logo

фарҳанг

РЭПРО БОЯД ОМӮХТ

21 январи соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Рэп, рок, ҷазз. Заминаҳо, шакл, мазмун ва пешоҳангон» баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, раиси Иттифоқи композитирони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов, шоирону нависандагон, рэпсароёну мусиқишиносон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

 Ато Мирхоҷа зимни суҳбат доир ба паҳлуҳои мухталифи жанрҳои мусиқӣ, бавижа рэп сухан карда, аз ҷумла гуфт: «Пас аз соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар радифи соҳаҳои дигар ба соҳаи санъати мусиқӣ низ эътибори хоса дода, барои инкишофи жанри эстрада мусоидат кард. Аммо реп ҳамчун жанри мусиқӣ аз ҷониби санъаткорони касбӣ ҳанӯз дуруст шинохта нашудааст. Имрӯз ба рэп 90 дарсади ҷавонону наврасон майл доранд ва онро наметавон ҳамчун ангушти шашум ба буридан ҳукм кард. Ба ҷойи зери танқиду фишор қарор додани рэп онро бояд омӯхт, таҳлил  кард ва ба мусиқии худ бо перояи миллӣ ворид намуд».
Қудратулло Ҳикматов низ репсароёнро ба ҳамкорӣ даъват намуда  афзуд: «Рэп аслан моли мардуми сиёҳпӯсти амрикост, ки ҳамчун эътироз ва ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ дар кӯчаву хиёбони шаҳрҳои Амрико суруда шуд. Аммо расму оин ва фарҳанги мардуми тоҷик дигар аст. Мо бояд мусиқии миллӣ ва матни тоҷикиро дар рэп ҷо кунем. Барои сохтани мусиқии рэп Иттифоқи композитирони Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат ёрӣ мерасонад ва кӯшиш мекунад, ки оҳанги сурудҳо тоҷикӣ бошад».
Яке аз хусусиятҳои муҳими рэп аз он иборат аст, ки он ба зудӣ ба зеҳну мафкураи мардум ҷо мешавад. Аз ин сабаб, ба андешаи мо, ба матну оҳанги суруд эътибори ҷиддитар додан, боре ҳам бошад, аз назари  ҳунармандони ботаҷриба гузарондан, маслиҳатҳои онҳоро пазируфтан ва, аз ҳама муҳим, рисолати санъати асилро нигоҳ доштан, ҳам ба манфиати сароянда ва ҳам ба манфиати шунавандаву бинанда аст.
Аксари иштирокчиёни ҷаласа ба он назар буданд, ки рэпсароёни мо матнҳои орӣ аз маъно ва ҳатто таҳқиру дашномро ба матни он ҷой дода, боиси кундшваии завқи мардум мегарданд. Технологияи муосир бошад, барои тарғиби моли бесифати санъат чун воситаи муҳим хизмат карда истодааст. Баъзан вақт тариқи садову симо сурудҳое ба гӯш мерасанд, ки аз шунидани он кас дилгир мешавад.
Дар давоми ҷаласа рэпсароён аз маънову мазмун, сабабҳои баргузидани лақабҳои хориҷӣ ва аҳамияти жанри рэп сухан гуфтанд. Шаҳбоз Шарифов, ки бо лақаби «ШонМс» рэп месарояд, чунин ибрози назар кард: «Мо аз ин пас кӯшиш мекунем, ки матнҳои бомазмуни шоирони худро сароем ва хоҳиш мекунем аз Вазорати фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма, ки ҷиҳатҳои манфиатбахши рэпро низ ба мардум бирасонанд. Барои мо имконият диҳанд, ки дар барномаҳои садову симо иштирок намоем ва сурудҳои мо низ пахш гарданд».
Вазифаҳои дар боло тазаккурёфта, аз аҳли санъат, бавижа репсароён ба ҷуз аз ҳунари воло, инчунин донишу маърифат, мутолиаи васеъ ва масъулияти бузургро тақозо мекунад, зеро мусиқӣ аз қадимулайём чун воситаи муҳими тарбияи ҷомеа нақши бориз дорад.
Мувофиқи иттилои Ато Мирхоҷа аз 30 январи соли ҷорӣ дар назди Иттифоқи нависандагон курси маҳорат боз мешавад ва аз ҷумла рэпсароён метавонанд ройгон дар машғулиятҳо иштирок намоянд ва аз нозукиҳои шеър ва сухани мавзун огоҳ шаванд. Дарси маърифати суханро Искандар Ҳамроқулов мегузарад. Пешниҳоди дигаре, ки аз ҷониби аксарият қабул гардид, баргузор намудани озмуни беҳтарини рэп бо матни осори ниёгон ва шоирони муосир буд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2016    №: 17    Мутолиа карданд: 584

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед