logo

порлумон

ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ ТАҲТИ НАЗОРАТ ҚАРОР МЕГИРАД

- Яке аз сабабҳои ба роҳи нодуруст рафтани ноболиғон ва ҷавонон, ба ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ майл пайдо намудан ва шомил гардидани онҳо истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ ва гирифтани маълумоти ғаразнок ва зараровар мебошад, - иброз дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ».
Назар ба гуфтаи ӯ, Вазорати маориф ва илм лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дастгирӣ намуда, амали саривақтӣ медонад.
Вазири маориф ва илм зикр кард, ки пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва моддаҳои 7, 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бамаврид ва қобили дастгирист.
- Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намудани маълумот осон ва муносиб буда, муҳимаш онро бошуурона барои рушди мусбии шахс бояд истифода барем. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо наврасону ҷавонон бо сабаби беназоратӣ ва риоя накардани меъёри истифодаи шабакаи интернет онро бар зарари худ ва ҷомеа истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, назорат аз болои истифодабарандагони шабакаи интернет аз тарафи ноболиғону ҷавонон ба манфиати кор аст, - афзуд Нуриддин Саид.
Дар сурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба банди 4 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падар ва модар имконият пайдо мекунад, ки маълумоти заруриро оид ба фарзанди худ ҳангоми кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас намуда, назорати истифодаи  порталҳои шабакаҳои интернет ва дастрасии иттилооти ба ӯ расидаро таъмин намоянд.
Ҳамин тариқ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба банди 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз тарафи вакилон дастгирӣ ёфта, назорати истифодаи интернет аз ҷониби наврасону ҷавонон зери назари волидон қарор хоҳад гирифт.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2016    №: 18    Мутолиа карданд: 7846
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед