аз стратосфера аз баландии 39 ҳазор метр ба замин парид.
Ҳангоми ҷаҳидан вай аз суръати садо гузашт ва суръати афтиш 1342 км/соатро ташкил дод. Парашют дар баландии 7 ҳазор метр кушода шуд. Ин ҷаҳиши вайро бо парашют дар ютуб 8 миллион одам тамошо кард.
Барои то ин баландӣ баромадан барояш 2,5 соат вақт ва капсулаи махсус лозим шуд, ки онро кураи азими гелиоӣ мебардошт.
То ба он Ҷозеф Киттинҷер аз баландии 31332  метр ҷаҳида буд. Ин воқеа 16 августи соли 1960 ба амал омад. Суръати афтиш 149 км/соат, давомнокӣ 13 дақиқаро ташкил дод. Парашют дар баландии 5.5 ҳазор метр кушода шуд.

Эҳтиёт, Бекхэм зарбаи ҷаримавӣ мезанад!
Дар олами футбол футболбозони зарбаашон сахт мартабаву мақоми хосе доранд. Яке аз онҳо футболбози маъруфи англис Дэвид Бекхэм мебошад. Вай ҳанӯз соли 1997 ба дарвозаи дастаи «Челси» гол зада, рекорди шахсӣ гузошт. Туб пас аз зарбаи ҷаримавии вай бо суръати 156 км/соат парид. Дарвозабони «Челси» пас аз чунин зарбаи ниҳоят сахт  ҳатто фурсати мижа задан пайдо накард, ки туб вориди дарвозааш шуд. Дар солҳои ҳунарнамоӣ Дэвид Бекхэм воқеан ҳам бо зарбаҳои олиҷаноби ҷаримавияш ном бароварда буд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2016    №: 16    Мутолиа карданд: 891

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед