logo

фарҳанг

АДАБИЁТ БОЯД ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШАД

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
 ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои
рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа

Дар шароити кунунӣ адабиёт ҷиҳати инъикоси муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа беш аз дигар навъҳои санъату фарҳанг бояд фаъол бошад. Зеро нуфуз ва таъсири адабиёт тибқи анъанаҳои беш аз ҳазорсола дар рӯҳиёти мардуми мо қавитар аз дигар навъҳои санъату ҳунар аст. Вазъи ҳар лаҳза тағйирёбандаи ҷаҳон, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ, фаъол гардидани ҳаракату ҷараёнҳои тундрав, густариши хурофот, таъсиру нуфузи фарҳанги бегона ва заиф гардидани маънавиёт миёни иддае аз шаҳрвандони кишвар аз ҳар адиб ва эҷодкор талаб менамояд, ки бештар ба мавзӯъҳои ҳифзи амнияти давлатӣ, муқаддас донистани Ватан, якпорчагии Тоҷикистони азиз, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дахл карда, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ ва ризояти миллӣ тарбия намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳар суханронӣ ва вохӯриҳо бо шаҳрвандони мамлакат ба ин проблемаҳо ишора карда, аҳли ҷомеаро ба зиракӣ ва ҳушёрӣ даъват менамояд ва дар баробари ин масъалаҳои тарғиби ғояҳои ватандӯстона, эҳтирому садоқат ба рамзҳои давлатӣ, муқаддас донистани Тоҷикистони азиз, инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ташвиқи ғояҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва амсоли инҳоро махсус таъкид мекунад. Ҳамзамон, адибон ва дигар намояндагони аҳли фарҳангро даъват менамояд, ки бештар ба мавзӯъҳои актуалӣ диққат дода, манфиат ва дастовардҳои миллиамонро таҷассуми бадеӣ ва ҳунарӣ бахшанд. Вобаста ба ин Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат таъкид кард, ки: “Бояд таблиғоти ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор гирад”.
Воқеан, дар муддати бисту панҷ соли истиқлолият Тоҷикистони азиз бо сарварии Роҳбари хирадманд ва фарҳангдӯсташ - Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки як қисми он дар офаридаҳои адибони тоҷик воқеъбинона тасвир ёфтаанд.
Дар ин муддат бунёд ёфтани як қатор иншооти азим, шоҳроҳҳои бузург, корхонаҳои саноатӣ, муас-сисаҳои нави соҳаҳои иҷтимоӣ ва садҳо корҳои дигари шоиста боиси баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум гардид ва ба тафаккуру зеҳни аҳли ҷомеа низ таъсири мусбат расонид. Ҳамчунон, ба хотири арҷ гузоштан ба таърих ва мероси миллию фарҳангӣ аз ҷониби Сарвари давлат ташаббусҳои шоиста амалӣ шуда, ҳар кадоми он барои рушди тафаккури миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат намуд.
Гарчанде адибони тоҷик дар асоси муваффақиятҳои даврони истиқлолият асарҳои зиёди бадеӣ ва публисистӣ офаридаанд, то ҳол онҳо талаботи Роҳбари давлатро пурра фарогир нестанд. Чунончи, оид ба мавзӯи истеҳсолӣ Бахтиёр Муртазо романи «Нақби Истиқлол», Шералӣ Мӯсо романи «Мардистон», М. Хоҷазод романи «Барқи дили Сангтӯда», Р. Аҳмад қиссаи «Нури Роғун» ва М. Амиршо қиссаи «Роғун»-ро офарида бошанд ҳам, дар баъзе аз ин қиссаву романҳо мавзӯи истеҳсолӣ пурра кушода нагардида, ҳаёти сохтмончиён, рӯзгори онҳо ва мушкилоти сохтмонҳои аср ҳамаҷониба таҷассум наёфтаанд. Инчунин ҷанбаи тасвирию бадеии баъзе қисматҳои асарҳои мазкур заиф буда, шахсияти персонажҳо ҳамаҷониба кушода нагардидаанд. Ба мавзӯи истеҳсолӣ шоирон Мирзо Файзалӣ, Ҳоҷӣ Мурод, Аҳмадҷон Раҳматзод, Ҳикмат Раҳмат, Озарахш низ дахл намуда, заҳмати нақбканҳо ва сохтмончиёни шоҳроҳҳои кишварро васф намудаанд. Аммо дар ин шеърҳо низ баъзе паҳлуҳои фаъолияти коргарон ва ҷасорату корнамоиҳои онҳо васеъ тасвир наёфта, аҳамияти ин сохтмонҳо барои халқ пурра ифода нагардидаанд.
Дар ин давра доир ба мавзӯи истеҳсолӣ очерку мақолаҳои публисистии зиёд низ чоп шуда бошад ҳам, қисми зиёдашон бинобар дурусту возеҳ тасвир накардани проблемаҳои ҷойдошта дар адабиёти даврони истиқлолият мавқеъ пайдо накарданд. Очеркҳои индавраина мисли очеркҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, Бахтиёр Муртазо, Раҷаб Мардон, Мутеулло Наҷмиддинов дар миёни хонанда ва ҷомеа баҳсҳоро ба миён наоварданд. Ҳамзамон, дар бештари ин очеркҳо проблемагузорӣ мушоҳида нашуда, дар онҳо рафти бунёди сохтмон ва ҳаёти коргарон сатҳӣ нақл мешаванд.
Дар даврони истиқлолият вобаста ба мавзӯи истеҳсолӣ дар жанри достон ягон асари ҷолиб пайдо нашуд. Ҳол он ки дар солҳои 70-80-уми асри гузашта аксари шоирони мо тавассути ин жанр ҳаёти муосирон ва бунёди иншоотҳои кишварамонро васф намуда, дар ин ҷода хидмати устодон Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Ш. Ёдгорӣ, С. Маъмур, Ҳ. Ғоиб, Ш. Бунёд назаррас мебошанд.
Ҳоло ҳам баъзе шоирони шинохтаи мо қобилияти навиштани достонро дар инъикоси мавзӯи истеҳсолӣ доранд, аммо бо сабабҳои номаълум ба ин мавзӯъ даст назада, камҷуръатӣ менамоянд ва аз пешрафти Тоҷикистон дар ин давра бо таълифи шеъру манзума ва рубоиву дубайтӣ қаноатманд мебошанд.
Вобаста ба ин адибони моро зарур аст, ки ба мавзӯи истеҳсолӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва нақши коргарон ва маҳсули заҳмати онҳоро васеътар тасвир созанд. Дар баробари ин оид ба аҳамияти иншоотҳои азим, нақши онҳо дар дигар гардидани ҳаёти мардум изҳори назар намуда, ба ин восита хонандаи имрӯзаро бо дастовардҳои азими Тоҷикистон шинос намоянд. Дар ин бора Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело ба маврид ишора намудааст: “Мутаассифона, таърихи навини давлатдории мо дар марзи ду аср ва умуман таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона арзёбӣ нашудааст”.
Ҳамин нигоҳи танқидӣ ба адабиёт шоирон ва нависандагони тоҷикро вазифадор месозад, ки сари ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва барои боз ҳам бештар инъикос кардани муаммоҳои иҷтимоӣ ва маънавии замони истиқлолият тадбир андешанд. Мо, адибони соҳибзавқ ва соҳибҳунари хуб зиёд дорем. Онҳо метавонанд, ки дар мавзӯъҳои мухталифи даврони истиқлолият асарҳои ҷолиб офаранд, барои такмили жанрҳои адабӣ талош намоянд ва рӯҳияи созандаи мардумро бо ҳамаи дастовардҳояш васф кунанд. Фикр мекунем, ки Иттифоқи нависандагонро лозим меояд, ки диққати адибоне мисли Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар, Низом Қосим, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Муҳиддин Хоҷазод, Меҳмон Бахтӣ, Кароматулло Мирзоев, Саттор Турсун, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самадов, Муҳтарам Ҳотам, Алимуҳаммад Муродӣ, Мансур Сурӯш ва адибони насли ҷавонтар амсоли Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Рустами Ваҳҳоб, Ато Мирхоҷа, Фарзона, Давлат Сафар, Хайрандеш, Сиёвуш, Абдулқодири Раҳим, Гурез Сафар, Файзи Ашӯр, Озарахш, Озар, Давлати Раҳмониён, Юнус Юсуфӣ, Диловари Мирзо, Сайидаҳмади Зардон, Равшан Махсумзод, Усмон Билолӣ, Раънои Мубориз, Рӯдобаи Мукаррам ва дигарронро ба инъикоси масъалаҳои мубрами даврони истиқлолият ҷалб созад ва ба онҳо мавзӯи барномавии адабӣ пешниҳод намояд. Адибони мазкур на танҳо аз уҳдаи инъикоси ин мавзӯъҳо ба хубӣ мебароянд, балки асарҳои ҷолиби ба замон мувофиқ офарида, дар тарбияи маънавии ҷомеа таъсири амиқ расонда метавонанд. Адибони насли ҷавонтар низ ин қобилиятро доранд ва метавонанд адабиёти моро бо интихоби мавзӯъ ва жанрҳои нави адабӣ боз ҳам пешрав намоянд. Дар ин роҳ танҳо эҳсоси масъулият ва маҳорати хуби эҷодӣ зарур мебошад.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки замони муосир дар назди шоирону нависандагони мо вазифаҳои нав мегузорад, ки ба назари мо умдатаринашон инҳо мебошанд:
• тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, муқаддас донистани марзу буми Тоҷикистон, садоқат ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ;
• возеҳ тасвир намудани анъанаҳои миллӣ, ҷашнҳои давлатӣ, хислату характери мардуми тоҷик ва дар ин замина таҷассуми табиати афсунгари Тоҷикистон;
• инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ;
• баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ дар миёни ҷомеа;
• инъикоси амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ;
• мубориза ба муқобили хурофот, бегонашавии фарҳанг ва гирифтани пеши роҳи ҷавонон аз дохилшавӣ ба ҷараёну ҳаракатҳои тундрав;
• инъикоси рӯйдодҳои муҳими таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• таҷассуми тавлиди корхонаҳои азим, иншоотҳои бузург ва аҳамияти шоҳроҳҳо дар мамлакат;
• таҷассуми ҳаёти деҳот, рӯзгори мардуми он ва нақши онҳо дар беҳдошти дастархони халқи мамлакат;
• инъикоси ҳаёти зиёиён, бахусус омӯзгорону табибон ва аҳли фарҳанг дар осори адабӣ;
• таҷассуми нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мамлакат.
Ба масъалаи охирон аз нигоҳи воқеият муносибат бояд намуд ва набояд ба таҳриф роҳ дод. Адибони моро зарур аст, ки дар доираи хидматҳои шоистае, ки Президенти мамлакат барои халқи азизаш ба анҷом расондааст, чеҳраи ӯро дар адабиёт тасвир созанд. Онҳо бояд ташаббусҳои шоистаеро, ки Роҳбари давлат баҳри сулҳу субот, бунёдсозиву ободкорӣ ва рушди мамлакат амалӣ кардааст, ба тасвир кашанд ва ба онҳо перояи бадеӣ дода, ин офаридаҳоро бо мақсади тарғиби худшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандорӣ истифода намоянд. Дар чунин ҳолат дастовардҳои даврони истиқлолият бештару беҳтар тасвир ёфта, симои бадеии Роҳбари давлат ҳамчун Пешвои миллат дар алоқамандӣ бо ин рӯйдоди таърихӣ вориди адабиёт ва жанрҳои мухталифи адабӣ мегардад.        
Бояд гуфт, ки дар ин давра дар таҳаввул ва ташаккули жанрҳои адабӣ низ кам тағйирот ба назар мерасад. Дар ин солҳо дар назм бештар рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, қитъа рушд намуда, бештари адибон дар ҳамин навъи адабӣ шеърҳои худро эҷод карданд ва қисме аз адибон дар ин роҳ муваффақ ҳам гардиданд. Аммо жанрҳои қасида, мусаммат, мухаммас, мустазод, тарҷеъбанду таркиббанд, сонет кам рушд намуда, адибон ба ин навъи жанрҳо кам даст задаанд. Достон дар ин давра, мутаассифона, дуруст рушд накард. Ҳол он ки адибони достоннавис дар миёни шоирони тоҷик кам нестанд. Ба истиснои якчанд достони таърихӣ, дар мавзӯи муосир достони назаррасе арзи ҳастӣ накард.
Агар шеър каломи муқаффою мухайял ва ороиши бадеӣ бахшидан ба калимот бошад, дар баъзе шеърҳо тахайюлот, муҳокот ва интихоби таъбирҳои шоирона ва образҳои нозуки таъсирбахш кам ба мушоҳида расида, дар интихоби таъбирҳо ба саросемагӣ роҳ дода мешавад ва ин ҳама муҷиби заиф гардидани муҳтавои шеърҳо ва коста гардидани бадеияти онҳо шудаанд. Дар лирикаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ин ҳолат бештар ба назар мерасад.
Манзарасозӣ, образофаринӣ ва тасвирҳои пурмуҳокот танҳо дар шеъри сафед ва ё ба таъбири дигар дар шеъри нав зиёдтар гардидааст. Шоироне, ки ин навъи шеъриро интихоб кардаанд, кӯшиш менамоянд, ки бо таъсири ашъори Нимо, Фурӯғ, Суҳроби Сипеҳрӣ, Нодири Нодирпур, Восифи Бохтарӣ, Бозор Собир ва дигарон таъбирҳои нав офаранд ва бо ин роҳ эҳсосоти равонии худро баён созанд.
Дар насри бадеӣ бошад, бештар жанрҳои очерк, ҳикоя, қисса, роман, романи таърихӣ фаъол гардиданд. Дар ин давра эссе, очеркҳои проблемавӣ, сафарномаҳо, памфлет, фелетон, камтар ба мушоҳида мерасанд. Дар жанрҳои драмавӣ асосан драмаҳо маъмул гардида, жанрҳои дигар, аз қабили мазҳака, фоҷиа, мелодрама, водевил, инсенировка, либретто, киносенария ниҳоят кам ба назар мерасанд. Ҳатто навиштани радиоинсенировка кам шуда, ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намегардад. Ҳол он ки радиои тоҷик, умуман радиоҳои мустақилу ғайриҳукуматӣ метавонанд дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагон аз ҳисоби адибони заҳматкаш асарҳои шоирону нависандагони гузаштаву муосир ва адибони ҷаҳонро дар ин жанр омода карда, пешкаши шунавандагон намоянд.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки адибони тоҷик дар ду даҳсолаи охир дар интихоби баъзе мавзӯъҳо, аз ҷумла мавзӯъҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ соҳиби дастовардҳо гардидаанд. Нависандагони шинохтаи мо Саттор Турсун, Кароматулло Мирзоев, Абдулҳамид Самадов, Урун Кӯҳзод, Меҳмон Бахтӣ, Сайф Раҳимзод, Баҳманёр, Ҷонибек Акобиров, Аброри Зоҳир ва дигарон дар якчанд қисса ва романҳои худ мавзӯи мазкурро асоси тасвири бадеии хеш қарор дода, як қатор муаммоҳои ҳаётиро, ки дар муносибати ҳамдигарии одамон ба назар мерасанд, ҳаллу фасл намудаанд. Махсусан, анъанаҳои некеро, ки дар миёни халқи тоҷик роиҷанд, бо диди тоза дар рафтору гуфтори персонажҳо таҷассум бахшиданд, арзишҳои умдатарини ҳаётӣ, эҳтироми бузургсолон ва расидан ба қадри ҳамдигар, инчунин арҷ гузоштан ба мақому манзалати инсонро васф намудаанд.
Дар ин давра мавзӯи таърихӣ низ ҳамчун ҷузъи мавзӯи худшиносӣ дар адабиёти тоҷик ҷойи назаррас гирифт. Адибони тоҷик Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Барот Абдураҳмон, Ато Ҳамдам ва дигарон дар ҳикоя, қисса ва романҳои худ ба масъалаҳои муҳими таърихи халқи тоҷик дахл карда, дар симои фарзандони бонангу номуси миллат шуҷоат, матонат, далерӣ, сабурӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ доштани онҳоро тасвир намуданд. Бо ин восита боз саҳифаҳои норӯшани таърих ифшо шуда, як қатор масъалаҳои таърихӣ бо муаммоҳои имрӯза алоқаманд ба риштаи тасвир кашида шуданд.
 Мутаассифона, дар адабиёт ҳикояҳои лирикӣ, қиссаҳои психологӣ, романҳои андешаю фалсафӣ кам гардидааст. Бештари қиссаву романҳое, ки дар ин давра таълиф гардидаанд, бо услуби қисса андар қисса ва ё тавассути таҳкияи ровӣ баён шуда, шакли сужасозиашон анъанавӣ мебошад.
Мавзӯи деҳот ва проблемаҳои он, ки дар адабиёти то истиқлолият ҷойи намоён дошт, дар ин давра заиф шуда, муаммоҳои ҳаёти деҳот дар асарҳои адибон кам тасвир ёфтанд, заҳмати шабонарӯзии деҳқонон, кӯшиши онҳо дар бунёди боғҳо, токзор кардани майдонҳои лалмӣ, ба ободкорию бунёдкорӣ машғул шудани аксарият, ба мардум сарварӣ карда тавонистани фаъолони деҳот ва боз чанде аз амалҳои созандаи онҳо, ки маҳсули даврони истиқлолият мебошанд, таҷассуми бадеии худро наёфтаанд. Ҳол он ки дар ин давра симои баъзе маҳалҳою деҳот ба куллӣ тағйир ёфта, одамонашон ба меҳнати аҳлона камар баста, ҷӯю каналҳо сохтанд, даштҳои ноободро обод карданд, дастархони халқро фаровон намуданд ва фарзандонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, касбомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ тарбия карда, солиму саломат ба воя расонида истодаанд. Ин кӯшишҳои некбинонаи мардуми деҳот дар адабиёт бояд тасвир ёбад ва зиндагии осоиштаи онҳо дар асарҳои бадеии адибони тоҷик ҳар чи бештар инъикос гардад.
Мавзӯи истеҳсолӣ низ беҳбудӣ хоста, адибонро зарур аст, ки меҳнати коргарони тоҷикро дуруст тасвир намоянд. Дар давраи истиқлолият аз ҳисоби мардуми Тоҷикистон насли нави коргарон ба воя расид, аз ин миён мутахассисони варзида ва муҳандисони дақиқкор пайдо гардиданд, ки истеҳсолотро роҳбарӣ менамоянд, корхонаҳои хурду миёна бунёд ва технологияи нав ворид мекунанд, коллективҳои меҳнатиро пеш бурда, бо рафтору гуфтор, донишу ҷаҳонбинии худ сарварони шоиста мебошанд. Фаъолиятмандии ин табақаро дар адабиёт тасвир накардан ҳеҷ мумкин нест. Аммо дар бисёри асарҳои дар ин мавзӯъ эҷодшуда ҳамин хусусияти ташаккули коргари тоҷик ва ба дараҷаи симои барҷастаи бадеӣ расидани онҳо кам мушоҳида мешавад.
Мавзӯъҳои мубориза ба муқобили хурофот, хушунат, зӯроварӣ, танқиди зоҳирпарастӣ, бегонапарастӣ, коста шудани баъзе анъанаҳои миллӣ ва, умуман, ошкор кардани нуқсонҳои манфии ҷомеа аз мадди назари адибон дур монда, дар ин мавзӯъҳо асари ҷолиби таъсирбахш кам пайдо шудаанд. Ҳол он ки масъалаҳои мазкур дар шароити кунунӣ ниҳоят мубрам ба ҳисоб рафта, ҷомеаи моро ба қафо мекашанд, садди роҳи пешрафти фарҳангу маърифат мегарданд ва ба ҳаёти осоиштаи мардум халал ворид месозанд. Дар ҳамин асос адибонро зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас баробари дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ масъул бошанд ва асарҳои пурмазмуни ба замон мувофиқи тарбиявие таълиф намоянд, ки ҷиҳати хуб ба камол расидани кӯдакон мусоидат намоянд ва онҳоро соҳибфарҳангу соҳибмаърифат гардонанд.
Адабиёти тоҷик ба зоти худ адабиёти ахлоқӣ-маърифатӣ мебошад. Дар ҳама давру замон пояи ин адабиётро ба камол расонидани инсони хайрхоҳ, ҳимматбаланд, таҳаммулгаро ва ватандӯст ташкил медод ва тарбияи ин гуна шахс бар дӯши адабиёт вогузор гардида буд.
Аз ин рӯ, дар шароити муосир, вобаста ба сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат вазифаи аввалиндараҷаи адабиёти тоҷик ва адибони моро бояд тарғиби суннатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, ташаккули тафаккури миллӣ, зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди тоҷик ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ташкил дода, муқаддас донистани ҳар пора хоки Тоҷикистон, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи тамоми сокинони ин сарзамини пурфайзи саховатпеша ташкил дода, мароми боэътимоди шоирону нависандагон, умуман аҳли эҷод қарор гирад. Зеро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки “Адабиёт ҳамчун ҷавҳари ташаккулдеҳи рӯҳи инсон дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад”. Дар ин ишораи пурмуҳтаво аввалан, возеҳу равшан мақоми адабиёт ҳамчун ҷузъи эстетика муайян шуда, сониян, нақши бузург доштани адабиёт дар тарбияи маънавии ҷомеа қайд гардидааст. Ин хулосаи Роҳбари давлат адибони тоҷикро бори дигар вазифадор месозад, ки ҳаёти воқеии халқро тасвир намуда, дар тарбияи ахлоқии ҷомеа нақши бевосита гузоранд.
Бовар дорем, ки адибони мо ҳамқадами замон будани худро исбот намуда, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда сарбаландона мебароянд ва дар тарбияи инсони муосири қавииродаву ватандӯст ҳиссаи хешро мегузоранд.
(Бознашр аз ҳафтаномаи  «Адабиёт ва санъат»)


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2016; 28.01.2016    №: 18, 19    Мутолиа карданд: 1024

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед