logo

сиёсат

МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА СИЁСАТИ ПУЛИ МИЛЛӢ

22 январ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ машварати корӣ доир намуд.
Машварат бо иштироки Сарвазир, муовини якуми сарвазир, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоду молия, мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараён гирифт.
Зикр гардид, коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор роҳандозӣ мешавад.
Бо ишора ба таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон таъкид гардид, ки мубодилаи асъор бояд танҳо дар сарбонкҳо, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо сурат бигирад, то ин ки ба ҳар гуна қаллобию ҳаннотӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори бехабар аз манофеи миллию давлатӣ роҳ дода нашавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа, новобаста аз шакли моликият, бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. “Қурб бояд якто бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад”.
Ҳамчунин, таъкид гашт, ки тамоми амалиёти хариду фурӯш дар ҷумҳурӣ бояд танҳо бо пули миллӣ ба роҳ монда шавад. Супориш дода шуд, ки барои аз миён бурдани монеаҳои сунъии доираҳои манфиатдор нуқтаҳои бонкии мубодилаи расмии асъор зиёд карда шаванд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барои ба қонунгузории амалкунандаи низоми бонкӣ доир ба танзими асъор ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намоянд.
Тибқи дастури Сарвари давлат дар таҳрири нави Кодекси ҷиноятӣ ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузорӣ бояд ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои ба хориҷи кишвар баровардани ҳаҷми зиёди асъори байналмилалӣ ва барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ дар мамлакат пешбинӣ шавад.
Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки риояи талаботи қонунгузории кишварро дар ин самти дар шароити имрӯза басо муҳим таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои гуногуни беруна ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар дода шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2016    №: 17    Мутолиа карданд: 442

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед