logo

ҳуқуқ

БА КОНСТИТУТСИЯ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ВОРИД МЕГАРДАД

Дар ҷаласаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 22 январи соли равон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъйини раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рӯи ин масъала Ватанзода Маҳмадалӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур бо риояи талаботи моддаҳои 58 ва 99 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.
Рушди муттаасил ва сатҳи имрӯзаи ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри таъмини инкишофи  бемайлони  сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ такмил дода шаванд. Мақсади пешниҳоди лоиҳа мушаххас намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таҳкими масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, судяҳо, тартиби тафсири Конститутсия, мушаххас намудани салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Аз ҷумла, пешниҳод мегардад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо танҳо шахсе буда метавонад, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.
Бо назардошти таҳаввулоти босуръати рушди ҷомеа, татбиқи сиёсати давлатии  ҷалби бештари ҷавонон дар идоракунии давлатӣ пешниҳод мегардад, ки барои ишғоли мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлативу ҳукуматӣ шароит ва дастрасии беҳтар муқаррар карда шавад. Синни онҳо на кам аз 30 ва дорои таҳсилоти олӣ бошанд. Мувофиқи қисми 24 лоиҳа ба моддаи 65 қисми 5 илова карда шудааст, ки мутобиқи он маҳдудиятҳои дар қисми 4 моддаи 65 –и Конститутсия пешбинигардида, яъне маҳдудияти ду бор пай дар пай интихоб шудан ба мақоми президент нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад.
Инчунин, мутобиқи қисмҳои 19, 27, 34 ва 36 лоиҳа тартиби савганд ёд кардани аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат, судяҳо ва судяҳои Суди конститутсионӣ пешбинӣ мегардад.
Ба моддаи 69 - и Конститутсия, ки салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд, тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он сархати 12, яъне таъсиси Шӯрои адлия хориҷ мешавад. Вобаста ба барҳам додани Шӯрои адлия дар матни Конститутсия тағйироти дахлдор ворид мегардад.
Барои таъмини ваҳдату субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таъсири унсурҳои бегона, алалхусус равандҳои характери ифротгароиву бегонапарастидошта, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд,  пешниҳод мегардад, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсии давлатҳои хориҷӣ, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта манъ карда шуда, ба маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ роҳ дода нашавад.
Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ва истилоҳоту меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйиру иловаҳои пешбинишуда имкон медиҳад, ки меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ амал намуда, инкишофу ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
Дар маҷмӯъ тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба рушди ҷомеа мусоидат намуда, барои таҳким ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам намудани асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Ҳамин тариқ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсӣ“ барои муайян намудани мутобиқати тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2016    №: 17    Мутолиа карданд: 712

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед