logo

ҳуқуқ

РАМАЗОН РАҲИМЗОДА: "699 НАФАР ДАР КОФТУКОБ ҚАРОР ДОРАД"

- Иштирок дар ҷангу муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз ин амалу рафторҳои нангини ба ҳаёту суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешанд, - иброз дошт Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилӣ, дар вохӯрӣ бо хабарнигорон.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 999 нафар шаҳрванди кишвар барои иштирок дар задухӯрди мусаллаҳонаи мамолики  хориҷӣ, хоса Сурия ва Ироқ, ба қайд гирифта шуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Аз ин шумора 156 нафар дастгир ва дар натиҷаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ 61 нафар ба Ватан баргардонда шуд.
Ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона 148 нафар ба ҳалокат расидааст. Айни замон аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 699 нафар дар кофтукоб қарор дорад.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои тарбиявӣ, вохӯрӣ бо падару модарон аз 3233 шаҳрванде, ки дар макотиби динии хориҷӣ ба таври ғайрирасмӣ таҳсил мекард, беш аз 3 ҳазор нафар ба Ватан баргардонда шуда, айни замон 228 нафари дигар боқӣ мондааст.
Раҳимзода Рамазон ба саволҳои зиёди хабарнигорон посух дода, аз ҷумла оид ба чорабиниҳои  амниятӣ дар Душанбе, ки рӯзи 24 январ ҷараён гирифт, изҳор дошт, ки минбаъд дар шаҳрҳои мамлакат аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ машқҳои омодабошии зиддитеррористӣ гузаронда мешавад ва аз чунин ҳолатҳо шаҳрвандон набояд хавотир бошанд.

Мунаввари САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2016    №: 18    Мутолиа карданд: 327

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед