logo

сиёсат

БАШОРАТ

АЗ РОҲСОЗӢ ТО АФЗОИШИ ТЕЪДОДИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР ДАР БАДАХШОН

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ мардум аз тариқи расонаҳои иттилоотӣ тамошо карданд. Васоити чопии ахбор, бахусус рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки Паёмро нашр карданд, таъҷилан ба Бадахшон расонда шуданд.

Дар Паёми имсола оид ба оғоз бахшидани бунёди қитъаи мушкилтарини роҳи Кӯлоб-Шӯрообод дар масофаи 32 километр ва Шкев- Қалъаи Хумб дар фосилаи 26 километр, шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб- Қулма муждаи фараҳбахш расид. Ин хушхабарро на танҳо сокинони Дарвоз, балки мардуми Бадахшон хуш пазируфтанд. Азнавсозӣ ва таҷдиди қитъаи роҳи дигари мушкилгузари 110 километраи Қалъаи Хумб - Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон низ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Сокинони ноҳияи Дарвоз боварии комил доранд, ки кӯшишу иқдомҳои Сарвари давлат Тоҷикистони азизро боз ҳам оботар месозад.
Бонуи соҳибкори муваффақ Қумушай Таҷаллиева дар қатори дигар сокинони ноҳияи Мурғоби баландкӯҳ изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар хусуси солҳои 2016 - 2017 муҳайё намудани 300 ҳазор ҷойи нави корӣ хабар дода шуд. Тавассути бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ боз садҳо нафар бонувон соҳиби ҷои кор мегарданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми худ оид ба бунёди иншооти нави энергетикӣ ва зиёд кардани иқтидори онҳо сухан ронд. Ҳоло корҳои лоиҳакашӣ дар бунёди неругоҳи барқи обии «Оқсу-2» ба анҷом расидаанд. Бонувони ин минтақаи дурдасти мамлакат бовар доранд, ки аз рӯи нишондодҳо ва ҳидоятҳои дар Паём зикршуда сохтмони ин неругоҳи барқи обӣ дар соли ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар Мурғоб низ корхонаҳои истеҳсолии бо барқ коркунанда сохта мешавад ва даҳҳо нафар занону духтарон соҳиби ҷои кор мегарданд.
- Ба ман муяссар гардид, ки меҳмонхонаи замонавии сеошёнаи дорои қариб ҳамаи шароит ва имкониятҳоро барои ронандагону мусофирон, меҳмонон ва сайёҳони хориҷие, ки аз тариқи шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб - Қулма сафар мекунанд бо маркази хизматрасонӣ бунёд кунам. Муваффақ шудам, ки понздаҳ нафар бонуи хонанишини тоҷик ва қирғизро дар ин қисмати шарқии Бадахшон бо ҷои кори доимӣ таъмин намоям. Бо раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия Майрам Ҷӯраева ба ҷавондухтарон касбу ҳунари коркарди пашму пӯст, дӯзандагӣ, ошпазӣ, қаннодӣ ва дар муҳити сарди Бадахшони Шарқӣ пешаи гулпарвариро омӯзондем. Ҳоло ҷавондухтарон дар бозор, маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Сари кӯл»-и соҳилҳои рӯди Оқсу кор карда истодаанд, - гуфт Қумушай Таҷаллиева.
Аз ҷониби Президенти кишвар ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва масъулони дигар супориш дода шуд, ки баҳри ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани занону духтарон ба пешаи соҳибкорӣ ва дигар касбу кор чораҷӯӣ намоянд. Бисёр занони Бадахшон чун Қумушай Таҷаллиева, Майрам Ҷӯраева ва Васила Ғафурова исбот хоҳанд намуд, ки бонувони кордони баландкӯҳ, бавижа музофоти Бадахшони Шарқӣ бунёдкору созандаанд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат ба тану ҷони занону бонувони ин минтақаи баландкӯҳ рӯҳу равони тоза бахшида, онҳоро беш аз пеш ба меҳнати фаъол ва муфиди ҷамъиятӣ ҷалбу дилгарм месозад.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2016    №: 18    Мутолиа карданд: 495

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед