logo

сиёсат

МОРО ЗАРУР АСТ, КИ...

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарафманди Тоҷикистон дар шароите ироа гардид, ки инсоният ба таҳдиди терроризму ифротгароӣ дучор гардида, буҳрони молиявӣ як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст.

Новобаста ба ин, соли 2015 дар саҳифаҳои таърихи кишвари азизи мо, бо силсилаи дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои хотирмон сабт гардид, ки дар маҷмӯъ муқовимат, устуворӣ ва пирӯзии халқу мамлакати моро дар баробари зуҳуроти мухталиф нишон медиҳад. Соли сипаришуда дар ҳаёти сиёсию фарҳангии кишвар чандин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин нуфузи бештар касб кардани Тоҷикистони азизамон мусоидат намуданд. Талошҳои судманди Роҳбарияти олии кишвар, бахусус дар заминаи таъмини рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар паст гардида, мутаносибан масъалаҳои вазъи тандурустии аҳолӣ ва ҳадди миёнаи дарозумрӣ боло равад.
Қобили зикр аст, ки барои пешгирии таъсири манфии буҳрони молиявӣ Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои иловагиро таҳия намудааст, ки он ба тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкориҳо бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Чунонки дар Паём баён гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнатро амалӣ мегардонад, ки аз сӯи ҷомеа истиқболи гарму самимӣ пайдо намуд. Дар ин робита қарор аст, музди меҳнат дар кишвар аз 15 то 25 дарсад баланд гардида, ҳадди ақалли маош 60 дарсад зиёд карда мешавад.
Пӯшида  нест, ки пешрафти ҳар кишвар ба дараҷаи мусаллат будани мутахассисони он бо асосҳои дониши замонӣ пайванди қавӣ дорад. Таҷрибаи чандин кишвари пешрафта шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳ ва рушди соҳаи илму маориф дар замони муосир, танҳо дар сурати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, омӯзиши илмҳои техникиву табиатшиносӣ, донистани забон ва ғайра амалӣ мегардад. Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ намуда, дар баробари он баҳри амалӣ намудани чанд барномаи давлатии рушд талош меварзад. Ҳадаф аз ин тадбирҳо агар аз як тараф омода намудани мутахассисони касбӣ бошад, аз тарафи дигар ба воя расондани насли бомаърифату донишманд ва ояндасоз аст. 
Масъалаи дигаре, ки дар Паёми Сарвари давлат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ин рушди соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар ин замина, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ифтитоҳи боз як донишгоҳи нави тиббӣ дар вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст, ки барои аз байн бурдани норасоии кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат хоҳад намуд.
Дар Паёми Пешвои миллат ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз – интишори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид, ки бесабаб нест. Зеро чунонки таъкид гардид, дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза бар муқобили ин зуҳуроти хатарзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурӣ надоранд ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва  вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки имсол 25-солагии онро таҷлил мекунем, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем. Зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,
иҷрокунандаи вазифаи
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2016    №: 16    Мутолиа карданд: 619

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед