logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ

БОБИ I. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар ва истифода намудани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ, ҳамчунин сохтори онҳоро муайян мекунад.
2. Қонуни мазкур нисбат ба стандартҳои танзимкунандаи талаботи бехатарии техникӣ ва сифати маҳсулот, мол, кор ва хизматрасонӣ (аз ҷумла стандартҳое, ки дар бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ амал мекунанд) татбиқ карда намешавад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- стандартҳои иҷтимоии давлатӣ – меъёрҳо ва қоидаҳои аз тарафи давлат муқарарраргардидае, ки татбиқи ҳуқуқҳои иҷтимоии ба шаҳрвандон кафолатдодаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби пешниҳоди ин ҳуқуқҳоро таъмин менамоянд;
- низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ – маҷмӯи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ, ки соҳаҳои асосии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифтаанд;
- гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ – категорияҳои асосии шаҳрвандон, ки аз рӯи аломатҳои синнусолию ҷинсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи таъминоти моддӣ (аҳолии қобили меҳнат, нафақахӯрон ва кӯдакон) муттаҳид шудаанд;
- сатҳи зиндагӣ – маҷмӯи неъматҳо ва хизматрасониҳои моддию маънавӣ, ки талаботи ҳаётан муҳими одамонро қонеъ менамояд.
Моддаи 3. Объект ва субъектҳои танзим
1. Объекти танзими Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба истифодабарии стандартҳои иҷтимоии давлатӣ байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Субъектҳои  фаъолияти вобаста ба истифодабарии стандартҳои иҷтимоии давлатӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мебошанд, ки дар раванди истифодаи стандартҳои  иҷтимоии давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 5. Муқаррару истифода ва назорат кардани риояи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ
1. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардида, истифодаи онҳо дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳатмӣ мебошанд.
2. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ таҷдиди назар карда мешаванд.
3. Назорати риояи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 6. Таъиноти стандартҳои иҷтимоии давлатӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ бо мақсадҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- муайян намудани таркиб ва меъёрҳои кафолатдодашудаи аз тарафи шаҳрвандон истеъмол кардани неъматҳои асосии моддӣ ва истифодаи хизматрасонӣ;
- ба амал баровардани сиёсати ягонаи иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар;
- истифода кардан ба сифати меъёр  дар мавриди асосноккунии хароҷоти буҷетҳои сатҳҳои гуногун барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ;
- баҳодии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рафти татбиқи сиёсати иҷтимоӣ;
- истифода бурдан ҳангоми таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ;
- асоснок кардани зарурат ва муқаррар намудани андозаи кӯмакҳои иҷтимоии суроғавӣ ба аҳолии эҳтиёҷманд.
Моддаи 7. Принсипҳои асосии муқаррар намудани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ
Принсипҳои асосии муқаррар намудани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ инҳо мебошанд:
- таъмини мувофиқати стандартҳои иҷтимоии давлатӣ бо принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ;
- таъмини имкониятҳои амалигардонии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон бо роҳи истифодаи саъю маблағи онҳо, инчунин истифодаи оқилона ва одилонаи сарватҳои миллии кишвар;
- асосноксозии иҷтимоию иқтисодии стандартҳои иҷтимоии давлатӣ;
- роҳ надодан ба пастшавии сатҳи зиндагии шаҳрвандон ҳангоми таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он;
- таъмини ҳифзи манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа;
- истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳангоми таҳияи низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ;
- ба шаҳрвандон пешниҳод намудани маълумот дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ;
- таъмини суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа дар асоси густариши низоми шарикии иҷтимоӣ.

БОБИ II. Навъҳо ва низоми
стандартҳои иҷтимоии давлатӣ
Моддаи 8. Навъҳои стандартҳои иҷтимоии давлатӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ ба шакли меъёрҳо ва қоидаҳои аслӣ, арзишӣ, муваққатӣ ва молиявии танзимкунандаи тартиби муқаррар ва истифода намудани онҳо муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 9. Низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ
Низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ соҳаҳои асосии зерини муносибатҳои иҷтимоиро фаро мегирад:
- пардохти музди меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ;
- таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии бекорон;
- таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ;
- таъмини молҳои ниёзи мардум;
- таъмини аҳолӣ бо манзил ва хизматрасонии маишию коммуналӣ;
- маориф;
- илм;
- тандурустӣ;
- тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- фарҳанг;
- кӯмаки иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ;
- таъмини бехатарии экологӣ;
- ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон;
- истифодаи механизмҳои андозбандӣ ва нархгузорӣ.
Моддаи 10. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи пардохти музди   меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат муқаррар намудани чунин меъёрҳоро пешбинӣ мекунанд:
- андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат дар сатҳи андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ;
- меъёрҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ;
- тартиби индексатсияи музди меҳнат дар ҳолати баландшавии сатҳи муайяни таваррум ва сари вақт пардохт накардани музди меҳнат;
- тартиби пардохти изофакорӣ, кори рӯзҳои истироҳат ва ид.
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- тартиби ба кор қабул кардан ва аз кор озод кардани кормандон, ҳисоб намудани собиқаи кори онҳо;
- меъёри ниҳоии давомнокии рӯзу ҳафта ва моҳи корӣ;
- тартиби додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва давомнокии он;
- кӯтоҳ намудани рӯзи кории кормандоне, ки ба корҳои мураккабу вазнин ва истеҳсолоти зарарнок машғуланд;
- талаботи ҳатмӣ ба таъминоти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- тартиби ташкили суғуртаи ҳатмӣ аз ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот ва ҳангоми бемориҳои касбӣ.
Моддаи 11. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии бекорон
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии бекорон муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- тартиби муайян намудани ҳаққи суғурта ҳангоми бекорӣ;
- андоза, мӯҳлат ва тартиби додани кӯмакпулиҳо ба сабаби бекорӣ;
- қоидаҳои ҷустуҷӯи ҷойҳои нави кор;
- тартиби бозомӯзӣ ва такмили таҳсили касбии бекорон, тартиб ва мӯҳлатҳои ба онҳо пешниҳод намудани маълумот оид ба масъалаҳои бо кор таъминкунӣ.
Моддаи 12. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ муқаррар кардани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- синну сол, давомнокии собиқаи корӣ ва мӯҳлатҳои фаро расидани дигар ҳолатҳои суғуртавӣ барои таъини нафақа ба категорияҳои мухталифи шаҳрвандон;
- андоза ва тартиби гузаронидани маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ;
- тартиби муайян кардан ва тағйир додани андозаи ҳадди ақалли нафақаҳо;
- тартиби индексатсияи нафақаҳо дар сурати баланд гардидани сатҳи муайяни таваррум;
- тартиби ташкил ва фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа.
Моддаи 13. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини молҳои ниёзи мардум
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини молҳои ниёзи мардум муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- маҷмӯи ҳадди ақалли маҳсулоти зарурии озуқа, ғайриозуқа, хизматрасонӣ (ба таркиби сабади истеъмолӣ дохилшаванда) ва меъёрҳои истифодабарии онҳо барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ;
- номгӯи категорияҳои аҳолӣ, ки барои ба он бо нархҳои арзон ё ба тариқи имтиёзнок фурӯхтани молҳои ниёзи мардум эҳтиёҷ доранд ва ҳамчунин тартиби пешниҳоди чунин имтиёзҳо ва ташкили назорат оид ба риояи онҳо.
Моддаи 14. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо манзил ва хизматрасонии маишию коммуналӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо манзил ва хизматрасонии маишию коммуналӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- меъёрҳои таъмини майдони истиқоматӣ ва умумӣ ба ҳисоби як нафар;
- тартиби бақайдгирии шаҳрвандон, ки ба гирифтани манзил ё беҳтарсозии шароити манзилӣ эҳтиёҷ доранд;
- номгӯй ва меъёрҳои ба аҳолӣ расондани навъҳои асосии хизматрасонии коммуналӣ (дар таркиби сабади истеъмолӣ);
- ҳадди ниҳоии ҷоизи хароҷоти шаҳрвандон барои пардохти ҳаққи манзил ва хизматрасонии коммуналӣ (мувофиқ ба маҷмӯи даромади оила);
- тартиби ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ додани ҷубронпулиҳо барои пардохти ҳаққи манзилию коммуналӣ;
- арзиши ниҳоии хизматрасонии манзилию коммуналӣ дар як моҳ (аз рӯи ҳисоби ба 1 метри мураббаи майдони умумии манзил) ё худ чорабиниҳо оид ба танзими тарифҳои навъҳои хизматрасонӣ;
- категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба онҳо манзил ройгон, ба таври қисман пардохт намудан ё бо шартҳои дигари имтиёзнок дода, хизматҳои манзилию маишӣ расонида мешаванд;
- тартиби ҷудо кардани маблағ барои хароҷоти корхона ва муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун.
Моддаи 15. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи маориф
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- меъёрҳои маблағгузории буҷетӣ ва таъминоти моддию техникии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи ҳисоб ба ҳар як хонанда;
- стандартҳои давлатии таҳсилот;
- меъёри шумораи (ҳиссаи) хонандагони таҳсилоти миёнаи касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳуқуқи таҳсили ройгонро доранд (ҳангоми дар асоси озмун ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул шудан);
- тартиб ва шаклҳои татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,  олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти махсус;
- тартиб ва шаклҳои амалӣ сохтани дастгирии молиявии муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакон ва ҷавонон;
- тартиби ройгон фароҳам овардани таҳсилоти махсус барои шахсони имкониятҳояшон маҳдуд;
- меъёри таъмин намудани кӯдакон бо китобҳои дарсӣ ва дафтар;
- меъёри таъминоти моддӣ, кадрӣ ва техникии муассисаҳои таълимии давлатӣ.
Моддаи 16. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи илм
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи илм муқаррар кардани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- тартиби маблағгузории муассисаҳои илмӣ (аз ҷумла сохторҳои илмии мактабҳои олӣ);
- меъёрҳои таъминоти моддию техникии фаъолияти муассисаҳои илмӣ (аз ҷумла сохторҳои илмии мактабҳои олӣ);
- тартиби додани грантҳо ба муассисаҳо, коллективҳо ва кормандони илмӣ;
- ҷадвали тарифҳо ва иловапулиҳо ба музди меҳнати кормандони илмӣ (аз ҷумла сохторҳои илмии мактабҳои олӣ).
Моддаи 17. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- номгӯи намудҳои ёрии тиббию санитарии ройгон, ки аз тарафи муассисаҳои  давлатии тандурустӣ ба аҳолӣ расонида мешаванд;
- ҳаҷми ёрии тиббию санитарӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ ба аҳолӣ расонида мешаванд;
- категорияи шаҳрвандоне, ки ба онҳо ёрии тиббию санитарӣ  ройгон расонида мешавад;
- номгӯи дорувории асосие, ки нисбати онҳо танзим ва қайди нархҳо татбиқ мешаванд, ҳамчунин категорияи шаҳрвандоне, ки ба таври ройгон ё имтиёзнок бо ин доруворӣ таъмин карда мешаванд;
- меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ;
-меъёрҳо ва қоидаҳои таъминоти моддию техникӣ, доруворӣ, кадрӣ, озуқа ва дигар мавод дар муассисаҳои тандурустии шакл ва навъҳои гуногун;
- меъёрҳои таъмини молиявии хароҷоти соҳаи тандурустӣ ба ҳар сари аҳолӣ; 
- тартиби маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун.
Моддаи 18. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- меъёрҳои таъмини аҳолӣ бо иншооти варзишӣ ва ҳайати мураббиёну омӯзгорон барои омӯзиш ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- тартиби маблағгузории муассисаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун;
- меъёрҳо оид ба назорати тиббии варзишгарон ва шаҳрвандоне, ки бо тарбияи ҷисмонӣ машғуланд ва таъмини санитарию гигиении хадамоти дахлдор.
Моддаи 19. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи фарҳанг
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи фарҳанг муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- меъёрҳои таъмини аҳолӣ бо хизматҳое, ки аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ расонида мешаванд;
- категорияҳои аҳолӣ, ки аз хизматрасонии ройгони муассисаҳои фарҳангӣ ё имтиёзҳои дигар истифода мебаранд;
- тартиби маблағгузории муассисаҳои фарҳангӣ аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун бо мақсади ҳифз кардан ва ғанӣ гардонидани арзишҳои миллии фарҳангӣ.
Моддаи 20. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи кӯмаки иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи кӯмаки иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- тартиби таъсис додан ва фаъолият кардани фондҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ;
- категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба кӯмаки иҷтимоӣ ниёз доранд;
- номгӯй ва меъёрҳои истифодаи кӯмак ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ки аз тарафи хадамоти иҷтимоӣ ба аҳолӣ ройгон ё  бо шартҳои имтиёзнок расонида мешаванд;
- тартиби маблағгузории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти иҷтимоӣ аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун.
Моддаи 21. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии экологӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии экологӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- меъёрҳои ниҳоии ҷоизи олудашавии муҳити зист;
- шароит барои маълумоти дақиқро оид ба ҳолати муҳити зист дастрас кардани шаҳрвандон;
- ба роҳ мондани истеҳсол ва истеъмоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза;
- тартиби ҷуброн кардани зарари ба саломатӣ ё молу мулки шаҳрвандон расонидашуда дар ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи таъмини бехатарии экологӣ.
Моддаи 22. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:
- ба шаҳрвандон расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ (аз ҷумла хизмати нотариалӣ);
- ҳифзи давлатӣ ва ҷамъиятии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони мол ва истифодабарандагони хизмат;
- ба шаҳрвандон ҷуброн кардани зараре, ки дар натиҷаи амалҳои нодурусти муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ расонида шудааст;
- маблағгузории муассисаҳое, ки ба шаҳрвандон оид ба ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоӣ ёрии  ҳуқуқӣ мерасонанд.
Моддаи 23. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи истифодаи механизмҳои андозбандӣ ва нархгузорӣ
Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи истифодаи механизмҳои андозбандӣ ва нархгузорӣ тартиби муқаррар намудани меъёрҳои андозбандии  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ҳамчунин фароҳам овардани имтиёзҳои андозии онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд.

БОБИ III. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 24. Мутобиқ намудани Қонуни мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Муқаррароти Қонуни мазкур барои таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои муқаррар ва истифода кардани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ асос мебошанд.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан дар соҳаи муқаррар намудани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ интишор шудаанд, то мутобиқ гардонидани онҳо ба Қонуни мазкур дар қисме татбиқ мешаванд, ки ба муқаррароти Қонуни мазкур мухолиф нестанд.
Моддаи 25. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии
Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 майи соли 2009, № 528

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2009, № 1293

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2009, № 648


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 956

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед